Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пентагон марги Умар Шишониро тасдиқ мекунад

Пентагон марги Умар Шишониро тасдиқ мекунад

28-03-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 0
Пентагон марги Умар Шишониро тасдиқ мекунад
Бино бар иттилои намояндагони Пентагон, яке аз фармондеҳони аршади гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" (ДИ), ки бо лақаби Умар Чеченӣ машҳур буд, аз захмҳое, ки дар пайи зарбаҳои ҳавоии амрикоӣ бардошт, фавтидааст.

Зодаи Гурҷистон Умар Шишонии чечентабор рӯзи 4 март аз зарбаҳои ҳавоие, ки дар шимолу шарқи Сурия анҷом шуд, захм бардошт. Ӯро дар яке аз бемористонҳои шаҳри Раққа бистарӣ карданд.

"Мо бар ин назарем, ки вай аз захмҳои бардоштааш фавтидааст", - гуфтааст Ҷефф Дэвис, сухангӯи Пентагон ба хабаргузории France-Presse. Созмони Syrian Observatory for Human Rights рӯзи 13 март ба France-Presse хабар додааст, ки Шишонӣ давоми чанд рӯз дар "марги клиникӣ" қарор дошт ва тавассути дастгоҳ нафаси сунъӣ мегирифт.

Тархан Батирашвилӣ, ки бо лақаби Шишонӣ бештар маъруф аст, пештар дар сафи нерӯҳои низомии Гурҷистон хизмат мекард. Вай дар соли 2012 ба ДИ пайваст ва аз фармондеҳои бомаҳорати ин гуруҳ ба шумор мерафт. Шишонӣ дар рӯйхати афроде, ки аз сӯи ИМА ҷустуҷӯ мешаванд, дар шумори аввалинҳо буд. Барои сари вай 5 миллион доллар ҷоиза эълон шуда буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: