Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ДАР РАДИФИ СОҲАИ САЙЁҲӢ

РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ДАР РАДИФИ СОҲАИ САЙЁҲӢ

20-07-2025, 23:58
Хабарро хонданд: 838 нафар
Назарҳо: 0
   РУШДИ  ҲУНАРМАНДӢ ДАР РАДИФИ СОҲАИ САЙЁҲӢ
Бо ташаббус, дастгириҳо, дастуру ҳидоят ва супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар То ҷикистон рушд меёбад. Эълон гардидани соли 2018 - “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2019-2021 – “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2022-2026 – “Солҳои рушди саноат”, қабул гардидани “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии То ҷикистон барои солҳои 2021-2025”, инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон нати ҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад. Маҳз дар нати ҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон ва сайёҳон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд мешавад.
Сайёҳӣ на танҳо барои давлат шуҳрат меорад, балки ба ҳар гӯшаи он сармоя ворид месозад, ба ҳар деҳа ободӣ ва ба ҳар ҳунарманд бозору даромад фароҳам меорад.
Ҳунармандӣ соҳае мебошад, ки дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд ёфта, ба пешрафти ҷаҳонгардӣ мусоидат менамояд. Ин соҳаҳо бо ҳам алоқаманд буда, маҳсули дастран ҷи ҳунармандон асосан ба меҳмонон ва сайёҳони хори ҷӣ пешниҳод карда мешаванд. Айни замон теъдоди ҳунармандон ва навъҳои маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо рӯз аз рӯз зиёд гашта, аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода карда истодаанд.
Тибқи нати ҷаҳои як пурсишнома, ки байни ҳунармандон ан ҷом дода шуд, муайян гардид, ки 95,5 дарсади маҳсулоти ҳунармандӣ дар фурӯш қарор дорад. Аз шумораи иштироккунандагон дар пурсишнома 45,1 дарсад посух додаанд, ки маҳсулоти онҳоро сайёҳони дохилӣ ва хори ҷӣ харидорӣ мекунанд.
Аз рӯйи маълумоти оморӣ, соли 2024 шумораи ҳунармандон дар мамлакат 18 654 нафарро ташкил медиҳад.
Кишвари мо дорои мавзеъҳои зиёди табиӣ ва таърихию фарҳангии диққат ҷалбкунанда буда, тавассути онҳо То ҷикистон дар хори ҷи мамлакат муаррифӣ мешавад. Та ҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, фазои ҳуқуқии воридот ва будубоши онҳо нақши муҳим мебозад.
Дар То ҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин буда, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии То ҷикистон барои давраи то соли 2030” мавриди амал қарор дорад.
Коршиносони байналмилалии сайёҳӣ бо дастгирии Ҳукумати То ҷикистон “Нақшаи рушди устувори сайёҳии То ҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро таҳия кардаанд, ки бахши сайёҳии он тақрибан 20 000 ҷойи корӣ дорад. Он 1 дарсади шумораи умумии шуғл дар То ҷикистонро ташкил медиҳад.
Ҷойҳои корӣ асосан дар байни бахши манзил, ғизо, нӯшокиҳо ва бахши нақлиёт тақсим карда шудаанд, ки ҳар яки онҳо 8000 ҷойи корро ташкил медиҳанд. 70 дарсади ҷойҳои корӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе мутамарказ шудаанд.
Шумораи умумии кормандон дар соҳаи саноати хизматрасонӣ 732 400 нафарро ташкил медиҳад, ки 16 400 нафарашон дар бахши меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо кор мекунанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2024 соҳаи сайёҳӣ 10 дарсади иқтисоди ҷаҳонро ташкил додааст. Шумораи умумии коргарон дар ин соҳа дар саросари ҷаҳон ба 357 миллион нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 дарсад зиёд аст.
Бояд гуфт, ки бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон дар фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ барои рушди сайёҳии фарҳангию таърихӣ, иқтидори бойи табиӣ барои пешрафти сайёҳии экологӣ ва имкониятҳои машғулият бо намудҳои фаъоли истироҳат дар ҷодаи инкишофи сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ ва муносибати некхоҳонаи аҳолӣ ифода мегардад.
Аз ин рӯ, субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва ҳунармандиро зарур аст, ки барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни сайёҳон ба онҳо маводи иттилоотӣ оид ба То ҷикистон, армуғонҳо бо унсурҳои миллӣ, барномаҳо ва хатсайрҳои ҷолибро омода карда, пешниҳод намоянд.
Аз рӯйи маълумоти бадастомада, тайи солҳои охир беш аз 90 дарсади воридоти меҳмонону сайёҳон ба шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рост меояд.
Та ҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки барои рушд намудани соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба ин соҳа, пеш аз ҳама, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурдан зарур аст. Ин аст, ки дар вохӯриву мулоқотҳо ва Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии То ҷикистон ба Ма ҷлиси Олӣ аз рушди соҳаи сайёҳӣ ва манфиати он дар ҷомеа таъкид мешавад.
Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалии сайёҳӣ, яке аз мушкилоти асосие, ки ба рушди бахши сайёҳӣ таъсир мерасонад, нарасидани мутахассисон мебошад. Коршиносони байналмилалии соҳа ба он назаранд, ки иқтидори пурраи сайёҳии То ҷикистон бояд устуворона ташкил ва идора карда шавад.
Ба гуфтаи коршиносон, қариб 60-70 дарсади ҷаҳонгардон бо ибтикори худ ё ташвиқи дӯстон ба То ҷикистон меоянд. Дар мавриди хуб меҳмондорӣ шудан ва таассуроти нек бардоштан, онҳо ҳатман дӯстону шиносонашонро барои сафар ба То ҷикистон ҳидоят мекунанд.
Давлатҳое, ки бештар ба қабули сайёҳон машғуланд, кӯшиш менамоянд, ки бо дипломатияи нарми фарҳангию сиёсӣ муносиботро ба мамлакатҳои содиркунандаи ҷаҳонгардон ба давлати худ роҳандозӣ намоянд. Зеро рушди сайёҳии байналмилалӣ дар ин кишварҳо барои пойдории иқтисоди миллӣ, ташкили шуғли пурмаҳсул ва даромади арзӣ боис гаштааст.
Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушод”-ро пеш гирифтааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва мустаҳкам намудани ими ҷи давлат ҳамчун маркази баргузории чорабинӣ ва вохӯриҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад.
То ҷикистон бо захираҳои бойи обию энергетикӣ кишвари сарсабз ва хуррам аст ва мо метавонем дар ин самт бо дарназардошти табодули та ҷриба ба як мамлакати пешрафтаи сайёҳии экологӣ мубаддал гардем.
Заминаи татбиқи ин гуфтаҳо ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии То ҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим ва ҷонибдории онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ва қабули санадҳои дахлдор бо мақсади ба кишвари “сабз” табдил додани Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ма ҷмуъ, метавонанд ба пешрафти и ҷтимоию иқтисодии давлат, хусусан соҳибкории хурду миёна, ташкили ҷойҳои кории нав таъсири назаррас расонад. Он ба баланд бардоштани обрӯю эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ, ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, инчунин, суботи иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат мекунад.
Абдукарим ҚУРБОНЗОД,
мутахассиси Вазорати меҳнат, муҳо ҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: