“Шаби Арӯс” дар Қуния27-12-2023, 13:51
Хабарро хонданд: 102 нафар
Назарҳо: 0
Мутафаккири бузург Мавлонои Ҷалолиддини Румӣ дар тамоми кишварҳои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чӣ пиру чӣ ҷавон новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Ғазалҳои ӯро, ки бо забони ноби тоҷикӣ садо медиҳанд, чӣ овозхонони мардумӣ ва чӣ оҳангсозони касбӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди Аврупову Амрико месароянд ва мардум аз онҳо ҳаловат мебаранд. Шахсият ва мероси ин бузургвор боиси эҷоди садҳо мусаввараҳо аз ҷониби рассомони давраҳои гуногун гаштааст. Ҳамаи ин гувоҳи эътирофи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ба ҳайси як мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси умумиҷаҳонӣ аст. Ба хотири ин абармарди бузург соли 2007 аз ҷониби ЮНЕСКО Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) эълон гардида, 800-умин мавлуди ӯ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе Конфронси сатҳи баланд баргузор шуд. Дар қатори он ҷашнвораҳои дигар боз аз нав имкон доданд, ки ҳамаи мо ба гузаштаи худ дар мисоли ҳаёт ва осори ин мутафаккир бо диди нав назар андозем ва барои маънидоди воқеияти ҷаҳони муосир дар андешаҳои ӯ барои худ пояҳои нав ба нав ҷустуҷӯ намоем. Аз 7-ум то 17-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Қунияи Туркия бахшида ба 750-солагии рӯзи вафоти шоир, файласуф ва мутафаккири бузург Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ маросими ҳарсолаи “Шаби арус” баргузор шуд. Маросим дар “Маркази фарҳангии Мавлоно”-и шаҳри Қуния бо барномаи фарҳангии мусиқии суфиёна ва хониши порчаҳо аз “Маснавии Маънавӣ” оғоз ёфт. Бояд зикр намуд, ки шоири тасаввуф, нобиғаи адабиёти ҷаҳонӣ, ки осораш, аз он ҷумла асари бисёрҷилдаи “Маснавии Маънавӣ” на танҳо асари мукаммали назмӣ ва ҳамчунин дорулфунуни (энсиклопедия)-и тасаввуф маҳсуб меёбад, воқеан ҳам мутафаккири барҷастаи замони худ буд. “Маснавии Мавлавӣ”, ки Мавлоно соли 1259 ба навиштан ин асар оғоз кардааст, зиёда аз 10-сол эҷод шуд ва мавзуи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир ба мо 50ҳазор байт ва 1600 рубоӣ боқӣ мондааст Аз 7-ум то 17-уми декабр “Ҳафтаи Мавлоно” ҷашн гирифта шуда, дар доираи он дар шаҳри Қунияи Туркия ҳамоишҳои илмӣ, барномаҳои фарҳангӣ, намоиши филмҳо, намоишномаҳо ва форумҳо баргузор шуданд, ки дар он ҳайати рӯзноманигорони тоҷик аз телевизион ва матбуоти даврӣ иштирок доштанд. “Шаби Арӯс” ин фалсафаи марги Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ мебошад. Ба андешаи ин мутафаккир, “Шаби Арӯс” ин ҳолатест, ки ду қисмат ба ҳамдигар муттаҳид мегарданд. Ин шаби тӯй аст, ки якҷояшавии ду ҷуфти ба ҳам ошиқ сурат мегирад. Мавлоно вохӯрии худро баъд аз марг бо Офаридгор ба шаби тӯй нисбат медиҳад. Бо ин ҳама Румӣ ба наздикони худ васият мекунад, ки худро баъд аз марги ӯ андӯҳгин набошанд ва худро азият надиҳанд. Барои ҳамин, шуруъ аз соли 1952, ҳамасола 17-уми декабр дар шаҳри Қунияи Туркия рӯзи вафоти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ “Шаби Арӯс” ҷашн гирифта мешавад. Минбари Халқ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.