Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон соли 2023 беш аз 8 миллиард долларро ташкил дод

Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон соли 2023 беш аз 8 миллиард долларро ташкил дод

15-02-2024, 14:15
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон соли 2023 беш аз 8 миллиард долларро ташкил додГардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 ба 8 миллиарду 314,5 миллион доллар баробар гардид, ки 863,6 миллион доллар ё 11,6 фоиз нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода 14 феврал дар ҷамъи хабарнигорони ватанию хориҷӣ дар Душанбе бо натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти гумруки мамлакат дар соли 2023 гуфт, ки аз 8 миллиарду 314,5 миллион доллари гардиши савдои хориҷии мамлакат дар соли 2023 5 миллиарду 880,1 миллион долларро воридот ва 2 миллиарду 434,3 миллион долларро содирот ташкил медиҳад.

Номбурда афзуд, ки воридоти мол соли 2023 нисбат ба соли 2022 (5 123,6 миллион доллар) 756,6 миллион доллар ё 14,8 фоиз зиёд шуда, содирот нисбат ба соли 2022 (2 327,3 миллион доллар) ба андозаи 107,0 миллион доллар ё 4,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки соли 2023 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 94,9 миллион доллар ёрии башардӯстона ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2022 (124,1 миллион доллар) 29,2 миллион доллар ё 23,5 фоиз кам мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: