Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Моҳи апрел Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ баргузор мешавад

Моҳи апрел Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ баргузор мешавад

11-02-2026, 13:16
Хабарро хонданд: 22 нафар
Назарҳо: 0
Моҳи апрел Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ баргузор мешавадАз 23 то 25 апрел дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшо Раҳмонализода 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз шуд, ки намоишгоҳ дар доираи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноаткунонии босуръати мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мақсади он муаррифӣ намудани молу маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи сифатнокии он мебошад.

Дар назар аст, ки дар намоишгоҳ маҳсулоти косметикӣ, таҷҳизоти косметологӣ, маҳсулоти нигоҳубин ва гигиенӣ, витаминҳо, ғизои варзишӣ, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ, маҳсулоти дорусозӣ, таҷҳизоти лабораторӣ, таҷҳизоти дорусозӣ, лабораторӣ, тиббӣ, ташхисӣ, технологияҳо ва таҷҳизоти коркарди гиёҳҳо, асбоби тиббӣ, доруҳои тайёр, маҳсулоти ортопедӣ ва протезҳо аз ҷониби ширкатҳои ватанию хориҷӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта шаванд.

Муаррифии молу маҳсулот дар чунин намоишгоҳҳо ба боз ҳам беҳтар гардидани робита байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда мусоидат намуда, барои таъмини аҳолии мамлакат бо дору, молҳои тиббии дорои сифати ҷаҳонӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас заминаи мусоид мегузорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: