Лавҳа
Бибии падариам Зинатбӣ ном дошт. Ӯ соли 1870 чашм ба олами ҳастӣ кушода, бо санаи таваллудаш ифтихоркунон мегуфт:
- Ман бо Лелин дар як сол таваллуд шудаам.
Ин рӯйдодро ба бибиам муаллими синфҳои ибтидоии деҳаамон Аҷик Маҳмудов фаҳмонда буд. Номи Ленинро ҳамин тавр талаффуз мекард. Ҳама вақт ба мо наберагон гӯшрас мекард:
- Лелин давлати сағирапарвар бунёд кард - ва шеъри шоири мардумӣ Сайдалӣ Вализодаро баланд қироат менамуд:
Ҳукуматро Лелин зӯр кард,
Золимро аз мулк дур кард.
Мулкро ҳама пурнур кард,
Лелин бародар раҳнамо!
Аслан, боз бо ду рӯйдод арҷ мегузошт ва ҳар сари қадам бо ифтихор эҳсосоти қалбашро ба мо, наберагон қисса мекард.
Бибиам нахуст, меҳанашро, зодгоҳашро, Ватанашро бениҳоят дӯст медошт ва аз деҳоти Кангуртбуданаш меболид. Вақте ки соли 1953 ноҳияи Кангуртро барҳам доданд, доду вовайлоаш ба фалак мепечид.
- Охир мардуми моро бо ҳамин ном мешиносанд. Номи Кангурт дар Бухоро низ маълуму машҳур мебошад. Ягон минтақаи диёрамон ба мисли Кангурт овозадор нест. Дувоздаҳ мадраса дошт.
Диёри Кангурт бо фарзандони шуҳратёраш - Холмуҳаммади Хаста, Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва Карими Шиш ифтихор мекунад. Ин амали ноҷо ва беандешаи ҳукуматдорони вақтро то охири умраш набахшид.
Бибиам таърихи зиндаи диёраш буд. Дар 9-солагиаш Восеи баҳодурро бо чашми сар дида, аз корнамоиҳои диловар қиссаҳои шавқовар мегуфт.
- Амири ҷоҳил Абдулаҳадхони манғит пас аз ба асорат гирифтани қаҳрамон фармон дод, ки Восеи шӯришгарро ба деҳаҳо баранд, то ки халқ бо чашмаш бинад, ки дар ҳақиқат Таҳамтан ба асорат афтод. Бо ин роҳ золими хунхор пеши ҳар гуна овозаҳоро бастанӣ шуд.
- Вақте ки Восеи паҳлавонро аз назди деҳаи мо - Кангурттут бо дастони ба пушт баставу дар иҳотаи ҳашт нафар сарбози шамшер ба даст мегузарониданд, мардуми зиёде ҷамъ шуд. Саркардаи шӯришгарон бо овози марғуладораш ба мардум муроҷиат кард:
- Аз марги ман ғусса нахӯред. Бархезед ва хонаи манғитро оташ занед! Баҳри озодии худ ва фарзандон мубориза баред…
Сарбозон аз тарси он, ки издиҳом ба шӯр омада, ба онҳо ҳуҷум мекунад, Восеъро тела дода, ба сӯйи деҳаи Шулупту бурданд.
Дар ин ҷойи қиссаи аламангез бибиам як пора аз достони Бобоюнус Худойдодзодаро бо ашки шашқатор мехонд:
Восеъ ғазост имрӯз,
Ҷон мубталост имрӯз.
Ғавғои рӯзи маҳшар,
Дар фуқарост имрӯз.
Хислати дигари бибиам оташпарастиаш буд. Ҳама вақт ба мо, кӯдакон таъкид мекард:
- Фарзандонам! Фаромӯш накунед, ки мо қавми оташпарастем, - ва ин гуфтаҳои худро бо соатҳои дароз дар пешорӯйи танӯри пуроташ нишастан исбот мекард. Дар ин лаҳзаҳо ман гумон мекардам, ки бибиам бо оташ гуфтугӯ дорад. Агар мо, бачаҳои шӯху беқарор, нохост аз болои хокистар мегузаштем, қаҳру ғазаби модаркалонам ба осмон мехест ва ӯ калтаки дарозеро ба даст гирифта, ба мо ҳуҷум мекард ва бо овози баланд дуову нафрин мехонд:
- Бетамизҳо! Хокистар боқимондаи оташи муқаддас аст. Онро эҳтиром кунед ва ҳаргиз пой бар болои он нагузоред!
Гарчанде бесавод бошад ҳам, вале ба илм ва дониш эҳтироми махсус дошт. Борҳо таъкид мекард, ки Қорӣ Шарифро барои донистан ва қироат кардани Қуръони маҷид ба ҳамсарӣ пазируфт. Зеро ки ӯ мадрасаи Кукалтоши Бухороро пас аз бист соли донишомӯзӣ хатм карда буд. Бо ҳамин нияти нек пас аз фавти шавҳари меҳрубон писари ягонааш - Ғуломро худаш ба Бухоро, ба ҳамон мадраса мебарад. Аммо ҷавони сабукфикр тарки маърифатомӯзӣ карда, ба диёраш бармегардад. Аз ин амали бехирадонаи фарзанди ноқобил ба ғазаб омада, аз болояш ба қозии Кангурт шикоят мебарад. Бо амри қозӣ дар бозори Кангурт ба пушти фарзанди аз таҳсил фироркардааш се дурра зада, барои иҷро накардани мақсади наҷиби модар бо фармони қозӣ ӯро ба хизмати сарбозӣ аз нав ба Бухоро мефиристанд.
Дар солҳои пурошӯби бистуми асри пор ин дафъа бо ҳидояти модари ғамхору ватанпараст писараш Ғулом дастаи ихтиёрӣ ташкил карда, ба муқобили босмачиён мубориза мебарад ва солҳои сиюм хоҷагии деҳқонӣ созмон дода, чандин сол вазифаи роҳбариро бо сари баланд ба иҷро мерасонад.
Агар гӯям, ки бибиам кони афсона буд, муболиға намекунам. Афсонаҳояшро бо шеъру тарона ба мани дар бағалаш хуфта месароид:
Чӯваки сандалбозе,
Болотарак парвозе…
Шабҳои дарози зимистон пой ба таги курпаи болои сандалӣ дароз намуда, бо овози нарму меҳрангез афсонаҳои ҳазору як шабро шунидан ба мани набераи хурдӣ чӣ ҳаловате дошт. Дар байни афсонаҳои шавқовар аз ҳаёти муғаннӣ, ҳофизи хушовоз ва мутриби мумтоз Карими Шиш нақлу ривоятҳои дилангез мисолҳо меовард. Мегуфт, ки Карими Шиш ҳофизи худодод буда, овозаш ҳамаро мафтун мекард, ба дуриҳои дур парвоз менамуд. Агар сари кумбие нишаста суруд мехонд, мардуми се деҳа аз ҳунари овозхониаш ҳаловат мебурданд. Баъзан аз шеърҳои эҷодкардаи худи сарояндаи хушовози ғуррамарг бо ашки шашқатор пораҳо месуруд:
Аристонам, ба зиндонам,
Ба зери зулми инсонам.
Гуноҳамро намедонам,
Ба даргоҳи ту менолам.
Қисмати дигари ҳикояҳояшро саргузашти шоири ширинбаён Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар бар мегирифт. Охирин намояндаи равияи бедилшиносӣ, тамоми умри бобаракати худро дар ташкили мадрасаву донишманд гардонидани ҷавонони булукоти Кангурт бахшида будааст. Ӯ пайваста бо беки золими Балҷувон дар баҳсу мунозира буда, саъю талош мекардааст, ки дар идоракунии мулки Балҷувон беки бераҳм аз донишу хиради мардуми фозилу обрӯманди Кангурт истифода барад ва бо ҳамин мавзуъ ҳатто як шеъри шоирро мисол меовард:
Бе сиёсат нест Ҳоҷӣ, кори оламро низом,
Фитнаро бошад қарор аз ваҳшати арбоби теғ…
Бибиам соли 1966 дар 96-солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт. Маҳз таълиму тадриси модаркалон сабаб гардид, ки набераи охиринаш ба шоҳроҳи адабиёт ҷасурона қадам гузошта, саргузашти ибратомӯзи бибии афсонабофу оташпараст, нақшу саҳми босазои бибиҷонашро дар ташаккулу тарбияи маънавӣ, ҷаҳонбинӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва хештаншиносиву меҳанпарастӣ пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардонад.
Зариф ҒУЛОМ,
адиб