Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим дар Душанбе баррасӣ шуд

Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим дар Душанбе баррасӣ шуд

17-09-2024, 11:20
Хабарро хонданд: 131 нафар
Назарҳо: 0
Роҳи бузурги Абрешим роҳи ҳамгироӣ, мубодила ва муколамаи Шарқу Ғарб маҳсуб шуда, беш аз ду ҳазор сол дар пешрафт ва шукуфоии тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Чунин гуфта шуд дар конфронси илмӣ-назариявӣ, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим» баргузор гардид.

Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим дар Душанбе баррасӣ шуд Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки конфронс ба воридшавии ёдгориҳои фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО бахшида шуда, дар он директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, акдемики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яъқубов, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ сухан намуданд.

Тавассути Роҳи бузурги Абрешим, ки роҳи корвонгузар буд ва аз Чин ба воситаи Осиёи Миёна то ба Рум тӯл мекашид, тиҷорат ва робитаҳои мутақобили фарҳангӣ амалӣ мешуд. Ин аст, ки аҷдодони тоҷикон давоми чандин асрҳо пуштибонони асосии ин роҳ маҳсуб мешуданд.

Дар конфронс олимону донишмандон дар мавзуъҳои «Асосгузорони Роҳи бузурги Абрешим», «Муҳоҷирати тахориҳо дар Роҳи Абрешим», «Дипломатияи абрешимӣ чун асоси ташаккул ва фаъолияти Роҳи бузурги Абрешим», «Қалъаҳои Помир ва пайванди онҳо бо Роҳи Абрешим» ва «Мақоми роҳҳои тиҷоратӣ дар замони Ҳахоманишиҳо» маърузаи илмӣ карданд.

Дар анҷоми конфронс иштирокдорон доир ба мавзуи «Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим» табодули назар намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: