Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аз 2 то 4 ноябр дар Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ доир мегардад

Аз 2 то 4 ноябр дар Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ доир мегардад

30-10-2023, 10:13
Хабарро хонданд: 497 нафар
Назарҳо: 0
Аз 2 то 4 ноябр дар Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ доир мегардадАз 2 то 4 ноябр дар доираи Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон – 2023» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад. Дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 30 ширкати ватанӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Маросими расмии кушодашавии Намоишгоҳ 2 ноябр, соати 09:00 бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон ва меҳмонони хориҷӣ доир мегардад.

Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» аз ҷумлаи намоишҳои бузургмиқёсе аст, ки давоми 10 сол тамғаҳои миллиро муайяну қадрдонӣ менамояд. Ин чорабинӣ дар заминаи сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар Тоҷикистон амалӣ гардида, мақсади он дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тарғиби маҳсулоти онҳо дар мамлакат ва берун аз он мебошад. Ин иқдом ба он мусоидат намуд, ки тамғаи корхонаҳо шинохта шуда, маҳсулоташон ташвиқ ва доираи харидоронашон зиёдтар гардад.

Бояд гуфт, ки ин лоиҳа аз ҷониби Оҷонсии таблиғотии «Тайрон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оила» соли 2013 ташкил шуда, тӯли 10 сол аст, ки дар байни соҳибкорони ватанӣ нуфуз ва эътибори баланд дорад.

Ба иттилои роҳбари лоиҳа, директори Оҷонсии таблиғотии «Тайрон» Шаҳноз Ҳамдамова, дар ин муддат чандин ширкатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ аллакай муаррифӣ шуда, тамғаи онҳо ҳамчун бренди боэътимод аз ҷониби харидорон шинохта ва доираи тиҷорату хизматрасониҳояшон васеъ гардид.

«Ин ширкатҳо таҷрибаи иштирок дар намоиш-фурӯшҳои калонро пайдо намуда, аллакай дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ бренди миллии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд, ки ин ба ғанӣ гаштани буҷаи мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд», — гуфт Шаҳноз Ҳамдамова.

Дар доираи лоиҳа ҳамасола намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад. Ҳар сол дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 30 ширкати ватанӣ ба намоиш гузошта мешавад. То имрӯз лоиҳа ҳудуди 300 ширкати истеҳсолкунандаи ватаниро ба харидорон муаррифӣ намудааст.

Имсол низ тамғаҳои интихобшуда аз ҳисоби корхонаҳои сохтмонӣ, шабакаҳои нуқтаҳои алоқа, савдо, муассисаҳои хизматгузор, истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоишгоҳ намунаи дастовардҳои хешро ба намоиш мегузоранд. Давоми 3 рӯз шаҳрвандону меҳмонони мамлакат имкон доранд, ки аз намоишгоҳ маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасонии дилхоҳашонро бо нархҳои дастрас пайдо намоянд. Даромад озод аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: