Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад

Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад

Вчера, 08:33
Хабарро хонданд: 28 нафар
Назарҳо: 0
Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад25 май дар доираи чорабиниҳои канории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» (25-28 май) Форуми байналмилалии «Занон ва об–2026» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи асосии форум таъсиси платформаи байналмилалии сатҳи баланд барои бартараф намудани нобаробарӣ дар соҳаи об, тақвияти иштироки занон дар қабули қарорҳо ва таҳкими нақши онҳо дар маблағгузорӣ ва татбиқи инноватсияҳо дар бахши об мебошад.

Барномаи форум аз се ҷаласаи панелӣ иборат мебошад. Зимни ҷаласаҳо масъалаҳои таъсиси механизмҳои мақсадноки молиявӣ барои занони соҳибкор, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ барои қонеъ намудани ниёзҳои хоси занон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Иштирокчиён ҳамчунин масоили ҳамгироии баробарии гендериро ба стратегияҳои миллии об, механизмҳои идоракунии захираҳои об дар ҳама сатҳҳо, ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва илмӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими ҳамкории фаромарзӣ муҳокима менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз 25 то 28 май дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки дар сатҳи миллӣ аз соли 2018 то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид се Конфронси байналмилалии сатҳи баланд (солҳои 2018, 2022 ва 2024) дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Ин силсилаконфронсҳо, ки «Раванди оби Душанбе» ном гирифтаанд, ба майдони устувор барои баррасии масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, санитария ва тағйирёбии иқлим табдил ёфтаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: