ХОҲЕМ, КИ АДОЛАТПАРВАР БОШЕМ...22-10-2024, 14:06
Хабарро хонданд: 518 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданд, ки он ба рушду пешрафти ҷомеа равона гардида, дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон нақши муассир хоҳад гузошт. Дарвоқеъ, дар соли таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси навбатии Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ифодагари арҷгузорӣ ба ҳуқуқҳои инсон ва арзишҳои демократӣ маънидод гардида, аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдорӣ пайдо намуд. Тавре ки Роҳбари давлат санаи 9-уми марти соли равон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар иброз доштанд: “Мақсад аз эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад”. Бояд зикр кард, ки Пешвои миллат пайваста ташаббусҳои наҷибу созандаеро рӯйи кор меоваранд, ки дар ҳалли мушкилоти минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ мебозад. Давоми соли равон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат доир ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомотҳои дахлдор гурӯҳҳои корӣ ташкил гардида, дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо мардум суҳбату вохӯриҳо баргузор мешаванд. Огоҳ шудани мардум аз моҳияти қонунҳои амалкунандаи давлат, хусусан, дар раванди ҷаҳонишавӣ аз хатарҳои беруна, таъсиргузорӣ ба мафкураи насли имрӯзу оянда, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ташаккул додани ҷомеаи демократии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Дар моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд”. Маврид ба зикр аст, ки ҷомеаи донишманду арҷгузор ба арзишҳои давлатдорӣ эҳтиром гузоштаву дар чаҳорчӯбаи қонун кору фаъолият намуда, шаҳрвандон новобаста аз мақому ҷойгоҳи худ бо риояи қонунҳои мавҷуда барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саъю талош хоҳанд кард. Дар ҷомеаи имрӯза яке аз принсипҳои асосии эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Дар моддаи 1, боби аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Дар ин радиф аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ояндаи наздик мебошад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки пиёда сохтани ҳамаи ин ҳадафҳо, бахусус, бунёди ҷомеаи шаҳрвандиву ҳуқуқбунёд аз шаҳрвандон, пеш аз ҳама, доштани маърифати волои ҳуқуқиро тақозо менамояд. Пӯшида нест, ки танҳо ҷомеаи дорои маърифати ҳуқуқӣ қодир аст, ки бо дарки моҳият ва азхуд намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳои худро пуштибонӣ карда метавонад ва ин ҳолат хоси ҷомеаи кишварҳои пешрафтаву демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Аксари мушкилоте, ки дар ҷомеаи муосир мушоҳида мешавад, аз сатҳи донишҳои ҳуқуқиву дарки уҳдадориҳои ҳуқуқӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии амалҳои шахс вобастагӣ доранд. Ҳамчунин, танҳо маърифати баланди ҳуқуқӣ ба инсон имкон медиҳад, ки дар раванди амалисозии ҳуқуқҳои худ ба ҳуқуқҳои дигарон таъсир нарасонад. Шахси соҳибмаърифату огоҳ аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ оқибати амалҳои худро дарк карда, хавфи кирдори худро нисбат ба шахсони дигар, ҷомеа ва давлат пешбинӣ карда метавонад. Хушбахтона, бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дараҷаи дониши сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандони кишвари мо боло рафта истодааст. Чуноне ки дар “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” омадааст: “Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ карда мешавад. Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад”. Дар умум, баланд бардоштани маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз самтҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳар фарди худогоҳро водор менамояд, ки бо бозомӯзиву ташаккули ҷаҳонбинии хеш сатҳи саводнокӣ ва донишҳои ҳуқуқии худро баланд бардорад. Зеро ҷомеа ва давлат дар марҳилае ба тараққиёту пешрафтҳо ноил мегардад, ки қишри аъзами шаҳрвандони кишвар саводманду аз донишҳои ҳуқуқшиносӣ баҳраманд бошанд. Маҳз шаҳрвандоне дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва рушду нумуи Ватани худ саҳми арзанда гузошта метавонанд, ки соҳибмаърифат бошанду аз ҳуқуқҳои худ баҳравар,зеро адолатхоҳиву адолатпарварӣ бидуни ин зарфиятҳо имконнопазир аст. Муҳаммад ИСМОНОВ,
кормӯзи вазифаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.