Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе мошини агентии зидди фасодро дуздиданд

Дар Душанбе мошини агентии зидди фасодро дуздиданд

31-03-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 447 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе мошини агентии зидди фасодро дуздиданд
Як сокини Душанбе бо айби дуздидани мошини Агентии назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд. Мақомот мегӯянд, Абдулло Гарбонов ба фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳои дуздидашуда машғул буд. Сокини 25-солаи Душанбе Абдулло Гарбонов дар пурсуҷӯи пешакӣ дар дуздии боз шаш мошини дигар иқрор шуд.

Мошини Агентии назорати молӣ ва мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ҳафтае пеш дар Душанбе дуздида шудааст.

Ба иттилои як манбаъ дар ВКД Тоҷикистон, мошинро дар ҳоле ошкор кардаанд, ки рабоянда дарҳои онро ҷудо ва зери ҳезум пинҳон кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар манзили Гарбонов ҳамчунин қисмҳои эҳтиётии чанд мошини дигар пайдо гардидааст.

"Ин ҷавон худ устои мошин аст ва баъд аз дуздии мошин қисмҳои онро ҷудо карда, сипас мефурӯхт", - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи ВКД рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки кормандони милитсия зимни амалиёти кофтукобӣ муайян карданд, ки ба дуздии мошинҳо як гурӯҳи панҷнафарӣ даст дорад. Дар хабар зикр шудааст, ин гурӯҳ дар тӯли соли гузашта ва моҳҳои аввали соли ҷорӣ ба дуздии мошинҳо дар шаҳри Душанбе ва атрофи он машғул будааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: