Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МУҲЛАТИ НОМНАВИСӢ БА КОНФРОНСИ ДУЮМИ ОБИ ДУШАНБЕ ТО 20 МАЙ ТАМДИД ГАРДИД

МУҲЛАТИ НОМНАВИСӢ БА КОНФРОНСИ ДУЮМИ ОБИ ДУШАНБЕ ТО 20 МАЙ ТАМДИД ГАРДИД

6-05-2022, 07:00
Хабарро хонданд: 131 нафар
Назарҳо: 0
МУҲЛАТИ НОМНАВИСӢ БА КОНФРОНСИ ДУЮМИ ОБИ ДУШАНБЕ ТО 20 МАЙ ТАМДИД ГАРДИД

Бино бар дархости ҳайатҳои расмии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид муҳлати номнависӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе то 20 майи соли 2022 тамдид карда шуд. Дар ин бора дар нишасти дуюми тадорукотию ташрифотӣ, ки 4 май таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва бо ҳузури роҳбарияти мақомоти узви Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор шуд, таъкид гардид .
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Дар нишасти навбатӣ ҷонибҳо раванди татбиқи натиҷаи ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми оби Душанберо, ки 12 апрели соли 2022 таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ намуданд. Ҳамчунин раванди омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои Конфронси дуюми Душанбе, аз ҷумла танзими намоишгоҳ, форумҳои пешазконфронсӣ, Марафон бо иштироки хонуми австралиягӣ Мина Гулӣ, яке аз давандҳои машҳур дар пешбурди масъалаҳои об, Фестивали оби Душанбе, экскурсияҳо, намоиши «Ҳақиқати виртуалӣ» (Virtual Reality, VR) дар мавзӯи “Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об” ва ғайра муҳокима гардида, дар зимн зарурати таҳкими раванди татбиқи вазифаҳои муштарак таъкид шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути пешбурди масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва пешниҳоди қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид оид ба ин масъалаҳо ҳамчун кишвари ташаббускору пешсаф эътироф шуда, саҳми босазои худро дар ин раванд мегузорад.
Ҳоло Конфронси дуюми оби Душанбе дар доираи татбиқи ташаббуси чоруми Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” барпо шуда, он ҳамчун чорабинии муҳими ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 (Ню-Йорк) пешбарӣ мешавад.
Дар ҳолати имрӯза тавассути торнамои конфронс беш аз 1000 нафар даъватшудагон иштироки худро таъйид карданд. Бино бар дархости ҳайатҳои расмии кишварҳои узви СММ, муҳлати номнависӣ то 20 майи соли 2022 тамдид карда шуд. Номнависии тамоми ширкаткунандагон, аз ҷумла ҳайатҳои расмӣ дар Конфронси дуюми оби Душанбе тавассути пайванди www.dushanbewaterprocess.org/registration/ ҳатмӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 6-9 июни соли 2022 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: