
Шоири тавоно ва файласуфу донишманди бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ (1207-1273), ки зодаи Вахшонзамини Тоҷикистон аст, на танҳо дар шеъру адаб ва фалсафаву ирфон, балки дар тамоми соҳаҳои дигари фарҳангу маънавиёти инсоният низ дар кулли ақсои Шарқу Ғарб ба ҳайси як шахсияти барҷаста эътироф шудааст. Доираи ҳаводорони шеъру таълимоти мутафаккир аз Тоҷикистону Туркияи имрӯза то Афғонистон, Эрон, кишварҳои Осиёи Миёна, Сурия, Ироқ, Миср ва ҷазираҳои атрофи Осиёи Хурд, Покистон, Бангладеш, Ҳиндустон, Ҷануби Русия ва ғайраро аз даврони ҳаёти ӯ то замони муосир фаро мегирад. Муҳаққиқони сершумори афкори Мавлоно, ҳамчунин, зикр мекунанд, ки таъсироти ӯ ва тариқати мавлавия дар минтақаҳои гуногуни Аврупо, аз қабили Англия, Олмон ва Дания, дар кишварҳои мухталифи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ низ хеле зиёд аст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бошад, аз соли 1997 ин ҷониб, ба шаҳодати муҳаққиқи амрикоӣ Ф.Д. Люис, шуҳрати Мавлоно хеле боло рафта, китобҳои нашршудаи ӯ ба ҳайси бестселлер - пурхаридортарин китоб шинохта шудаанд.
Дар олами Ғарб ибтидо аз асри XVIII Мавлоноро бузургтарин шоири назми ирфонӣ ва шинохтатарин донишманди мутасаввиф донистаанд. Олими машҳури олмонӣ Георг Гегел дар китоби шуҳратёри худ «Энсиклопедияи илмҳои фалсафӣ» ин мутафаккирро бо номи «Ҷалолуддин Румии олиҷаноб» ёд карда, беҳтарин намунаи ашъорашро дар тарҷумаи моҳиронаи Рюккерт пайваста мутолиа мекардааст. Маҳз ҳаминро дар назар дошта, академики тоҷик Алоуддин Баҳоуддинов гуфтааст: «Масъалаҳои зиёде, ки аз ҷониби Гегел ҳал шудаанд, Румӣ ҳанӯз 500 сол муқаддам гузошта ва қисман ҳал сохта буд».
Муҳаққиқи шуравӣ Р. Фиш Мавлоноро аз хирадмандтарин шоирони Шарқ шумурда, таъкид доштааст, ки аз шеъри ӯ Гегел ва Гёте, Нозим Ҳикмат ва Муҳаммади Иқбол ҳаловат бурдаанд. Академики рус В. Шеремет ӯро аз зумраи мутафаккироне медонад, ки осори онҳо тафаккури миллионҳо одамонро тасхир кардааст. Донишманди ҳинд Ҳазрат Иноятхон бошад, мероси маънавии Мавлоноро чунин баҳогузорӣ кардааст: «Осори Румӣ чунон бузург аст, ки касе онро бихонад ва бифаҳмад, дониши тамоми фалсафаи ҷаҳониро мегирад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо иқдоми шахсиашон таҷлили 800-умин солгарди мавлуди Мавлоно дар сатҳи давлатӣ ва умумимиллӣ сурат гирифта, рӯзҳои 6-7 сентябри соли 2007 ба ин муносибат Конфронси байналмилалии илмӣ - «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» баргузор гардида буд, дар бораи Мавлоно гуфтаанд: «Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ӯ масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳимми ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрӯз низ ҷавобгӯи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошад».
Дарвоқеъ, дар осори гаронбаҳои худ, ки аз асарҳои манзум - «Маснавии маънавӣ», «Девони Шамс» ё «Куллиёти Шамси Табрезӣ» ва асарҳои мансур – «Маҷолиси сабъа», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот» иборат мебошад, Мавлоно масъалаҳои зиёдеро гузоштаву ҳаллу фасл намудааст, ки то кунун ҳам аҳаммияти назариявию амалии худро аз даст надодаанд. Метавон гуфт, ки миёни ин мушкилоти баёнсохтаи мутафаккир муҳаққиқонро аз ҳама бештар масъалаи инсон ба худ ҷалб сохтааст, зеро саволҳои асосие, ки Мавлоно ба онҳо тӯли ҳаёти худ пайваста ба онҳо ҷавоб ҷустааст, маҳз аз доираи худшиносию инсоншиносӣ будаанд:
Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам,
Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам.
Аз куҷо омадаам, омаданам баҳри чӣ буд?
Ба куҷо меравам охир, нанамоӣ ватанам.
Дар ин росто таъкид бояд дошт, ки дар таълимоти Мавлоно ва намояндагони тариқати созмондодаи ӯ - мавлавия инсон дар маркази доираву мадори фалак қарор дошта, ҳалли ин ё он масъалаи фалсафӣ онҳоро ҳатман ба андеша дар бораи инсон меоварад. Аз ин ҷост, ки ақидаҳои гуманистӣ ва башардӯстонаи Мавлоно ва мавлавиён дар кори мувоҷеҳ сохтани илм ва ҷомеаи муосир ба сӯи инсону ниёзмандиҳои он аз ҷониби донишмандони кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Аз ҷониби дигар, дар даврони ҷаҳонишавӣ, ки ҳама минтақаҳои оламро фаро гирифтаааст ва дар шароити ҷустуҷӯи ҳувияти миллӣ ва эҳёи маънавии миллатҳои тозаистиқлол, ки бо суръати бузурге ҷараён дорад, муроҷиат ба афкори фалсафӣ ва фарҳангии пешиниён ва корбасти он бо дарназардошти воқеият ва талаботи замони муосир метавонад ҳамчун такягоҳи муҳимме барои ташаккули ҷомеа ва инсони нав хидмат намояд. Истифода аз осори Мавлоно дар ин самт низ беназир ва хеле судманд буда, донишмандони зиёде пайваста ба ин ҷанбаи ақидаҳои мутафаккир рӯ меоранд. Аз ҷумла, шоири тоҷикзабони покистонӣ Муҳаммад Иқбол (1877-1938) дар замони хеш маҳз таҳти ақидаҳои Мавлоно оид ба худшиносӣ дар бораи «бозофаридан» - эҳёи миллати хеш бо такя бар асолати миллии он гуфта буд:
Миллате, к-аз сӯзи ӯ як дам тапид,
Аз гили худ хешро бозофарид.
Ин ҷо сазовори таъкид аст, ки тамоми андешаҳои Мавлоно оид ба худшиносӣ аз таҳқиқи табиат ва моҳияти инсон маншаъ мегиранд. Оид ба инсон сухан гуфта, Мавлоно ӯро чун олами маънавие медонад, ки моҳияти хеле мураккаб дорад. Инсон барои мутафаккир зоҳиран пайдо, вале ботинан сахт ниҳон аст, ӯ чун ҷӯе аст, ки оби он тира шуда ва қаъраш ноаён аст, инсон саропо чу париён роз аст:
Гар ба зоҳир он парӣ пинҳон бувад,
Одамӣ пинҳонтар аз парён бувад.
Назди оқил он парӣ, ки музмар аст,
Одамӣ сад бор худ пинҳонтар аст.
Муҳаммад Иқбол маҳз ҳамин андешаҳои Мавлоноро дар бораи инсон ҳамчун рози нокушода идома дода, гуфтааст:
Навои ишқро соз аст одам,
Кушояд розу худ роз аст одам.
Табиати пурасрору пуррози инсонро таҳқиқ карда, Мавлоно дар ҳар гуфтаву ҳар андешаи худ аз рӯи ин асрор қадам ба қадам парда мебардорад. Аз ин рӯ таълимоти ин пири хирадро метавон ҷустуҷӯи инсони комилу ормонӣ ва дунёмадору дунёмеҳвар қаламдод намуд. Ҷавҳари ин ҷустуҷӯҳо ва шиори ҳаётии Мавлоно дар ғазали машҳури ӯ, ки ба таври ғайрирасмӣ «Инсонам орзуст» номгузорӣ шудааст, инъикос ёфтааст:
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст…
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Гуфтанд: Ёфт менашавад, ҷустаем мо,
Гуфт: Он ки ёфт менашавад, онам орзуст…
Пинҳон зи дидаҳову ҳама дидаҳо аз ӯст,
Он ошкорсанъати пинҳонам орзуст.
Инсони ормонии Мавлоно, ки амсоли Рустами Достон аст ва «ёфт менашавад», яъне нодиру пинҳон мебошад, ҳадафи асосии ҷусторҳои Мавлоно буда, сифатҳои зиёде дорад. Як сифати аз ҳама муҳимми чунин инсон дар таълимоти Мавлоно он аст, ки ӯ ба тамоми масъалаҳо тавассути ақлу мантиқ менигарад, ё ба ибораи дигар ақлгароӣ сифати ногусастании ӯст. Аз ин рӯ, Мавлонои Балхӣ пайваста «Ки барам ман кори худ бо ақл пеш», «Зарраи ақлат беҳ аз савму намоз» (яъне, ақли инсонӣ болотар аз рӯза доштан, ибодат кардан ва дигар амалҳои зоҳирӣ аст) ва монанди онро ба инсон талқин мекунад.
Моҳияти ақли инсонӣ бошад, дар таълимоти Мавлоно хеле мураккаб ҳисобида шуда, аз назари мутафаккир он ба баҳри бепоёне шабоҳат дорад, ки барои фаҳмиданаш дар он ғаввосӣ бояд кард. Бузургии инсони ормониро бо ҳамин сабаб Мавлоно дар бузургии ақли ӯ мебинад, на дар сафедии мӯяш, дашноми ақлро барои инсони оқил беҳтар аз ҳалвои ноаҳлон медонад.
Аз ҷониби дигар, Мавлоно такя ба ақлро талқин намуда, инсонро ба ду нуктаи муҳим ҳидоят менамояд: аввалан, инсон бояд дар ҳама корҳо танҳо ба ақлу заковати худ такя кунад; сониян, инсони соҳиби ақли расо бояд дар ҳама амалҳои хеш мустақилона рафтор карда, ҳаргиз ба тақлиди кӯр-кӯрона ба дигарон роҳ надиҳад. Бо ҳамин сабаб, мутафаккир пайваста хотиррасон месозад, ки «Бори худ бар кас манеҳ, бар хеш неҳ», «Ҷурми худро бар каси дигар манеҳ» ва амсоли он.
Такя ба ақли хеш дар тамоми намудҳои фаъолияти инсонӣ, дурӣ ҷустан аз роҳнамоиҳои мардуми аз ақлу матниқ фарсахҳо дур, махсусан аз бегонагон, як ҷавҳари ақидаи Мавлоно дар бораи инсони ормонӣ ва худшиносӣ мебошад. Дар ин ҷода мутафаккир ба ҳаммаслаку дӯсти ҳамақидаи худ Шамси Табрезӣ пайравӣ мекунад, ки гуфтааст: «Ин қадар умр, ки туро ҳаст, дар тафаҳҳуси (омӯзиши – Х.З.) ҳоли худ харҷ кун, амиқ туӣ, агар амиқе ҳаст, туӣ!"
Худшиносӣ барои Мавлоно ин пеш аз ҳама масъулияти инсон дар назди хештан буда, инсони комилу дар маърифати худ муваффақ гардида, яъне тавассути илм ба дарки «Ман киям?» расида, аз нуқтаи назари ӯ дигаронро низ метавонад бидонаду бишиносад, зеро илми асосӣ барои инсон худшиносӣ аст:
Ҷони ҷумла илмҳо ин аст, ин,
Ки бидонӣ, ман киям дар явми дин.
Аз ин нуқтаи назар, ки дар боло оид ба ақл ва худшиносӣ зикр гардид, инсони худшиносу комил аз назари Мавлоно инсони мустақилест, ки ба худ ва ақли хештан эътимод дорад. Чунин инсони худшинос, ки палла-палла бо нардбони ақлгароӣ ва худшиносӣ ба сӯи камолот қадам мениҳад, тамаъ бар дигарон надорад ва чунонки ба молу мулки мардуми бегона дастдарозӣ намекунад, кору рафтор ва кирдору пиндори бегонагонро низ қабул надорад:
Дар замини мардумон хона макун,
Кори худ кун, кори бегона макун.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба истифода аз дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ ва фарҳанги пешрафта таваҷҷуҳи мардумро ҷалб сохта, таъкид доштанд, ки ҳамаи мо бояд «барои васеъ кардани ҷаҳонбинии худ сайю кӯшиш карда, дар пайи тақлиди унсурҳое, ки кишварро ба асрҳои миёна мебаранд, талоши беҳуда накунем». Дар ин росто, Пешвои муаззами миллат дар мазаммати тақлидкорӣ аз ашъори Мавлоно як иқтибосе оварданд, ки хеле муассиру нишонрас буд:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!
Дар ҳақиқат ҳам, тақлидкорӣ ба бегонагон пешаи хеле номатлуб буда, махсусан дар соҳаи илму фарҳанг инсонро ба карахтию бозмондагӣ ва бозгашт ба аслҳои фартутшудаю аз зарурат берунгардида ҳидоят мекунад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно зимни таҳқиқи маърифати ақлонии олам ба мавзӯи таъвил, тақлид ва иҷтиҳод дахл намуда, таъкид мекунад, ки ақли инсонӣ қобили тафсиру таъвили хештан буда, барои инсон дониши зиёде медиҳад. Тақлид, пайравии кӯр-кӯронаро бошад, мутафаккир дар зери тозиёнаи танқид мегирад ва таъкид месозад, ки инсони комил ба ҳама ашёву зуҳуроти олам бояд бо ақли худ, бо чашму гӯши хештан, бе тақлидкорӣ назар кунад. Дар ин бобат дар дафтари шашуми «Маснавии маънавӣ» омадааст:
Чашм дорӣ, ту ба чашми худ нигар,
Мангар аз чашми сафеҳе бехабар.
Гӯш дорӣ, ту ба гӯши худ шунав,
Гӯши гӯлонро чаро бошӣ гарав?
Бе зи тақлиде назарро пеша кун,
Ҳам барои ақли худ андеша кун.
Чунин андешаҳои Мавлоно оид ба таносуби ақлгароӣ, худшиносӣ ва тақлидкорӣ таълимотеро дар фалсафаи муосир ба ёд меоранд, ки онро бо истилоҳи «бегонашавӣ» ифода мекунанд. Худи бегонашавиро бошад, ҳамчун раванди иҷтимоие шарҳ медиҳанд, ки фаъолияти инсон ва натиҷаҳои онро ба қувваи мустақили ҳукмрон ва адоватнок бар ӯ табдил медиҳад. Асосгузорони ин таълимот Карл Маркс (1818-1883), Эрих Фромм (1900-1980) ва дигар файласуфони ғарбӣ буда, ақидаҳои онҳо ба мутафаккирони шарқӣ низ таъсир гузоштаанд. Аз ҷумла, Муҳаммад Иқбол дар ибтидои асри ХХ оид ба чунин бегонашавӣ дар назди худ савол гузошта – «Мешиносӣ, асри мо бо мо чӣ кард?» ва ба он ҷавоб гуфтааст: «Асри мо моро зи мо бегона кард».
Раванди бегонашавӣ ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонӣ - аз иқтисодӣ то иҷтимоӣ, аз гурӯҳӣ то инфиродӣ хос аст. Вале дар замони ҷаҳонишавӣ беш аз ҳама бегонашавии инсон дар соҳаи фарҳанг хатари бузург дорад. Баъзе нишонаҳои ин раванд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ таҳти омилҳои гуногун дар байни гурӯҳе аз бехабарон мушоҳида мегарданд, маҳз натиҷаҳои ҳамин зуҳуроти бегонашавиянд. Дар робита бо ин мардуми моро зарур аст, ки имрӯз ҳам таҳти ҳидояти Мавлоно ва садҳо донишмандони дигари бузурги худ рафтор намуда, аз ҳар гуна тақлидкориҳо ва бегонапарастиҳо худдорӣ намояд. Ин амалро махсусан дар тарзи либоспӯшӣ ва симои зоҳирӣ бояд тақвият диҳем, атласу адраси ҳафтранги худро ба далқу ҷомаи даридаи сиёҳ нафурӯшем, зеро агарчӣ ин унсурҳо дар мадди аввал ҷузъӣ ба назар мерасанд, вале дар ниҳояти кор сабабгори косташавии пояҳои бунёдии фарҳанги миллат мегарданд. Ба қавли Мавлоно:
Хештан нашнохт мискин одамӣ,
Аз фузунӣ омаду шуд дар камӣ.
Хештанро одамӣ арзон фурӯхт,
Буд атлас, хеш бар далқе бидӯхт.
Дар бораи ақлгаро будани инсони ормонии Мавлоно сухан карда, бояд ҳамчунин зикр намуд, ки ба андешаи ӯ аз талаботи ақлонӣ ва илму дониш дур гаштан як роҳи рафтани инсон ба хурофот аст:
Донӣ, ки чаро дори мукофот шудем,
Нокарда гунаҳ чунин муҷозот шудем?
Куштем хирад, дор задем донишро,
Дар банду асири сад хурофот шудем.
Дар баробари ақлгаро, худшинос ва мустақил будан, бе тақлидкорӣ амал намудан ва аз бегонапарастӣ парҳез кардан, инсони ормонии Мавлоно сифатҳои дигареро низ соҳиб аст. Аз ҷумла, бо сабаби маҳсули табиат будан, аз чаҳор унсури ба ҳам зид («Обу оташ бину хоку бодро, Душманон чун дӯстон омехта») ва олами наботию ҳайвонӣ то олами инсонӣ таҳаввул кардан ва дар ҷамъият миёни дигар ҳамҷинсони худ зистан, Мавлоно ҳамчун ҳаммаслаку дӯсти ҳамақидаи худ Шамси Табрезӣ зӯҳду канораҷӯиро барои инсони ормонӣ мақбул намедонад. Мавлоно дар ин самт аз суханони зерини ин ҳаммаслаки худ пайравӣ мекунад: "Зоҳиде буд дар кӯҳ. Ӯ кӯҳӣ буд, одамӣ набуд… одамиро бо санг чӣ кор? Миён бош ва танҳо, дар хилват бош ва фард бош». Маҳз чунин андешаҳо оид ба радди зӯҳду канораҷӯӣ аз олами моддиву ҷамоати инсонӣ як ҷавҳари дигари таълимоти Мавлоноро оид ба инсони ормонии дунёмеҳвару дунёмадор ташкил медиҳанд. Ин аст, ки ба суханони Мавлоно, ки дар асари мансури ӯ «Фиҳӣ мо фиҳӣ» зикр гардидаанд, ҳар касе, ки дар ин дунё дар роҳи ишқ рост меравад ва «ҳар кӣ дар ин роҳ худро дарбохт, ҳама мақсудҳои диниву дунявӣ ӯро муяссар гашт ва кас аз ин роҳ шикоят накард».
Ҳамзамон, Мавлоно чунин меҳисобад, ки инсони комил, ки ба зӯд зарурат надорад, узви баробарҳуқуқи ҷамоати одамон аст (Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош! Ё худ: Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест) ва худи ҷамъият бошад, барои ҳамдигарро дастгирӣ кардани одамон пайдо шуда, дар он бояд ваҳдату ҳамдилӣ ҳукмфармо бошад («Пирӯзӣ зи иттифоқ хезад») ва бо роҳи зӯрию ҷанг ҳал намудани масъалаҳо дар ҷамъият ҳаргиз сурат нагирад. Дар ҳақиқат ҳам, Мавлоно дар ҷамъият буданро авлотар аз гӯшанишинӣ медонад. Агар нишонаҳое аз фардгароӣ ё индивидуализм ё канораҷӯӣ дар гуфтору амали ӯ мушоҳида мегардад, ин танҳо канораҷӯии маънавӣ аст, на моддӣ. Ҳатто рукни муҳимтарини амалияи тасаввуфи мавлавия – рақси самоъ барои Мавлоно маънии сарҷамъии инсонҳои ошиқ ва ёрони мувофиқ ва дар ҷамъият буданро дорад.
Дар баробари ин, инсони ормонии Мавлоно ҳамчун узви ҷомеа соҳиби тамоми унсурҳои ахлоқи ҳамида аст. Аввалан, инсони ормонӣ таҳаммулпазир аст. Дар ин росто бояд зикр намуд, ки ҳамаи динҳо барои Мавлоно баробаранд ва аз нуқтаи назари ӯ агар ихтилофе байни онҳо вуҷуд дорад, дар ибтидо ва миёнаи роҳ аст – дар охири роҳ ҳама ба як мақсуд мебаранд:
З-он ки худ мамдӯҳ ҷуз як беш нест,
Кешҳо з-ин рӯй ҷуз як кеш нест.
Ҳамин эътирофи баробарии динҳо, ки на танҳо дар афкори Мавлоно мушоҳида мегардад, балки дар давоми муддати тӯлонии фаъолияти мавлавия аз тарафи ӯ ва шогирдону пайравонаш дар сарзамини Рум миёни масеҳиёну мусулмонон ва яҳудиён самаранок корбаст гардидааст, сабаби асосии ривоҷи таҳаммулпазирии динӣ дар гуфтору рафтори мавлавиён ва шумораи зиёди донишмандони мутасаввиф дар даврони Мавлоно буд. Инчунин, ногуфта намонад, ки маҳз ҳамин таълимоти Мавлоно дар бораи баробарии динҳо ва таҳаммулпазирӣ сабаб гардид, ки дар Осиёи Хурд, ба ақидаи олими рус Л.Н. Гумилёв, мардуми хуросонию намояндагони қабилаҳои туркманӣ, юнонию халқҳои дигари маскуни ин сарзамин бо ҳам муттаҳид гардида, як халқу миллати навро бо номи турк ба вуҷуд оварданд.
Сониян, таълимоти ахлоқии Мавлоно як назарияи ирфонии хулқ аст, ки ба ташаккули инсони комил равона шудааст. Аз ин рӯ, мутафаккир асосан дар бораи касби ахлоқи ҳамида ва радди ахлоқи баду разила сухан мегӯяд. Инсони ормонии Мавлоно ба одоб, сабр, вафо ба ваъда, раҳм бар заифон, илмомӯзӣ, машварат бо ақлҳои дигар, дӯстӣ, оқибатбинӣ, эҳтироми худ ва дигарон, ростӣ, кӯшиш, ҳушёрӣ, эҳсон, хоксорӣ, кордонӣ, саховат, ҳурмати падару модар ва унсурҳои дигари ахлоқи ҳамида таваҷҷуҳ дорад. Чунин инсон аз ахлоқи баду разила, чун зарпарастӣ, нифоқ, хашм, ҳасад, пастӣ, золимӣ, ҳирс, чаҳолат, тамаъ, ришвагирӣ, фитна, такаббур, пурхӯрӣ, ғурур ва ғайра канораҷӯӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, аз лиҳози ахлоқӣ инсони ормонии Мавлоно мавҷуди бо илму адаби хеш ба саодат расида ва волотарин шахсият миёни инсонҳост:
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо, ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ,
Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,
То тоҷи наберагони Одам бошӣ!
Инсони комил инчунин, аз назари Мавлоно, мавҷуди сулҳхоҳу ҷонибдори рафоқату дӯстист:
Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем…
Каримон ҷон фидои дӯст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем…
Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?
Дар анҷоми сухан бори дигар таъкид месозем, ки ҷустуҷӯи инсони комилу ормонӣ ва дунёмадору дунёмеҳвар Мавлоноро ба сӯи андеша оид ба ташаккули инсони ақлгаро, худшинос, мустақил, таҳаммулпазир, сулҳхоҳ, бе тақлидкорӣ амалкунада ва аз бегонапарастӣ парҳезкунада ҳидоят намудааст, ки дар ҷамъият ва тибқи қонуниятҳои он амал карда, зӯҳду канораҷӯиро рад мекунад ва бо илму адаби худ «тоҷи сари наберагони Одам» мебошад. Ва шахсияти худи Мавлоно низ дар пиндор, гуфтор ва рафтори хеш чунин инсони ормонӣ ва дунёмадор буд. Маҳз ба ҳамин аҳаммияти беназири эҷодиёти Мавлоно, шахсияти нотакрори ӯ ва роҳнамоиҳояш дар самти ташаккули инсони ормонию комил ва дунёмеҳвару дунёмадор ва ҷанбаҳои дигари таълимоти мутафаккир ишора карда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Инсоният гирифтори мушкилоти рӯзафзуни маънавӣ, ахлоқӣ, экологӣ, иқтисодӣ ба ин иршодҳо бештар ва бештар ниёзманд хоҳад гардид ва аз ин рӯ бо эътимоди комил метавон гуфт, ки паёми Мавлоно роҳнамои васли матин ва шикастнопазири инсоният ва рамзи камоли ҳақиқии он хоҳад буд».
Хуршед ЗИЁӢ,
доктори илмҳои фалсафа, профессор