Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Лоиҳаи «Маблағгузории соҳибкории занон» баррасӣ гардид

Лоиҳаи «Маблағгузории соҳибкории занон» баррасӣ гардид

3-10-2024, 10:01
Хабарро хонданд: 246 нафар
Назарҳо: 0
Лоиҳаи «Маблағгузории соҳибкории занон» баррасӣ гардидЛоиҳаи «Маблағгузории соҳибкории занон» (WE Finance Code) дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ ва ширкатҳои «Consumer CentriX» ва «International Project Consult (IPC) GmbH» дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо вобаста ба оғози кори лоиҳа, ҳолати кунунии ҷамъоварӣ, таҳлил ва истифодаи маълумот дар бораи фаъолияти занони соҳибкор, таҳияи нақша барои беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ барои дастгирӣ дар самти ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар бахши молиявии мамлакат табодули назар намуданд.

Лоиҳаи «Маблағгузории соҳибкории занон» аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии маблағгузории занони соҳибкор таҳия гардидааст.

Ҳадафи он ташкили заминаи мусоид барои васеъ намудани имконияти маблағгузорӣ ба соҳибкории занон мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: