Баҳри эҳёсозии анорзори Даштиҷум16-03-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 348 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳия вохӯрии илмию амалӣ роҷеъ ба боғу такпарварӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии илмию амалӣ, ки ҳадафи асосии он баҳри минбаъд афзун гардонидани захираҳои бебаҳои диёрамон, гуногунии биологии кишвар равона гашта буд, олимон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти боғдорӣ ва сабзавоткорӣ, Маркази захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, деҳқонон, муаллимон, мактаббачагон ва намояндагони ноҳияи Шӯрообод ширкат варзиданд.
Дар назди ҳозирин ҷонишини аввали раиси Ҳукумати ноҳияи Шӯрообод Шоев И., раиси ҷамоати деҳоти ба номи Н. Маҳмудов Сидиқов М., роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва замин» Маҳмадалиева М.А., роҳбари боғи анорзори шаҳри Норак Асоев А. ва дигарон ба сухан баромада, ҳозиринро оиди эҳёсозии деҳаи «Анҷироб» ҳидоят намуданд. Олимон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баҳри минбаъд нигоҳдорӣ ва афзун гардонидании ҳосилнокии анорзор тавсияҳо ва маслиҳатҳои муҳими илмию амалӣ пешниҳод карданд. Тоҷикистон яке аз кадимтарин мамлакатҳои кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, сокинони он аз қадимулайём ба зироатчигӣ сару кор доштанд ва ин макон яке аз марказҳои асосии пайдо гаштани гандум, пиёз, сирпиёз, нахудиҳо, полезиҳо, мевагиҳо ва дигар зироатҳо ба шумор меравад. Кишоварзӣ ва гуногунии зироатҳои маҳалии он дар давоми солҳои тулонӣ ҳамсафари ҳаёти доимии мардуми меҳнатқарини тоҷик мансуб мегаштанд. Соҳаи кишоварзӣ ва дастовардҳои маҳалии гуногунии агробиологии ин кишвар асоси рӯзгузаронии ин мардуми кӯҳнабунёду меҳнатпеша ба шумор мерафтанд. Шароити агроэкологӣ ва пасту баландшавии ҳарорати ҳаво, инчунин давомнокӣ ва шиддатнокии нурҳои офтоб дар минтақаҳои кӯҳсори мамлакат омилҳои тағирёбии таббии ба шумор рафта, боиси бой гаштани генофонди « флора ва фауна»-и ин диёр гаштаанд. Чуноне, ки Пешвои миллат, Асосгузори вахдати миллӣ Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси умумҷаҳонӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Созмони милали муттаҳид дар соли 2012 қайд намуда буданд, «…нигоҳдории гуногунии биологӣ на танҳо қисми Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, балки шарти зарурии ҳаёти инсон мебошад». Мавриди зикр аст, ки олими намоён Вавилов Н.И. ҳанӯз дар қарни гузашта чунин қайд намуда буд… «ҳоло нисбати он гуногунии биологие, ки табиат онро дар давоми ҳазорон ва миллион солҳо тавлид намудааст, хело ғамхор бояд буд» ва академик Серебровский А. С. бошад оиди ҳифз ва афзун намудани гуногунии биологӣ чунин гуфта буд … «маҷмӯи ҳамаи генҳои намудро… ман генофонд номидам, чунки генофонд ҳам мисли захираҳои нафт, тилло, ангиштсанг, ки дар қаъри конҳои мо ниҳонанд, боигарии миллӣ ба шумор меравад». Ноҳияи Шӯробод ноҳияи кӯҳӣ буда, иқлими мусоиди он боиси хуб нашъу намо ёфтани тамоми дарахтони мевадиҳанда, аз қабили анор, анҷир, хурмо, себ, чормағз, нок, тут, ангур, зардолу ва дигарҳо аст. Аз ин ҷост, ки сокинони он аз замонҳои қадим санъати баланди парвариш ва афзун гардонидани дарахтони мевадиҳандаро нигоҳ дошта, дар муддати таърихи тӯлонӣ навъҳои маҳаллии басёре аз дарахтони мевадиҳандаро то кунун парвариш намуда, нигоҳ дошта тавонистаанд. Дар муддати садсолаҳо дар ин ҷо дар натиҷаи ғахории одамон ва бо ҳам дурага гаштани бисёре аз навъҳои маҳаллӣ боиси хело васеъ доман паҳн намудани гуногунии дарахтони мевадиҳанда, инчунин гуногунии растаниҳои табобатӣ, ғалладнагиҳо, лубиёгиҳо, хӯроки чорво ва ғайраҳо гаштааст. Зираи хуштаъму хушбӯй ва анорҳои Дашти ҷум на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар беруни он ҳам машҳуру харидори бисёрро дорад. Анори Дашти ҷум, ба хусус анори навъи маҳалии «Шириндона», ки аз ҷиҳати ширинӣ ва лаззаташ дар Осиёи миёна ҳамто надорад. Тавре, ки аз баромади иштирокчиёни ин маҳфил маълум гардид, дар солҳои охир аз сабаби кам гаштани ғамхорӣ нисбати чунин боғҳои нодири анору анҷирзор онҳо гирифтори ҳаргуна касаливу ҳашаротҳои зарраровар гашта, рӯй ба таназзул овардаанд. Аз ин сабаб Ҳукумати мақомоти маҳаллӣ ноҳия тасмин гирифтанд, ки дар деҳаи «Анҷироб» майдони бештар аз 21 га боғи анорро ба 65 оилаҳои ин деҳа тақсим карда диҳанд, то ин ки анорзор бо кӯмаки сокинон, ҷамоати деҳот, олимони соҳа ва саромягузорон аз нав барқарор карда шаванд. Инчунин ба анорпарварон асбобу анҷоми зарурӣ, турҳои оҳанин, дорупошакҳо, нуриҳои маъданӣ, ва дигар лавозимоти зарурӣ аз тарафи Мақомоти ҳукумати маҳал ва Ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва Замин» супорида шуд. Чунин корҳои аз нав эҳёсозии анорзорҳо дар солҳои оянда дар дигар деҳаҳо ва минтақаҳои ноҳия низ ба нақша гирифта шудааст. Олимони аноршиноси институтҳои тадқиқотӣ-илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳфил баромад намуда, барои аз нав эҳёсозии анорзор, чорабиниҳои агротехникӣ, ҷавонгардонии ниҳолҳо, мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳо, реҷаи обмонӣ ва нуриандозӣ маслиҳату тавсияҳои муфиди илмиро ба ҳозирин пешкаш намуданд. Бояд қайд намуд, ки солҳои охир аз сабаби мушкилиҳои иқтисодӣ ва истеҳсолӣ гуногунии агробиологиро дар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, дар ниҳолхонаҳои тадқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои селексонӣ нигоҳ доштан ва миқдори онҳоро афзун намудан мушкил гаштааст. Бинобар ин барои минбаъд аз байн нарафтани навъҳои маҳаллӣ, алалхусус навъҳои маҳалии анор, ба Ҳукумати кишвар, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи мӯҳити зист, олимону матахассисон ва роҳбарони вилояту ноҳияҳо, дигар ташкилотҳои дахлдорро зарур аст, ки ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба мардуми деҳот ва ба боғдорон кӯмак амалӣ расонанд, то ин ки баракати боғоти кишвар боз ҳам афзунтар гардад. Қурбоналӣ Партоев, доктори илмҳои кишоварзӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.