Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки

1-07-2019, 14:38
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки натиҷаи ин мулоқот имконоти густариши ҳамкорӣ ва самтҳои нави онро байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, фароҳам меорад.

Сума Чакрабарти ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди сиёсати бобарори иқтисодӣ, ҷорӣ кардани ислоҳоти муваффақ дар ҳамаи бахшҳо ва рушди бонизоми кишвар, баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рушди энергетика ва истифодаи босамари нерӯи барқ, ташаккули инфрасохтори ҳамлу нақл бо мақсади тавсеаи ҳамкории минтақавӣ, дастгириии бахши хусусӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, рушди боэътимоди бозори молиявии мамлакат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, махсусан, дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнокро, муҳокима карданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкории зичу пурсамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон бо маблағи 755 миллион доллар 127 лоиҳаи гуногун татбиқ гардид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 22 лоиҳаи сармоягузорӣ тавассути маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми беш аз 520 миллион доллар амалӣ гардида истодааст.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи ҳамкорӣ дар самти татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва ҷудо кардани маблағҳои грантӣ, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: