Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд

Вчера, 08:48
Хабарро хонданд: 35 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи сафари расмии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Тайиланд, ки 25-26 ноябр баргузор гардид, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода бо президенти калонтарин бонки Тайиланд Bangkok Bank Чартсири Софонпанич доир ба имконияти сармоягузорӣ дар бахши молиявӣ: низоми бонкӣ ва суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, зарурати дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкории низоми бонкии давлатҳо, таъсиси филиали бонкии Bangkok Bank дар Тоҷикистон, инчунин кушодани суратҳисобҳои муросилотиро саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо вазири саноати Тайиланд Аканат Промпхан ва баъдан бо президенти Бонки содиротӣ ва воридотии Тайиланд (EXIMBANK) доктор Рэк Ворракитпокатор мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрии ҷонибҳо масъалаҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Тайиланд мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар мулоқот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки омодаанд ҳамкории ду давлатро бо амалӣ намудани барномаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ, тиб, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо тақвият бахшанд.

Ҳамзамон масъалаи иштироки Бонки содиротӣ ва воридотии Тайиланд дар лоиҳаҳои муҳимми бахшҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ҳайати Тоҷикистон инчунин бо муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Шоҳигарии Тайиланд хонум Кобкарн Ваттанаврангкул ва намояндагони Шурои савдои Тайиланд мулоқот намуда, вазъи кунунии иқтисоди давлатҳо ва имконияти нави тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, энергетика, савдо, логистика ва истифодаи технологияҳои муосири зеҳни сунъиро баррасӣ карданд.

Дар маҷмуъ, байни ҷонибҳо муколамаи солим ва фарогири самтҳои гуногун оид ба ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: