М О Д А Р И МА Н - Д У Н Ё И М А Н8-05-2024, 11:07
Хабарро хонданд: 2991 нафар
Назарҳо: 38
Дар пайроҳаи зиндагӣ Модарам Саидмоҳ ном дошт. Мардуми деҳаи Кӯли Суфиён ӯро кӯтоҳакак Сидмо ном мебурданд. Ҳангоме ки дар синни бисту дусолагӣ шавҳар карда, ба деҳаи Кангурттути булукоти Кангурт рафт, сокинони ин макони зебоманзар исмашро Саймо ба забон меоварданд. Ӯ соли 1910 чашм ба олами ҳастӣ кушода буд. Давраҳои кӯдакӣ, наврасӣ, ҷавонӣ ва баъдан, лаҳзаҳои бо хиёнати шавҳари булҳавасаш бо чор фарзанди ноболиғу оворааш дар замони пурхурӯш, зиддиятҳои пуршиддати тираву тори аморати Бухоро, таъсисёбии нахустин давлати тоҷикон, мубориза ба муқобили дастаҳои ғоратгари босмачиён, ташкили хоҷагиҳои коллективӣ, ҷонбозиҳои халқи Шуравӣ ба муқобили истилогарони фашистӣ ва ободонии водии Вахш гузаштанд. Бародари бузургаш Халифа Бегмирзои Холмирзо ҳофизи дастаи ҳунарманди машҳури диёри Кангурт Карими Шиш бар хилофи иродаи хоҳараш Саидмоҳро ба як шиноси дӯсташ, ки барои хостгорӣ омада будааст, соли 1932 ба марде бо номи Ғуломи Қоришариф ба шавҳар медиҳад. Ҳаёти дувоздаҳсолаи хушбахтонаи оилавиаш бо дахолати зани сабукпое хотима ёфта, соли 1944 пеш аз таваллуди ман шавҳараш ӯро бо чор фарзанди хурдсолаш партофта меравад. Ҷавонзани сивучорсолаи бонангу ору номус соли 1950 ба водии тафсону қамишзори Вахш кӯч баста, дар ободонии ин диёри Ватан саҳми арзандаи худро мегузорад. Новобаста аз хорию қашшоқӣ ва бесарпаноҳию бечораҳолӣ то охири умр чун дигар занони деҳа шикваю шикоят намекард. Мисли мурғе, ки барои дафъи хатари гуруснагию муҳтоҷӣ чор тифлашро зери қаннот гирифта, агар мағзи ноне меёфт, ба мо фарзандон ва махсусан ба мани писарбачаи охиринаш тақдим мекард. Дар чордеворӣ ва каппаи қазоқӣ зиндагӣ карда, барои он ки мо руҳафтодаю дилшикаста нашавем, шабҳои дарози хунуку сарди зимистон ва гарму нафасгардони тобистон қиссаву афсонаҳои руҳбахш ҳикоя мекард. Камгап ва ҳамеша дар ҳаракат буд. Ба хонаи ҳамсояҳо намерафт ва баръакс, ҳамсоязанҳо, ки аксарашон бева буданд, ба манзили мо меомаданд. Дар ин гуна лаҳзаҳо модарам доимо онҳоро бо шакароб зиёфат медоду ҳангоми суҳбати тӯлонӣ дастонаш дар чунбуҷули офаридани нақше ва ё дӯхти рӯймоле банд буд. Ба эроди занҳои ҳамсоя бо табассуми ба худ зебанда мегуфт: - Даҳон марди калон аст. Бо даҳон ҷаҳонро гирифтан мумкин, вале корро дасту по мекунад. Намад мерехт, гилем мебофт, тоқию рӯймол медӯхт, даврӣ, шероз ва ҳар гуна нақшу нигор меофарид. Тамоми фикру зикраш ба он банд буд, ки мо азоби бепадарӣ, бесарпаноҳиро дар зиндагиамон ҳис накунем. То дами вопасини маргаш меҳнат кардаву заҳмат кашида, ҳамаи моро соҳибу хонаву дар ва оила кард. Расмаш ҳамеша дар тахтаи фахрии хоҷагии пахтакории «Коммунизм» - и ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) овезон буд. Ҳоло ин хоҷагӣ ба номи Устоди пахтаи ҷумҳурӣ Ниёзмуҳаммад Бегов номгузорӣ карда шудааст. Ҳеҷ вақт овозашро баланд накарда, нисбат ба шӯхиҳои беҷо ва “қаҳрамонӣ”-ҳои бешумори мо, ки деҳаро ба сар мебардоштем ва ба қавли сокинони деҳа - ёғигиҳои «сағираҳои сарлучу побараҳна» коҳиш, сарзаниш ва шаллоқу шаттаро кор намефармуд, то ки дилҳои моро аз меҳри модарӣ маҳрум накунад. Ҳама вақт ба “найрангҳо ва тохтутозҳои ҷасуронаамон” ба боғу палакзори мардум бо табассуми малеҳ таъкид мекард: - Мардум гумон набаранд, ки шумо бе падар калон шуда истодаед. Фарзандонам, пеш аз он ки ба амале даст занед, аввал ақлатонро кор фармоед. Мардум набояд шуморо “сағира” гӯянд. Мо чор нафарро хӯронду хононд. Якеамон омӯзгор, дуюмӣ ронанда, сеюмӣ ҳуқуқшинос ва чорумӣ касби кишоварзиро интихоб намудем. Ба ҳаёти гузаштаи модарам назар карда, аз дил мегузаронам: модари ман - дунёи ман аст. Дар давоми умри бобаракаташ касеро наранҷонд. Аҳли деҳа хислати хоксориву саховатпешагиашро ҳурмату эҳтиром мекард. Рӯзи ҷанозааш гумон кардам, ки маъракаи тӯй мебошад. Таъзиягарон аз тамоми деҳаҳои гирду атроф бо сардории раиси хоҷагӣ Ниёзмуҳаммад Бегов омада, ҷасадашро бо иззату икром ба хок супориданд ва ман болои қабраш тахтасанги мармарӣ гузошта, ду мисраъ шеъри дӯстдоштаашро аз сурудаҳои ҳофизи шодравон Дӯстмурод Алиев ҳаккокӣ кардам: Бимон, ман сӯзаму ту дар амон бошӣ, Бимон, ман мираму ту ҷовидон бошӣ. Барои амонию ҷовидонии мо, фарзандони ятиммондааш умри худро қурбон намуд. Зиҳӣ, модари ғамхору мушфиқи ман! Ту рисолати модарии худро дар назди Офаридгори олам бо сари баланд иҷро намудӣ ва ман назди хокдонат ба зону зада, сар ба таъзим фуруд меорам, модари ҷонам! Зариф Ғулом,
адиб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.