БА ПЕШВОЗИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
Ашраф Абул-Язид беш аз 33 сол ҳамчун рӯзноманигори фарҳангӣ дар нашрияҳо ва оҷонсиҳои арабӣ, аз ҷумла маҷаллаи “Ал-Арабӣ”, (Кувайт, 2002-2016), “Reuters”, (Қоҳира, 2002), маҷаллаи адабии “Адаб ва Нақд”, (Қоҳира, 2001) кор кардааст.
Ашраф Далӣ муаллиф ва тарҷумони 42 китоб мебошад. Ӯ аз ҷониби ташкилотҳои гуногуни фарҳангӣ ҳамчун узви ҳакамон интихоб шудааст, аз ҷумла Фестивали байналмилалии суруднависони Коста-Рика (2017), Фестивали байналмилалии филмҳои мусулмонии Қазон (2021) ва Ҷоизаи Ассотсиатсияи нависандагони Панафриқоӣ барои шеъри “Африқо” (2022). Аз моҳи апрели соли 2016 президенти Ассотсиатсияи журналистони Осиё, сармуҳаррири силсилаи адабии “Роҳи абрешим” аст. Узви Иттифоқи нависандагони Миср ва ноиби президенти Конгресси журналистони Африқо (CAJ) мебошад.
Мавсуф дар маҷаллаи адабии “Роҳи абрешим” ба ҳайси сармуҳаррир, президенти Ассотсиатсияи журналистони Осиё, Телевизиони Қувайт ва Телевизиони “Ал-Арабия”, баранда, муҳаррир ва директори барномаи телевизионӣ барои ду мавсими солҳои 2010 ва 2012, маҷаллаи “Ал-Арабӣ”, муҳаррири маҷаллаи фарҳангӣ, (Қоҳира), 2001-2002, маҷаллаи “Адаб ва Нақд” (адабиёт ва интиқод) ва ғайра кору фаъолият кардааст.
Ашраф Абул-Язид бо ҷоизаҳои “Шахси маданияти сол”, (Тотористон, 2012), Ҷоизаи асосии О Манхэ барои адабиёт (Ҷумҳурии Корея 2014), Ҷоизаи рӯзноманигории фарҳангии Араб (АМА 2015), Медали тилло дар Фестивали адабии Авруосиё LIFFT FESTIVAL, (Истанбул, 2021) ва ғайра сарфароз шудааст.
“БИГЗОР МУСИҚИИ ТОҶИКӢ БАЛАНДТАР САДО ДИҲАД!”
Президенти Ассотсиатсияи журналистони Осиё, узви Раёсати Ҳаракати ҷаҳонии шеър-Дунё бидуни девор Ашраф Абул-Язид ДАЛӢ, Миср:
-Дар ин рӯзҳо 30-юмин солгарди таъсисёбиии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо роҳбарии Раиси муаззами муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар хотима гузошта, ба мардум сулҳу субот овард, ҳамчун хотираи азизи мардуми тоҷик ҷашн гирифта мешавад.
Таваҷҷуҳи ман ба фарҳанги ин кишвар аз он аст, ки пойтахти он -шаҳри Душанбе яке аз истгоҳҳои Роҳи абрешим аст ва ман орзу дорам, ки пас аз боздид аз ҳамсоягонаш аз он дидан кунам.
Ташаббуси асосгузори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, оғози сиёсати “дарҳои боз” буда, ҳамзамон, барои ҳифзи ҳуқуқи на фақат тоҷикон, балки тамоми ақаллиятҳои муқими Тоҷикистон, сарфи назар аз дин, ранги пӯст ва миллат мебошад. Илова бар ин, тамоми динҳо бо қонунгузории ҷумҳурӣ танзим карда мешаванд.
Хурсандибахш аст, ки сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз барномаҳои Ҳизби Халкии Демократии Точикистон маншаъ мегирад, бомаром рушду тавсеа пайдо мекунад. Яке аз иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намудани 3 озмуни ҷумҳуриявии адабӣ, фарҳангӣ ва илмӣ мебошад, ки дар даври аввал беш аз 600 ҳазор кӯдаку наврасон иштирок мекунанд.
Соли 2024 барои баргузории ин озмунҳо аз Хазинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024-ум 12 500 000 сомонӣ ҷудо шуд, ки муодили 1 141 051,25 доллари ИМА мебошад. Аз ин маблағ баробар ба 417 ҳазору 168,34 доллар барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷудо шудааст.
Дар тӯли 30 соли мавҷудияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кишвар беш аз 3 ҳазор мактабу боғча сохта, беш аз 3 ҳазор корхонаҳои саноатӣ бунёд ёфтанд, ки аз ин ҳисоб 54 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд.
Барои мо, адибону зиёиён муҳим он аст, ки мамлакат дар соҳаи фарҳанг ба даст овардааст.
Ҳаҷми умумии китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар соли 2006-ум ба 12 миллиону 676 ҳазору 755 нусха расида, дар аввали соли 2014 ба 18 миллиону 883 ҳазору 205 нусха расид - бо тағйироти сифатӣ дар таркиби хазинаи китобхонаҳои кишвар, ки дар натиҷа шумораи китобҳо ба забони тоҷикӣ аз 3 миллиону 538 ҳазору 757 нусхаи соли 2006 то ба 4 миллиону 600 ҳазор нусха дар соли 2014 афзудааст. Илова бар ин, хазинаи китобхонаҳои ҷумҳурӣ 4 миллиону 852 ҳазору 807 адад китобҳои электрониро дарбар мегирад.
Иқдомҳои наҷиб ва башардӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инчунин, ба роҳ мондани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро ба як кишвари намунавӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт табдил дод.
Миёни моҳи гузашта шоҳиди як шаби мусиқиву адабӣ шудам, ки ба ман имкон дод бо фарҳанги тоҷикон, бахусус мусиқӣ ошно шавам. Дар байни мусиқии тоҷик бо дигар шаклҳои мусиқии Осиёи Марказӣ алоқаи зинда ва зич мавҷуд аст.
Мусиқии классикии “Шашмақом” ба Ҷумҳурии Узбекистон ҳам хос аст. Дар Тоҷикистони ҷанубӣ низ як навъи махсуси мусиқии халқӣ вуҷуд дорад, ки дар маъракаҳои тӯй ва дигар чорабинихо иҷро карда мешавад.
Мусиқии мардумии тоҷик ба таври анъанавӣ ба се услуб тақсим мешавад: мусиқии помирӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), кӯҳистони марказӣ (минтақаҳои Хатлон, Ҳисор ва Рашт) ва Суғдиёни Шимолӣ.
Намудҳои зиёди иҷрои лирикӣ ва мусиқии асбобӣ, аз ҷумла сурудҳои маросимӣ, арӯсӣ ва эпосҳои мусиқӣ ва ғайра офарида шудааст.
Мусиқии идона (ид) ҷашни баҳорро таҷлил мекунад ва сурудҳои идона бо ҳамроҳии асбобҳои торӣ, аз қабили дутор ва дойраро дарбар мегирад. Ҷашни “Сайри гули лола” мусиқии хору рақсро дарбар мегирад ва муҳимтарин тарона дар ин ҷашнвора “Нақши калон” ном дорад. Таваллуди кӯдак низ як ҷашни махсуси мусиқӣ аст. Намудҳои дигар низ вуҷуд дорад ва мусиқии суннатии арӯсии тоҷикиро навозандагони ҳирфаӣ, аксаран бонувон иҷро мекунанд, ки ин гурӯҳҳоро “даста” мегӯянд.
Бигзор дар ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар фазои сулҳу осоиш садои мусиқии тоҷик баланд гардад ва шодии тамоми дӯстдорони фарҳанг зери навои меҳру муҳаббат ба ҳамаи халқҳои рӯйи замин зиёда гардад…
Ба забони тоҷикӣ тарҷумаи Абдуқаҳҳори Қосим