Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Нақши ҷавонон дар пешгирӣ аз экстремизми хушунатомез

Нақши ҷавонон дар пешгирӣ аз экстремизми хушунатомез

4-03-2025, 12:47
Хабарро хонданд: 1136 нафар
Назарҳо: 0
Нақши ҷавонон дар пешгирӣ аз экстремизми хушунатомез Экстремизми хушунатомез як таҳдиди ҷиддӣ барои амният ва суботи ҷомеаҳои мухталиф боқӣ мемонад. Аммо, бо вуҷуди мушкилиҳои зиёде, роҳҳои муассири ҳал кардани ин масъала мавҷуданд. Яке аз чунин роҳҳо, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар равандҳое мебошад, ки ба пешгирии тундгароӣ ва хушунат равона шудаанд. Дар ин замина, баргузории форумҳо, хусусан форуми ҷавонон, конфронсҳо, семинарҳо, муколамаҳо ва дигар платформаҳое, ки ба табодули афкори ҷавонон мусоидат мекунанду ба майдони гуфтугӯи кушод ва созанда табдил мешаванд ба як воситаи муҳими мубориза бо экстремизм, буда метавонанд. Ҷавонон, ки дар марҳилаи ташаккули ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои худ қарор доранд, гурӯҳи калидӣ барои пешгирии экстремизми хушунатомезро ташкил медиҳанд. Онҳо ба идеологияҳои радикалӣ осонтар моил мешаванд, аммо ҳамзамон омода ба тағйирот ва хости хуб кардани ҷаҳон низ ҳастанд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки барои онҳо имкониятҳои мувофиқ барои гуфтугӯи созанда фароҳам оварда шаванд, ки дар он онҳо метавонанд афкору андешаҳояшонро мубодила намоянд, масъалаҳои муҳими ҷомеаро баррасӣ кунанд ва роҳҳои ҳалли онҳоро ҷустуҷӯ кунанд.
Муколамаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, конфронсҳо, хусусан форумҳои ҷавонон барои онҳо имконият медиҳанд, ки дар гуфтугӯ ширкат кунанд, афкор мубодила намоянд ва стратегияҳои муқобилият бо хушунат ва экстремизмро омӯзанд. Дар чунин форумҳо, иштирокчиён метавонанд саволҳои муҳим бипурсанд, бо фарҳангҳо ва назарҳои ҳамдигар ошно шаванд ва роҳи ҳалли мушкилотро ҷустуҷӯ кунанд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон ҳангоми иштирок дар чунин чорабиниҳо бо ҳам бештар унс мегиранд ва аз фикру андешаҳои ҳамдигар огоҳ шуда, мақсадҳои ниҳоии худро бо ҳам муболила мекунанд. Дар ин робита метавон иқдомҳои ташкилоти ҷамъиятии фонди миллии “Шоҳроҳи абрешим” ро, ки дар доираи лоиҳаи «Таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳо байни ҷавондухтарону ҷавонписарони осебпазир ба тундгароӣ» бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва маблағгузории Ҳукумати Канада, амалӣ мегардад, зикр намуд. Дар доираи ин лоиҳа бо баргузории семенар ва тренингҳоо, ҳамчунин Форуми ҷавонон низ роҳандозӣ мешавад. Аз натиҷаи чунин форумҳо бармеояд, ки ҷавонон имрӯз мехоҳанд ар чӣ бештар гирди ҳам омада ба муқобили чунин падидаҳои номатлуб якдилона мубориза баранд. Абдуғанӣ Мамадазимов коршиноси соҳа роҳбари такилоти ҷамъиятии фонди милии “Шоҳроҳи абрешим” ва иҷрокунандаи лоиҳаи мазкур зикр кард, ки бо баргузории чунин семинару конфрнсҳо, хусусан ташкили Форуми ҷавонон дар робита ба масъааи, ҷавононро дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба ҳам оварда, барои мубодилпи афкор ва назарҳо, ҳачунин гирифтани иттилоъи бештар аз мутахассисон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Яке аз ҷанбаҳои муҳими форумҳо имконияти рушди фикри интиқодӣ мебошад, ки ба ҷавонон кӯмак мекунад, ки идеологияҳои экстремистиро аз назарҳои созанда фарқ кунанд. Музокираҳо дар чунин чорабиниҳо ба ҷавонон кӯмак мекунанд, ки фаҳманд, ки экстремизм аз куҷо сар мезанад, кадом омилҳо ба паҳншавии он таъсир мерасонанд ва чӣ гуна метавон ба ин таҳдидҳо муқобилат кард. Бозиҳои интерактивӣ, дебатҳо ва муҳокимаҳое, ки дар форумҳо баргузор мешаванд, кӯмак мекунанд, ки ҷавонон малакаҳои таҳлилӣ ва арзёбии интиқодиро рушд диҳанд, ки ба онҳо дар шикастани манипулятсияҳои тундгароҳо кӯмак мерасонад.
Мувофиқи таҳлилҳои коршиносони соҳа, мубориза бо экстремизми хушунатомез талаб мекунад, ки кӯшишҳои ҷавонон якҷоя шаванд. Форумҳо, ки бо иштироки созмонҳои байналмилалӣ ва миллӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ташкил мешаванд, барои ҷавонон имконият медиҳанд, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва мақомоти давлатӣ кор кунанд. Ин ҳамкорӣ кӯмак мекунад, ки талошҳо барои таҳияи ҳалли муваффақ дар пешгирии экстремизм ва таҳкими устувории ҷомеа самараноктар шаванд. Чуноне ки сарвари давлат зикр менамоянд, ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд, барҳақ аст. Дар ин робита нақши ҷавонон дар мубориза ба терроризму экстримизиро низ метавон баланд арзёбӣ кард, зеро маҳз ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазири ин раванд ҳастанд, аммо ҳамзамон метавонанд дорои иқтидори мустаҳкаме дар муқобии он низ бошанд. Бо муҷаҳҳаз гардондани хеш бо илму дониш ва маълумоти кофӣ дар атрофи падидаҳои даҳшатноки тундгароии хушунатомез ва оқибатҳои харобиовари он, мо ҷавонон, метавонем саҳми худро дар пешгирӣ ва мубориза ба ин вабои аср гузорем,- мегӯяд Шералӣ Давлат яке аз ширкаткунандагони фаъоли семинар ва Форуми ҷавонон дар шаҳри Бохтар.
Иштироки ҷавонон дар гуфтугӯ дар бораи пешгирии экстремизми хушунатомез на танҳо имкониятест, ки онҳо андешаҳои худро ифода намоянд, балки имкониятест, ки боиси фаъолона дар ташаккули ояндаи бехавф ва ором иштирок кардани онҳоро рушан месозад. Танҳо тавассути гуфтугӯи созанда мо метавонем ҷомеаи ободу бехавф созем, ки дар он ҷо хушунат ва экстремизм вуҷуд надошта бошад- хулоса намуд, яке аз иштироккунандагони ҷавони Фруми ҷавонон, ки дар шаҳри Бохтар баргузор шуд.

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳо байни ҷавондухтарону ҷавонписарони осебпазир ба тундгароӣ» таҳия гардидааст. Лоиҳа бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва маблағгузории Ҳукумати Канада ба роҳ монда шуда, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии фонди миллии “Шоҳроҳи абрешим” амалӣ мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп

Маводро таҳрир намуд orifi - 23-04-2025, 00:29
Сабаб: http://hamsafon.tj/cpanel.php?mod=editnews&action=editnews
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: