Таъиноти кадрӣ30-03-2016, 12:10
Хабарро хонданд: 318 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид намуд.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир аз вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ Иззатуло аз ин вазифа озод ва ба вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд, Ятимзода Акбар Табар аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ озод карда шуд. Раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Аҳмадзода Раҷаббой аз вазифааш озод ва ба вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд ва Шарифзода Шариф Файз аз вазифаи раиси шаҳри Роғун озода гардида, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин гардид. Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” таъин карда шуд. Инчунин бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуб Борон аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва Файзуллозода Қурбоналӣ - директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. prezident.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.