Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Соҳаи сайёҳӣ аз ҷомеа муносибати ҷиддӣ тақозо дорад

Соҳаи сайёҳӣ аз ҷомеа муносибати ҷиддӣ тақозо дорад

25-12-2018, 08:23
Хабарро хонданд: 269 нафар
Назарҳо: 0
Соҳаи сайёҳӣ аз ҷомеа муносибати ҷиддӣ тақозо дорад
Дар 9-моҳи соли 2018 зиёда аз 908 ҳазор сайёҳон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 2, 2 маротиба зиёд мебошад. Ин омор аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо дастрас гардид.
Таҷриба нишон медиҳад, ки имрӯз сайёҳӣ барои кишварҳои дорои табиати диданибоб яке аз сердаромадтарин соҳаҳои иқтисодиёт дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар аксари кишварҳои олам ба даромади асосии аҳолӣ табдил ёфтааст.
Сайёҳӣ дар тули даҳсолаҳо новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳавуллоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръати устувор рушд менамояд. Таҳлилгарон бар он назаранд, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар 1 доллари ИМА-и сарфашаванда дар бахши сайёҳӣ 91 сенти он дар иқтисодиёти кишвари қабулкунанда мемонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки сайёҳӣ барои таъсиси ҷойҳои кории мустақим ва ғайримустақим, доимӣ ва мавсимӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ҳар як сайёҳ метавонад барои таъсиси то 15 ҷойи корӣ мусоидат намояд.
Шуғли аҳолӣ дар бахши сайёҳии ҷаҳон 277 миллион ҷойи кориро ташкил дода, то соли 2022 ба 350 миллион мерасад ва мавқеи хосу устувор дорад.
Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки шумораи сайёҳон дар ҷаҳон соли 2000 ба 698 миллион нафар баробар буд, аммо ин шумора дар соли 2017 ба 1 миллиарду 322 миллион нафар баробар шудааст. Бино бар пешбиниҳои мутахассисони соҳа шумораи сайёҳон дар курраи сазин то соли 2022 ба 1,4 миллиард ва то соли 2030 ба 1,8 миллиард мерасад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” агар ба рушду нумӯъ ёфтани бахши туризм дар кишвар замина гузошта бошад, аммо мавҷуд будани захираҳои бузурги сайёҳӣ дар мамлакат аз қабилӣ сайёҳии экологӣ, фарҳангию таърихӣ, табобатию муолиҷавӣ, куҳнавардӣ, сайёҳии шикор заминагузори аслии авҷи бахши сайёҳӣ маънидод мегардад.

Воқеан ҳам, эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани симои сайёҳии Ватан дар арсаи байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани саҳми соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар рушди иқтисоди миллӣ такони нав бахшид. Ҳамин буд, ки маҳз зери дастгириҳои ҳукумати мамлакат дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ наздики 70 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуданд, ки дар маҷмуъ шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба наздики 140 адад расидааст.
Агарчӣ имрӯзҳо дар бахши сайёҳии кишвар зери дастгирӣ ва сарпарастиҳои идораҳои давлатӣ вобаста ба рушди соҳаи туризм тамоми тадбирҳои амалӣ андешида мешавад, аммо то ба ҳол дар ин соҳа норасоиву костагиҳои ҷиддие ба назар мерасад, ки он ҳам ба ҳадди зарури дарк накардани сокинон ва тоифаи ҷавони кишвар ба зарурати мусоидат намудан ба рушду равнақ ба ин соҳа мебошад. Зеро бахши туризм на танҳо дар заминаи таъсиси ҷойҳои кории холӣ, боло бурдани вазъи иқтисодии кишвар дар самти зиндагии шоиста ва некӯаҳволии марбум мусоидат мекунад, балкӣ барои муаррифӣ намудани Ватан дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун мамлакати осоиштаву тараққиёфта ва дорои таърихи куҳан мусоид мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои бузурги сайёҳӣ мебошад. Оғоз аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе то дурдасттарин минтақа ва деҳоти мамлакат дорои мавзеъҳои фарҳандиву фароғатӣ, экологиву таърихӣ, табобатию муолиҷавӣ, куҳнавардиву дигар ҷанбаҳои бахши туризм мебошад, вале аз нигоҳи мо мавҷуд набудани шароити мусоид ва ҷаобгӯй ба талаботи байланмиллалӣ дар бахши хизматрасонии маишии баъзе аз онҳо мушкилоти дигар дониста мешавад.
Чигӯнае зикр шуд, ҳар як сайёҳ метавонад барои таъсиси то 15 ҷойи корӣ мусоидат намояд, аммо дар сатҳи зарӯрӣ мавҷуд набудани мутахассисон дар бахши туризм яке аз мушкилоти ҳалталаб мебошад.
Мавофиқи маълуоти дастрас имрӯзҳо дар 14 муассисаи олии таълимии ҷумҳурӣ 2112 нафар ва 550 нафар дар колеҷҳо аз рӯи 16 ихтисосҳои соҳаи сайёҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, вале омода кардани мутахассисони донандагони забон, фарҳанг, таърих, технологияҳои муосир ва дар умум кадрҳои соҳаи сайёҳии байналмиллалӣ тақозои давр буда, маҳз ҳамин омил метавонад ба равнақ додани бахши туризм мусоид бошад. Зеро, бо нокифоягии мутахассисон ва кадрҳои соҳибтахассуси соҳа наметавон барои расонидани хизматрасониҳои муносиб ба шумораи афзоишёбандаи сайёҳон комёбӣ ба даст овард.
Вале зери сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти равнақ додани соҳаи сайёҳӣ, ба тасвиб расидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт қабул гардида, аз лиҳози Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020, Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 ва дигар санадҳо метавонанд дар боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ ва равнақ ёфтани соҳаи туризм дар кишвар ба тариқи назаррас мусоидат намоянд. Аммо дар як сурат метавон дар бахши сайёҳи комёбӣ ба даст овард, ки ҳама ҷанбаҳои санадҳои қабулгардида ба инобар гирифта шуда, дар амал татбиқ карда шаванд.

Суғдмеҳри Маъруфзод




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: