МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА: ЊХДТ БО НИГОЊИ НАВ БА ИНТИХОБОТ ВОРИД МЕШАВАД14-01-2025, 10:59
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар асоси Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон, ки 4-уми декабри соли 2024 ба имзо расид, 2-юми марти соли 2025 интихоботи вакилон ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї ва маљлисњои мањаллии вакилони халќ баргузор мегардад, ки то санаи баргузории ин маъракаи муњимми сиёсї камтар аз ду моњи дигар боќї мондааст. Њизби Халќии Демократии Тољикистон бо иќдомњои тоза ва Барномаи пешазинтихоботии мукаммал бо шиори “Барои пешрафт ва саодати халќи Тољикистон!” ба интихоботи дарпешистода ворид мегардад. Бо маќсади шарњу тавзењи Барномаи пешазинтихоботии ин неруи бузурги сиёсї суњбате доштем бо муовини якуми Раиси Њизби Халќии Демократии Тољикистон Маликшо Неъматзода, ки фишурдаи онро манзури хонандагони њафтанома мегардонем: - Ќаблан Шуморо ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Њизби Халќии Демократии Тољикистон ва интихоб гардиданатон ба њайси муовини якуми Раиси њизб тањният мегўем. Нахуст мегуфтед, ки Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар интихоботи навбатї бо кадом шиор ба интихобот ворид хоњад шуд ва Барномаи пешазинтихоботии њизб кадом самтњоро дарбар мегирад? - Ташаккури зиёд! Пеш аз њама, бояд ќайд намуд, ки Њизби Халќии Демократии Тољикистон тањти роњбарї ва роњнамоии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Раиси Њизби Халќии Демократии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон тањким бахшидани давлатдории миллї, истиќлолу озодї, вањдату ягонагї ва суботу амниятро муњимтарин масъалањои њаёти љамъиятии њизб арзёбї мекунад. Њизби мо њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро эътироф карда, барои татбиќи моддаи якуми Конститутсия, ки барои њар як узви љомеа шароити арзанда ва инкишофи озодонаро муќаррар кардааст, талош меварзад. Бинобар ин, Барномаи пешазинтихоботии Њизби Халќии Демократии Тољикистон самтњои муњимтарини рушди Тољикистонро дар панљ соли оянда дар мадди аввал гузоштааст. Пешвои миллат, Раиси Њизби Халќии Демократии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зимни суханронии худ дар Анљумани ХV Њизби Халќии Демократии Тољикистон, ки 18-уми декабри соли 2024 баргузор шуд, басо бамаврид ќайд намуданд: “Мо ба интихоботи дарпешистода бо барномаи худ, ки фарогири њамаи масъалањои муњимми њаёти љомеа ва давлат аст, ворид мешавем. Барномаи пешазинтихоботии њизби мо њадаф ва самтњои муњимтарини рушди Тољикистонро барои солњои 2025-2030 муќаррар намуда, ба тањкими озодиву истиќлол, пойдории суботу амният, рушду тавсеаи иќтисодиёт ва бењбуди њаёти иќтисодиву иљтимої ва фарњангии кишвар нигаронида шудааст”. Ќобили ќайд аст, ки таъмини рушди иќтисодиёт яке аз вазифањои муњимтарини мо буда, Њизби Халќии Демократии Тољикистон фаъолияти худро ба амалї намудани њадафњои стратегии мамлакат равона месозад. Масъалањои тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї ва илму маориф њамчун самтњои стратегии сиёсати давлатї дар мењвари сиёсати њизби мо ќарор дорад. Масъалаи фарњанги миллї ва иттилоот низ дар фаъолияти Њизби Халќии Демократии Тољикистон маќоми махсусро ишѓол менамояд. Зеро фарњанги миллї љузъи људонашавандаи њувияти њар як халќ аст. Дар шароити љањонишавї моро зарур аст, ки барои аз тањмили (экспансияи) омилњои манфї ва мафкураи бегона эмин нигоњ доштани фарњанги миллї шањрвандонро дар рўњияи худшиносии миллї, ифтихори ватандорї ва шаъну шарафи шањрвандї тарбия намоем. Инчунин, дар доираи Барномаи њизб масъалањои ташаккули “иќтисоди сабз”, њифзи муњити зист, раќамикунонии соњањои иќтисоди миллї ва хизматрасонињои давлатї њамчун самтњои афзалиятнок ањаммияти калидї доранд. Њизби Халќии Демократии Тољикистон зарурати такмили низоми ќонунгузориро шарти муњимми пешрафти љомеа њисобида, баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањолї ва таъмини волоияти ќонунро њамчун талаботи асосии љомеаи шањрвандї ва фаъолияти самарабахши низоми сиёсии кишвар эътироф менамояд. Њизби мо дар партави сиёсати “Рўй овардан ба љавонон” тадбирњои мушаххасро амалї карда, барои рушди зењнию љисмонии љавонон имкониятњои мусоидро фароњам меорад. Боло бурдани нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалї, идома додани сиёсати “дарњои кушода” ва њамкорї бо њамаи кишварњои љањон дар заминаи эњтироми усулу меъёрњои пазируфташудаи њуќуќи байналхалќї дар фаъолияти Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар бахши сиёсати хориљї њадафи асосї ба њисоб меравад. Барномаи пешазинтихоботии њизби мо асоси воќеї ва таљрибавї дошта, пањлуњои муњимми њаёти љамъиятию сиёсї, иќтисодию иљтимої ва фарњангии љомеаро фаро мегирад. Бинобар ин, њар як узви фаъоли њизбро зарур аст, ки дар татбиќи барномаи мазкур, ки ба рушди рўзафзуни иќтисоди кишвар ва пешрафту ободии ояндаи Тољикистон мусоидат хоњад кард, бетараф набошад. Пешвои миллат, Раиси муаззами њизб муњтарам Эмомалї Рањмон борњо таъкид намудаанд, ки “имрўз аъзои Њизби Халќии Демократии Тољикистонро ѓояи умумї ва вазифањои бузурге, ки њалли онњо танњо ба манфиати љомеа аст, муттањид менамояд”. Итминон дорем, ки сармоягузорї ва хосса, сармояи инсонї, инноватсия ва технологияњои раќамї, истифодаи оќилонаи захирањои табиї ва њифзи муњити зист имкон медињад, ки Тољикистони азизи мо аз лињози сиёсї устувору босубот, аз нигоњи иќтисодї пешрафтаву ќудратманд, аз назари иљтимої одилонаву рушдёфта ва барои пешбурди зиндагии љомеа созгор гардад. Барномаи пешазинтихоботии Њизби Халќии Демократии Тољикистон тамоми масъалањои љомеаи кишварро фаро мегирад, ки иљрои он вазифаи муњимми аъзои фаъоли њизб ба њисоб меравад. Мо њама њадафу тасмимњоямонро дар шиори “Барои пешрафт ва саодати халќи Тољикистон!” хулоса намудаем ва дар партави он фаъолият хоњем кард. - Чун дар масъалаи тањким бахшидани озодиву истиќлол, вањдату ягонагї ва суботу амният дар љомеа суњбат намудед, лутфан бигўед, ки дар Барномаи пешазинтихоботии Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар самти густариши худшиносии миллї, ифтихори ватандорї, шаъну шарафи шањрвандї ва таќвияти маърифати сиёсї, пешгирї аз зуњуроти номатлуби иљтимої, муќовимат ба экстремизм ва терроризм њалли кадом масъалањо муњим шуморида мешавад? - Дар самти густариши худшиносии миллї ва ифтихори ватандорї, пеш аз њама, њифз кардан ва тањким бахшидани давлатдории миллї дар шароити пуртазоду печидаи геополитикии минтаќа ва љањон, бархўрди манфиатњои кишварњои абарќудрат ва омилњои манфии љањонишавї, тањким бахшидани худшиносиву худогоњии миллї, њисси ватандўстиву ватандорї ва маърифати сиёсиву њуќуќии ањолии кишвар, њимоя ва таблиѓи арзишњои миллї дар шароити љањонишавї, арљгузорї ба забони давлатї ва дигар муќаддасоти миллї, баланд бардоштани сатњи маърифати сиёсии шањрвандон, эњтиром ба арзишњои демократї, андешидани чорањои муассир љињати пешгирї аз таассуб ва хурофот, ки ба амнияти кишвар халал ворид менамояд, таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, таќвият ва тањкими иќтидори мудофиавии кишвар ва тањкими дунявияти кишвар њамчун омили њифзи арзишњои давлатдорї басо муњим шуморида мешавад. Инчунин, дар самти пешгирї аз зуњуроти номатлуби иљтимої, муќовимат ба экстремизм ва терроризм низ тадбирњои муњимму сариваќтї пешбинї гардидааст. Такмили минбаъдаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба пешгирї ва муќовимат ба экстремизм ва терроризм, мусоидат ба фаъолияти бомарому самараноки сохторњои давлатї ва нињодњои љомеаи шањрвандї дар самти пешгирї аз зуњуроти номатлуби ифротгароию терроризм, экстремизм, ташаккули љањонбинии муосир ва баланд бардоштани фарњанги сиёсии љомеа аз тадбирњое мебошанд, ки дар самти пешгирї аз зуњуроти номатлуби иљтимої нигаронида шудаанд. - Зикр намудед, ки Њизби Халќии Демократии Тољикистон таъмини рушди иќтисодиётро яке аз вазифањои муњимтарин њисобида, фаъолияти худро ба амалї намудани њадафњои стратегии мамлакат равона месозад. Дар баробари амалї гардидани наќшањои пешбинишуда дар бахши иќтисод бештар ба њалли кадом масъалањо афзалият дода мешавад? - Дар ин самт ба рушди сифатии иќтисодиёт, бо равиши босуръат саноатї кардани кишвар, љорї намудани навоварињо, такмили низоми дастгирии соњибкориву сармоягузорї ва тавсеаи иќтисоди раќамї афзалият дода хоњад шуд. Инчунин, раванди љорї намудани дастовардњои нави технологї, иттилооти раќамї ва зењни сунъї вусъат дода мешавад. Гузашта аз ин, дар бахши иќтисод њалли масъалањои иљтимої афзалияти бештар касб менамояд. Њизби Халќии Демократии Тољикистон рушди иќтисодиёти кишварро асоси бунёди љомеаи одилона ва пешрафта мењисобад. Аз ин рў, тасмим гирифтааст, ки дар таъмини рушди устувори иќтисодї ва баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардуми кишвар, инчунин, иљрои муваффаќонаи њадафњои стратегии давлат пешсаф ва сањмгузор бошад. Њизби мо барои ноил шудан ба маќсаду афзалиятњои муайяншуда дар солњои 2025-2030 амалисозии тадбирњои муњимро дар самти пешбурди сиёсати иќтисодї бо роњи баланд бардоштани самаранокї, диверсификатсия ва раќобатнокии истењсолоти ватанї тариќи тањияи ќонунњои нав ва пешнињоди таѓйиру иловањо ба ќонунњои мављуда бо маќсади комёб шудан ба њадафњои “Стратегияи миллии рушди Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2030”, мусоидат ба азхудкунии оќилона ва истифодаи самараноки сарватњои табиии кишвар ва ба ин васила, тањким бахшидани неруи иќтисодии минтаќањои мамлакат, љалби бештари сармоя бо маќсади таъмин намудани рушди соњањои истењсолї, бунёди корхонањо ва љойњои кории нав, дастгирии содирот, вусъатбахшии љараёни диверсификатсияи истењсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо, барќарор кардан ва бунёди иќтидорњои нави истењсолї дар соњањои гуногуни иќтисоди миллї, паст намудани сатњи осебпазирии иќтисоди миллї аз омилњои манфии беруна ва таъмин кардани рушди иќтисоди раќамї ва савдои электрониро вусъат хоњад бахшид. Инчунин, дар самти ба кишвари транзитї табдил додани Љумњурии Тољикистон иќдомоте, ба монанди идома додани ислоњот дар самти бењтар намудани фазои сармоягузорї ва соњибкорї, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси љавобгў ба талаботи бозори мењнати муосир, рушди босуръати минтаќањои озоди иќтисодї ва саноатї аз тадбирњои дигаре мебошанд, ки дар Барномаи пешазинтихоботии Њизби Халќии Демократии Тољикистон барои панљ соли оянда пешбинї шудааст. Ѓайр аз ин, дар самтњои баланд бардоштани сатњи зиндагии ањолї ва зиёд кардани табаќаи миёна, њифзи амнияти озуќаворї ва дастрасии ањолї ба ѓизои хушсифат, татбиќи сиёсати энергетикии кишвар, такмили низоми молиявии кишвар ва таъмин намудани самаранокии фаъолияти бозори хизматрасонињои молиявї, мукаммалгардонии низоми идоракунии давлатї ва таќвияти раванди њамоњангсозии сиёсати рушд ва дар самти рушди сайёњї ва инкишофи инфрасохтори он тадбирњои мушаххас роњандозї хоњад шуд. - Масъалањои бењдошт ва њифзи иљтимоии ањолї, илму маориф аз самтњои стратегии сиёсати давлатї мебошанд, ки дар мењвари сиёсати Њизби Халќии Демократии Тољикистон ќарор доранд. Лутфан бигўед, оид ба масъалањои зикршуда, ки болотар ишора кардед, њизб дар иљрои кадом корњо худро масъул мењисобад? – Бале, воќеан њам, Њизби Халќии Демократии Тољикистон масъалаи илму маорифро дар маркази таваљљуњи худ ќарор дода, ин соњаи муњимро њамчун яке аз самтњои стратегии сиёсати давлат эътироф менамояд. Илова ба масъалањои њифзи иљтимоии кормандони соњаи маориф, баланд бардоштани маќоми омўзгор ва амсоли инњо дар ин давра дар назди маориф як ќатор масъалањои комилан нав гузошта мешаванд. Дар ин самт татбиќ намудани “Стратегияи Љумњурии Тољикистон дар соњаи илм, технологияњо ва инноватсия барои давраи то соли 2030” ва андешидани тадбирњои зарурї барои њавасмандгардонии ихтироъкорї ва навоварї дар назар дошта шудааст. Оид ба ин масъала низ Пешвои миллат, Раиси муаззами Њизби Халќии Демократии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронии худ дар Анљумани ХV Њизби Халќии Демократии Тољикистон таъкид намуданд: “Масъалаи илму маориф дар барномањои њизби мо мавќеи аввалиндараљаро ишѓол менамояд. Зеро рушди њамаи соњањои њаётан муњимми мамлакат, пеш аз њама, ба рушди соњаи илму маориф вобаста мебошад. Дар ин самт мо аз бунёди муассисањои томактабї ва мактабњо сар карда, то чопи китобњои дарсї ва истењсоли ашёи хониш корњои зиёдеро анљом додем ва ният дорем, ки ислоњоти соња бояд то њадди нињої расонида шавад”. Дар Барномаи пешазинтихоботии њизби мо сиёсати иљтимоии давлат њамчун омили низомсоз муќаррар гардида, барои рушди он минбаъд низ тадбирњои зарурї андешида мешаванд. Бо маќсади расидан ба зиндагии шоиста дар панљ соли оянда баланд бардоштани њадди аќали музди мењнати кормандон, стипендияи хонандагон ва донишљўёни муассисањои тањсилоти умумї, ибтидої, миёна ва олии касбї ва нафаќа, вусъатбахшии шуѓли пурмањсул ва танзими бозори мењнат ба наќша гирифта шудааст. Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар њалли масъалањои тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї низ то ба имрўз иќдомњои зиёдеро пиёда намудааст, ки дар ин бобат Раиси муаззами њизб муњтарам Эмомалї Рањмон зимни суханронї дар Анљумани ХV Њизби Халќии Демократии Тољикистон таъкид намуданд, ки “њизби мо ба татбиќи сиёсати иљтимої ва њалли масъалањои иљтимої, ки яке аз авлавиятњои барномавии давлат ва Њукумати мамлакат мебошад, таваљљуњи аввалиндараља зоњир менамояд. Зеро яке аз њадафњои њизби мо аз рўзи таъсисёбї њамоно таъмини зиндагии шоистаи ањолї буда, дар ин муддат дар кишвар барномањои зиёди иќтисодиву иљтимої татбиќ гардиданд. Дар шароити мураккаби иќтисодиву молиявии имрўза дастгирии соњањои иљтимої ва махсусан, табаќањои осебпазири ањолї аз љумлаи ташаббусњои ѓамхоронаи њизби мо ба хотири мардуми Тољикистон мебошад”. Бинобар ин, мо дар оянда низ доир ба бењсозии дастрасї ва сифати хизматрасонињои тиббию санитарї, махсусан, барои гурўњњои камбизоат ва сокинони дењот кўшиш ба харљ медињем. Њизби мо њалли масъалањои иљтимоиро аз њадафњои асосии худ медонад ва дар таъсиси инфрасохтори иљтимої, хусусан, ислоњоту навсозии он, бењтар кардани шароити оилањои ниёзманд ва људо намудани кумакњои иловагї ба ятимону маъюбон худро масъул мењисобад. - Шумо гуфтед, ки дар доираи Барномаи њизб масъалањои ташаккули “иќтисоди сабз”, њифзи муњити зист, раќамикунонии соњањои иќтисоди миллї ва хизматрасонињои давлатї њамчун самтњои афзалиятнок ањаммияти калидї доранд. Дар ин самт чї корњо ба сомон расонида хоњанд шуд? - Дар самти ташаккули “иќтисоди сабз”, њифзи муњити зист ва бењдошти вазъи экологї тадбирњо, ба монанди тањия ва татбиќи ќонунгузорї љињати тавсеаи “иќтисоди сабз” дар асоси принсипњои байналмилалї, такмили ќонунгузории соњаи экология, махсусан, дар самти њифзи муњити зист ва баланд бардоштани фарњанги экологии шањрвандон, мусоидат ба татбиќи ташаббуси чоруми љањонии Тољикистон дар соњаи об - “Дањсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028”, таќвияти раванди мутобиќшавии бунёдї ба талаботи “иќтисоди сабз”, ташаккул додани заминањои њавасмандгардонии фаъолияти инноватсионї дар самти самаранокї, сарфаљўйї ва ба роњ мондани истифодаи васеи технологияњои инноватсионї ва каммасраф, тањкими њамкории байналмилалї дар самти љалб намудани захирањои молиявї ва интиќоли технологияњои муосири љавобгў ба талаботи “иќтисоди сабз”, љорї намудани принсипњои “иќтисоди сабз” дар соњањои мухталиф, пешгирї кардани таназзули замин, об, љангал, захирањои гуногуни биологї ва зиёд намудани масоњати онњо, иштирок ва сањмгузорї дар татбиќи лоињањои минтаќавї ва байналмилалї дар самти таѓйирёбии иќлим ва љалби сармояи хориљї дар ин самт, мусоидат ба њифзи олами њайвоноту набототи Тољикистон ва андешидани тадбирњо љињати таќвияти маърифати экологии ањолї ба назар гирифта шудааст, ки татбиќи онњо аз манфиат холї нест. - Болотар ишора кардед, ки Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар партави сиёсати “Рўй овардан ба љавонон” тадбирњои мушаххасро амалї карда, барои рушди зењнию љисмонии љавонон имкониятњои мусоидро фароњам меорад. Чун дар гузашта роњбарии Кумитаи кор бо љавонон, варзиш ва сайёњиро ба уњда доштед, аз нигоњи Шумо дар масъалаи рушди зењнию љисмонии љавонон кадом тадбирњо муассир њастанд? - Пеш аз њама, як нуктаро зикр кардан бамаврид аст, ки дар Барномаи пешазинтихоботии Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар самти сиёсати љавонон ва варзиш якчанд иќдомњое пешбинї шудааст, ки њамаи ин тадбирњо сариваќтї ва муассир мебошанд. Зеро сиёсати љавонон ва варзиш яке аз самтњои муњим ва афзалиятноки Њизби Халќии Демократии Тољикистон ба шумор рафта, татбиќи босамари он њамчун кафолати дастёбї ба њадафњои барномавии њизб маънидод мешавад. Њизби Халќии Демократии Тољикистон фароњам овардани шароити мусоид барои рушди њамаљонибаи зењнию љисмонии љавонон, тарѓиби тарзи њаёти солим дар миёни онњо, тарбияи љисмонї ва рушди варзишро яке аз омилњои муассири тарбияи љавонон дар руњияи худшиносию ватанпарастї ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалї арзёбї мекунад. Дар Барномаи пешазинтихоботии њизби мо дар самти сиёсати љавонон, пеш аз њама, идома бахшидани сиёсати “Рўй овардан ба љавонон” ва дар роњи расидан ба ин њадаф њарчи бештар фароњам овардани шароит ва заминаву имкониятњои мусоид барои рушди маънавию ахлоќї, тањсил ва кору фаъолияти љавонон, дар зењну шуури насли наврас ва љавонони мамлакат тарбия намудани њисси баланди миллї, эњсоси худшиносиву ватандўстї, ахлоќи њамида, эњтироми падару модар ва калонсолон, сабру тањаммул, омўзиши илму дониш ва касбу њунарњои муосир, зањматдўстї ва риояи волоияти ќонун, паст кардани сатњи бекорї, пешгирї кардани зуњуроти номатлуб дар байни љавонон ва вайроншавии оилањои љавон, ташаккули мафкураи миллї, тарѓиби тарзи њаёти солим ва рушди љисмонии љавонон, фароњам овардани шароит љињати гирифтани тањсилоти сифатнок ва мусоидат ба рушди ихтироъкорию эљодкории љавонон, омодасозї ва дастгирии мутахассисони љавон љињати ба вазифањои роњбарикунанда пешнињод намудани кадрњои лаёќатманд, дастгирии ташаббусњои созанда ва барномањои соњибкории љавонон мадди назар гирифта шудааст. - Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар Барномаи пешазинтихоботии худ афзалиятњои сиёсати хориљии кишварро чї гуна муайян мекунад? - Њизби Халќии Демократии Тољикистон наќши сиёсати хориљии кишварро дар раванди рушди Тољикистон, чун давлати соњибихтиёру мустаќил, муњим мешуморад. Љумњурии Тољикистон дар равандњои љањонии вобаста ба баррасї ва њалли масоили минтаќавию байналмилалї, алалхусус, дар ду дањсолаи охир иштироки фаъол дорад. Дар шароити кунунї сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон, ки дар маљмуъ, бар асоси усулњои амалгарої (прагматизм) ва воќеъбинї устувор мебошад, бояд ба татбиќи пайгиронаи њадафњои милливу давлатии кишвар мусоидат намояд. Тањаввулоти пайвастаи замони муосир ва воќеиятњои љорї Тољикистонро водор месозад, ки барои њифзи љойгоњи сазовори худ дар равандњои глобалї тадбирњои бештар амалї андешад. Ба ин манзур, Љумњурии Тољикистон сиёсати хориљии “дарњои кушода”-ро дар марњалањои минбаъда низ пайгирона дар амал татбиќ намуда, ба ибтикороти байналмилалии худ идома хоњад дод. Иштироки густурдаи давлати мо дар фаъолияти созмонњои байналмилаливу минтаќавї аз зарурате ибтидо гирифтааст, ки кишварамон дар тањкими амнияту суботи байналмилалї аз рўйи имкон сањм гузошта, њимояи манфиатњои хеш, инчунин, љалби имкониятњои технологї, иќтисодї, сиёсї ва зењнии онњоро барои иљрои њадафњои дарозмуддати сиёсати хориљии Тољикистон таъмин намояд. Бинобар ин, Њизби Халќии Демократии Тољикистон, пеш аз њама, тањкиму густариши минбаъдаи муносибатњои дуљониба ва бисёрљониба ва њамкорињои мутаќобилан судманди Љумњурии Тољикистон бо њамаи давлатњои аъзои Созмони Милали Муттањид, шарикони стратегї, кишварњои шарик ва минтаќа бо дарназардошти тањаввулоту дигаргунињои љањони муосир, идома додани њамкории фаъол бо созмонњои бонуфузи байналмилалї, минтаќавї, нињодњои молиявии байналмилалї ва кишварњои шарик бо маќсади пешбурди раванди татбиќи ташаббус ва ибтикорњои байналмилалии Тољикистон, татбиќи чорањои гуногунљанба бо маќсади њимояву тањкими истиќлол, фаъолгардонии иќдомњо дар чањорчўби дипломатияи фарњангї барои муаррифї ва ташвиќу тарѓиби таърих, анъана ва фарњанги мардуми тољик дар арсаи љањониро аз афзалиятњои сиёсати хориљии кишвар дониста, татбиќи тадбирњои пешбинишударо салоњи кор медонад. - Оид ба пешбарии номзадњо аз Њизби Халќии Демократии Тољикистон ба вакилии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї, даъвати њафтум (солњои 2025-2030), ки дар Анљумани ХV Њизби Халќии Демократии Тољикистон пешнињод гардиданд, чї назар доред? - Аз 28 нафар номзадњои пешбаринамудаи ЊХДТ 11 нафари онњо бонувон ва 17 нафар мардон буда, намояндагони касбу кори гуногун, аз љумла 5 нафар њуќуќшинос, 8 нафар иќтисоддон, 5 нафар омўзгор, 3 нафар адабиётшинос ва дигарон таърихшинос, технолог, муњандис, агроном ва мутахассиси умури гумрукї мебошанд. Дар интихоби номзадњо мо меъёри “меритократия”, яъне донишу лаёќат, мањорати касбї, сифатњои кордонї ва забондониро ба инобат гирифтаем. Њизби мо шахсонеро ба вакилї пешнињод хоњад кард, ки ба хотири пойдорї ва устувории давлат талоши доимї дошта бошанд. Бовар дорем, ки бањри дар амал татбиќ намудани Барномаи пешазинтихоботии Њизби Халќии Демократии Тољикистон, ки он њамчун њуљљати роњнамо самтњои муњимтарини рушди Тољикистонро барои солњои 2025-2030 пешбинї менамояд ва маќсади асосии он тањким бахшидани давлатдории миллї, истиќлолу озодї, вањдату ягонагї ва суботу амният дар љомеа мебошад, талош намуда, ба Ватан, давлат ва љомеа содиќонаву софдилона хизмат менамоянд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Њизби Халќии Демократии Тољикистон ба интихоботи вакилон ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї ва маљлисњои мањаллии вакилони халќ бо нигоњи нав ворид хоњад шуд. Бинобар ин, аз њамаи шањрвандони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар татбиќи Барномаи пешазинтихоботии Њизби Халќии Демократии Тољикистон ва фароњам овардани ояндаи созгор “Барои пешрафт ва саодати халќи Тољикистон!” якљо бо мо сањмгузор бошанд. - Ташакур барои суњбат. - Саломат бошед! Мусоњиб Ибодулло ТОЊИРОВ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.





[/banner_right-3]


