ДАСТОВАРДҲОИ ОБСАБЗШИНОСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН2-05-2024, 11:48
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон диёри кӯҳистон буда, бо миқдори зиёди гуногунии биологии набототу ҳайвоноташ дар Осиёи Марказӣ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Олимони машҳури рус ва тоҷик, ба монанди В.Л.Комаров, Б.А.Федченко, Н.В.Гончаров, П.Н.Овчинников, В.И.Запрягаева, У.К.Маматкулов, А.Н.Махсумов, Ю.С.Носиров, Х.Ҳ.Каримов, П.Ҷ.Усмонов ва дигарон дар қарни гузашта дар ин ҷо кору фаъолиятҳои илмии хешро гузаронида, сирру асрори ин сарзамини бостониро оид ба бою ғанӣ буданаш аз набототу ҳайвонот дар асарҳои безаволи худ барои наслҳои оянда баён доштаанд. Дар Тоҷикистон то имрӯз бештар аз 9 ҳазор намуд растанӣ ва бештар аз 13 ҳазор ҳайвонот ба қайд гирифта шудааст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати гуногунии биологӣ бойтарин сарзамин ба шумор меравад. Обсабзҳо яке аз гурӯҳҳои калони гуногунии олами растаниҳои дараҷаи паст ва камомӯхтаи диёрамонро ташкил дода, омӯзиш ва истифодаи минбаъдаи амалии онҳо яке аз самтҳои нисбатан нави илмӣ ва афзалиятноки Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар институт корҳои илмӣ оид ба омӯзиши гуногунии биологӣ, таркиби таснифотӣ, паҳншавӣ ва экологияи обсабзҳо дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илми биология, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ Ҳикмат Ҳисориев, ки худ соҳибмактаб ва асосгузори соҳаи илми “Обсабзшиносӣ” дар Тоҷикистон мебошад, бомувафаққият давом доранд. Силсилаи корҳои илмии “Обсабзҳои Тоҷикистон: гуногунии биологӣ, таркиби таснифотӣ ва экология”, ки Ҳикмат Ҳисориев барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илмҳои биологӣ ва кишоварзӣ дар соли 2024 пешниҳод кардааст, 2 монография ва 10 мақолаи илмиро дарбар мегирад. Монографияи якуми Ҳикмат Ҳисориев, ки дар мавзуи “Euglenophyta континентальных водоёмов (флора, экология, морфология, географическое распространение, филогения и таксономия” (Душанбе, Дониш-2013) бахшида шудааст, ба забони русӣ дар ҳаҷми 378 саҳифа ва 8 боб ба табъ расидааст. Ин асар аввалин таҳқиқоти фундаменталӣ дар соҳаи обсабзшиносӣ (Algology - яке аз шохаҳои илми ботаника) мебошад, ки муаллиф гуногунии биологии обсабзҳои эвгленофитии обҳои континенталии (сатҳи хушкӣ) кураи Замин, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро дар сатҳи баланди илмӣ ва ҳаматарафа таҳлил ва натиҷагирӣ кардааст. Дар китоб гуногунии флоравӣ, тарзи таснифотӣ, таксономия, тағйирпазирии ирсӣ, ғайриирсӣ, пайдоиш, филогения, эволютсия ва паҳншавии онҳоро дар мавзеъҳои обии тамоми қитъаҳо (ба ғайр аз Антарктида) ва минтақаҳои географии кураи Замин ба анҷом расонидааст. Аз нуқтаи назари танқидӣ, муаллиф адабиёти илмии ҷаҳониро (зиёда аз 1000 номгӯй) таҳлил намуда, дар бобҳои 2-5-и ин асар ӯ боигарии флоравӣ, гуногунии таснифотӣ, намудҳо ва авлодҳои эндемикиро дар минтақаҳои гуногуни рӯйи Замин ва обҳои континенталии кишварҳои Амрикои Шимолию Ҷанубӣ, Аврупо, Африқо, Австралия, Осиё ва дар ҳудуди Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон)-ро бори аввал бо далелҳои илмӣ муайян ва дақиқ кардааст (бобҳои 1,2,3). Ҳамчунин, таҳқиқоти ӯ доир ба қонуниятҳои паҳншавии экологӣ дар зонаҳои мухталифи географӣ ва ақидаи хосаи ӯ дар бораи флорогенез (пайдошавии аввалин ҷамоаҳо)-и обсабзҳои мазкур дар ҳудуди Тоҷикистон саҳифаи навест дар илми ботаника ва хусусан дар омӯзиши флорогенези обсабзҳои минтақаи Осиёи Марказӣ. Бо такя аз маводи ғании шахсан ҷамъовардаи муаллиф (бобҳои 6-7) дар ҳудуди Тоҷикистон ва ноҳияҳои ҳаммарзи Узбекистон, ҳамчунин, бо таҳлили маводҳои дигари муҳаққиқон ӯ тавонистааст категорияи муҳимми биологӣ - мафҳуми “намуд”-ро дар обсабзҳо равшан созад ва тағйирпазирии индивидуалӣ (фардии) ва тағйирпазирии экологии ғайриирсии аломатҳои фарҳкунандаи намудҳои ин обсабзҳоро исбот намояд. Дар ин хусус Ҳикмат Ҳисориев чунин ақида пешниҳод менамояд: тағйирпазирии аломатҳо дар обсабзҳо характери клиналии нисбӣ дошта, дар авлодҳои Trachelomonas ва Phacus ҳамчун тағйирпазири геоклинӣ (вобаста ба мавқеи географии муҳит) ва дар авлоди Euglena - тағйирпазирии экоклинӣ (ба шароитҳои экологии муҳит вобаста) хос мебошад. “Тағйирпазирии геоклинии аломатҳои морфологии намудҳо дар навбати худ зина ба зина ба пайдо шудани дигар аломатҳои дискретӣ ва баъдан, ба намудҳои нави биологӣ оварда мерасонад”,-қайд менамояд муаллиф. Ақидаи хосаи муҳаққиқ дар бобҳои 5 ва 8 доир ба эволютсияи обсабзҳои эвгленӣ дар давраҳои гуногуни геологии Замин ва бо тарзи аллохтонӣ ва автохтонӣ пайдо шудани аввалин намудҳои онҳоро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон фикри нави илмӣ дар ин соҳа мебошад. Ба ақидаи Ҳикмат Ҳисориев, ҷамоаҳои аввалини обсабзҳои Euglenophyta дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва хусусан дар Тоҷикистон аз ҷиҳати генетикӣ гуногун буда, нахустин намудҳои онҳо баъд аз аз баҳри Тетис озод шудани минтақа, ба таври аллохтонӣ аз минтақаҳои ҷануби Сибири Ғарбӣ, Қафқоз, баҳри Миёназамини куҳан ва Осиёи Шарқии қадима пайдо шуда, баъдан, бо роҳи автохтонӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва кӯчиши баъзе намудҳои дигар аз маҳалҳои ҳаммарзи Тоҷикистон пайдо шудаанд. Монографияи 2-юм: “Обсабзҳо: гуногунии биологӣ ва биоэкология” (Душанбе, Дониш-2020, 236 саҳ.) аз иқдоми аввалинест, ки ба забони тоҷикӣ Ҳикмат Ҳисориев бо ҳаммуаллифии шогирдонаш М.Бобоев ва П. Қурбонова доир ба обсабзҳо ба табъ расонидааст. Муаллифон бо истифода аз 368 номгӯй адабиёт доир ба обсабзҳо, гуногунии шуъба ва гурӯҳҳои обсабзҳоро бо дарназардошти системаҳои навини таксономӣ таҳлил кардаанд. Дар бобҳои 1-4-и ин асар ба хусусиятҳои морфологию биологӣ ва гурӯҳҳои гуногуни экологии обсабзҳои Тоҷикистон, шаклҳои мутобиқатии намудҳо дар шароити мухталифи муҳит ва ҳамзистии симбиозии обсабзҳо бо гурӯҳҳои гуногуни организмҳо диққати махсус дода шудааст. Назарияи пайдоиши обсабзҳо бо роҳи эндосимбиогенез бидуни таҳаввулот (эволютсия) бо ақидаю мулоҳизаҳои танқидии муаллифон таҳлил ва рад карда шудааст. Муаллифон ақидаи хешро доир ба тадриҷан мураккабшавии сохту сохтору фаъолияти ҳаётии обсабзҳо ва аз обсабзҳои прокариотии якҳуҷайраи одисохту номуташаккил дар рафти эволютсияи олами органикӣ, зина ба зина пайдо шудани обсабзҳои бисёрҳуҷайраи эукариотӣ ва муташаккилро бидуни эндосимбиогенез тарафдорӣ менамоянд. 10 мақолаи илмии ба мавзуи болозикр дахлдошта дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи хориҷӣ -“Turkish Journal of Botany” ва “Algology” ва маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (“Ахбори АМИТ” ва “Гузоришҳои АМИТ”) чоп гардидаанд. Дар ин мақолаҳо муаллиф дар бораи гуногуннамудӣ, таркиби таснифотии шуъбаҳои обсабзҳо, хусусиятҳои экологӣ ва паҳншавии географии онҳо дар обу обанборҳои минтақа ва Тоҷикистон, хусусиятҳои биоиндиктсионии обсабзҳо дар таҳлили сифати об, алалхусус, дарёфти авлодҳо ва намудҳои нави обсабзҳо дар обу обанборҳои кишвар ҳамчун навгонӣ ва ё бозёфтҳои нави флоравӣ дар ҳудуди Тоҷикистон таснифот додааст. Хулоса, силсилаи корҳои илмӣ дар мавзуи “Обсабзҳои Тоҷикистон: гуногунии биологӣ, таркиби таснифотӣ ва экология”-и доктори илмҳои биологӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳикмат Ҳисориев, ки барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илмҳои биологӣ ва кишоварзӣ дар соли 2024 пешниҳод гардидаанд, аҳамияти калони илмию амалӣ дошта, дар рушди минбаъдаи илми биологияи муосир нақши арзишманд мебозанд. Қ. АЛИЕВ ,
узви вобастаи АМИТ, доктори илми биология, профессор, А. АБДУЛЛОЕВ, узви вобастаи АМИ, доктори илми биология, профессор, Б. ҶУМЪАЕВ, узви вобастаи АМИТ, доктори илми биология, профессор, Қ. ПАРТОЕВ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.