Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ эълон намуд

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ эълон намуд

1-10-2025, 10:03
Хабарро хонданд: 386 нафар
Назарҳо: 0
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ эълон намудМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонеро, ки дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 иштирок кардаанд, эълон намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мувофиқи тартиби муқарраргардида, ба озмуни тақсимоти асосии даври сеюми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2025 довталабоне роҳ ёфтаанд, ки аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ), инчунин аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб шуда буданд.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб аз рӯйи ҳар комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш аз рӯйи ҳар комбинатсия (агар довталаб дар озмун тибқи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар довталаб ҷойгир карда шуда, дар ин хусус инчунин ба телефони мобилии ӯ паёмак (SMS) бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.

Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда дар муҳлати муқарраркардаи Марказ, яъне то 2 октябр ҳуҷҷатҳои барои қабул заруриро ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод накунад, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё давраи дигари бақайдгирии довталабон пешниҳод карда мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: