Ҳушдори КҲФ ба сокинони кишвар30-03-2016, 14:50
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меҳмонону сокинони кишвар даъват кардааст, ки тайи чанд рӯзи охир аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.
Манбаъ мегӯяд: аз 31 март то 2 апрели соли 2016 ҳаво дар миқёси ҷумҳурӣ ноустувор гардида, боришоти борон, ба амал омадани раъдубарқ, боридани жола, дар доманакӯҳҳо омадани сел, фаромадани тарма, сангрез ва ярч пешгӯӣ шудааст. Бинобар он, аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра аз рӯи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.