“Вазири ҷанг"-и "Давлати исломӣ" эҳтимолан кушта шудааст10-03-2016, 14:23
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
Намояндаҳои Пентагон ба хабаргузориҳои амрикоӣ гуфтаанд, ки яке аз фармондеҳони воломақоми гурӯҳи террористии ДИ Умар аш-Шушонӣ ё Чеченистонӣ мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ дар шимолу шарқи Сурия қарор гирифтааст.
Тибқи иттилоияи ғайрирасмии аввалия, якҷо бо аш-Шушонӣ, ки аз вай ба унвони “вазири мудофиаи” ДИ ном мебаранд, дувоздаҳ ҷангҷӯ кушта шудаанд. Сухангӯи Пентагон Шушониро “раҳбари дар ҷангҳо озмудашуда” ва дорои таҷрибаи бойи ҳарбӣ дар Ироқ ва Сурия номид. Номи вай дар рӯйхати ҷангиёни хатарноктарини созмони террористӣ ҷой дода шудааст. Барои иттилое, ки ба боздошт ё маҳви вай кумак мекунад, 5 миллион доллар ҷоиза ваъда шудааст. Аш-Шушонии 30-сола ҳамчунин бо лақаби “Умари Чечен” маъруф буда, зодаи Гурҷистон аст. Б гуфтаи намояндаи Пентагон, агар хабари маҳви вай тасдиқ шавад, “ин кор ба имкониятҳои ДИ барои ҷалби ҷангиёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Чеченистон ва минтақаи Кавказ таъсир расонида, зарфияти ДИ дар анҷоми ҳамлаҳо ва ҳимояи шаҳрҳои Раққа дар Сурия ва Мавсул дар Ироқро камтар мекунад”. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.