ШИНОСОӢ БО МАРКАЗИ ИДОРАКУНИИ БОРКАШОНИИ БАНДАРИ РОҲИ АБРЕШИМ ДАР ШАҲРИ СИЯМИН3-11-2023, 15:52
Хабарро хонданд: 560 нафар
Назарҳо: 0
Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси ҳизб, Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар шаҳри Сиямин бо фаъолияти Маркази идоракунии боркашонии баҳрии Роҳи Абрешим шинос шуданд.
Роҳбарияти маркази мазкур Ли Нан оид ба таърихи роҳҳои баҳрии Абрешим, бандар, фаъолияту имкониятҳои он, нақши техникаву технологияи замонавӣ дар таъмини ҳаракати бехатари ширкатҳои боркашон иттилоъ дод. Иттилоъ дода шуд, ки бандари Сиямин аз ҳама калонтарин дар гулугоҳи Тайван буда, бо бандарҳои 50 давлати дунё ва 68 хатсайрҳои баҳрӣ пайваст аст. Муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ бо муҳим донистани нақши бандари Сиямин дар рушди иқтисоду саноати давлатҳои дунё ба роҳбарияти шаҳри Сиямин ва масъулони бандар барои пазироии самимӣ сипосгузорӣ кард. Роҳи Абрешим, ки маъмулан ҳамчун аввалин роҳи тиҷорати ҷаҳонӣ дар таърих маъруф аст, аз табодули оддии молҳо миқёс ва аҳаммияти бузургтар дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.