Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе Форуми V олимони аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад

Дар Душанбе Форуми V олимони аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад

22-10-2024, 13:00
Хабарро хонданд: 328 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе Форуми V олимони аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад 23-24 октябр дар Душанбе Форуми V олимони аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, ки дар он олимону муҳаққиқони варзида ва роҳбарони муассисаҳои илмии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» ба истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳадафи асосии форум фаъолсозӣ ва рушди ҳамкории илмию техникӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳлили ҳолат ва имконияти рушди илми фундаменталӣ, инчунин такмили раванди рақамикунонӣ дар маориф ва илм дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Дар ҳошияи форум ҳамзамон ҷаласаи XII Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони назди Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.

Ташкилкунандагони форум Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байнидавлатии ҳамкории бунёдии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мебошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: