Сешанбе, 01 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Куллиёти Мавлоно» ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид

«Куллиёти Мавлоно» ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид

28-05-2023, 14:00
Хабарро хонданд: 351 нафар
Назарҳо: 0
«Куллиёти Мавлоно» ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид Бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти Мавлоно Ҷалолудини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Пешбарии “Куллиёти Мавлоно” аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия, Ӯзбекистон муштаракан сурат гирифта, ба баррасии ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоир, файласуф, олим ва фақеҳи ислом, яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик дар асри XIII буда, эҷодиёти ӯ имрӯз барои кулли ҷаҳон аз арзишмандтарин осор ба ҳисоб меравад. Куллиёти Мавлоно “Маснавии Маънавӣ”, “Девони Шамси Табрезӣ”, “Фиҳи мо фиҳи”, “Маҷолиси Сабъа” ва “Мактубот”-ро дарбар гирифта, ба забони форсӣ навишта ва ба забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума шудаанд.

Эҷодиёти адабию фалсафии Мавлоно барои омӯзиши таъриху фарҳанги Машриқзамин аҳамияти бузурги илмӣ дошта, дар он мақолаву ҳикматҳо, маҷмӯи адабиёти ибратбахш, мисолҳо аз рӯзгори анбиёву мардумон бо таҷассуми орифонаю ошиқона гирд оварда шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: