Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Душанбе Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад

Дар Душанбе Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад

14-05-2025, 15:40
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 1
Дар Душанбе Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад29 май дар доираи чорабиниҳои канории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардида, Муколамаи занони Осиёи Марказӣ-2025, ки имсол раёсати онро Ҷумҳурии Тоҷкистон бар зимма дорад, расман оғоз мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадаф аз баргузории ин форум баланд бардоштани нақши занон дар ҳалли мушкилоти иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, роҳбарии занон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи экология ва рушди устувор мебошад.

Дар форум ба таъсири тағйирёбии иқлим ба занону духтарон, бахусус дар деҳот ва кӯҳистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Форум барои табодули таҷриба, муколама ва муттаҳидсозии талошҳои занон дар ҳалли масоили мубрам вобаста ба тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об заминаи устувор мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» 29 май дар Китобхонаи миллӣ дар чаҳорчӯбаи ташаббуси панҷуми байналмилалии Тоҷикистон дар самти об доир ба эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» гузаронида мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
TommySaf 3 июня 2025 17:45
Отличный товар. Покупал на свою газель. Остался доволен. Проблем нет.
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: