Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҶАРАЁНИ РАҚАМИКУНОНИИ АНДОЗБАНДИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА РОҲҲОИ ТАКМИЛИ ОН

ҶАРАЁНИ РАҚАМИКУНОНИИ АНДОЗБАНДИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА РОҲҲОИ ТАКМИЛИ ОН

17-04-2024, 11:18
Хабарро хонданд: 1501 нафар
Назарҳо: 0
ҶАРАЁНИ РАҚАМИКУНОНИИ АНДОЗБАНДИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА РОҲҲОИ ТАКМИЛИ ОН
Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ба роҳ мондани ислоҳоти иқтисодӣ модели иқтисодии бозориро интихоб намуд.
Гузариши иқтисоди миллӣ аз таври нақшавӣ ба усулҳои нави бозорӣ давраи муайянро дарбар гирифта, дар баъзе аз самтҳои иқтисоди миллӣ тасдиқи худро ёфта, дар баъзе аз соҳаҳо то ба ҳол татбиқи худро пайдо накардааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣбомасъулонисоҳаҳоимолия, андоз, гумруквабонкдориимамлакат, кисоли 2019 баргузоргардида буд, чунин ибрози ақида намуданд: «Дар ин самт гузаштан ба стандарҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ ва автоматикунонии ҳисобот мисол шуда метавонад, ки дар ҷумҳурӣҳанӯз пурра ҷорӣ нагаштаанд. Инчунин, масъалаи рақамикунонии иқтисодиёт, ки дар меҳвари асосии сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, дар баъзе аз соҳаҳо ҳанӯз ҳам суст ба роҳ монда шудааст».
Технологияҳои рақамӣҳамчун як рӯйдоди навини таърихӣ дар ҳаёти инсоният як нав таҳаввулотро ба миён овардааст.
Имрӯз рақамикунонии босуръат ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти инсонро дарбар гирифта, дар соҳаҳои сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ бештар татбиқ мегардад.
Ба андешаи мо, иқтисодиёт аснои марҳилаҳои рушди иҷтимоию таърихии худ як навъ фазои рақамӣ ба ҳисоб рафта, чунин нишондиҳандаҳо ба монанди Маҷмуи маҳсулотидохилӣ, буҷети давлатӣ, фоида, фоиданокӣ, самаранокӣ, даромад, хароҷот, пардохти андозҳо ва манбаи он, таваррум ва ғайра ҳамчун категорияҳои иқтисодӣ бо рақамҳо ифода меёбанд.
Иқтисоди рақамӣ дар шароити муосир ташаккули ҷомеаи инноватсионию иттилоотиеро дарбар мегирад, ки аз омилҳои зерин иборат аст: ҷамъоварӣ ва мубодилаи маълумот тариқи электронӣ, истифода бурдани асъори рақамӣ, муносибатҳои маҷозии иқтисодӣ, сода намудани инфрасохтори нақлиёт бо роҳи пешниҳоди тамоми маълумот тариқи почтаҳои электронӣ, паст намудани хароҷоти тиҷорат, иваз намудани бозорҳои анъанавӣ ба бозорҳои тиҷорати электронӣ ва ғайра.
Дар шароити муосир дар ҷумҳурӣ рақамикунонии иқтисодиёт рӯз то рӯз тараққӣ карда, шаклҳои нави соҳибкорӣ бо истифодаи технологияҳои рақамӣ амалӣ карда мешаванд.
Имрӯзҳо бархе аз соҳибкорон аз технологияҳои нави электронӣ истифода бурда, фурӯши мол ва хизматрасониҳояшонро бо кушодани сомонаҳоимахсус дар шабакаи интернет ба роҳ мемонанд. Махсусан, ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани қарзҳо, сармоягузориҳо ва пардохтҳо маъмул гаштааст.
Имрӯз пардохти андозҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ, пардохти қарзҳо бо телефонҳои мобилӣ аз истифодаи интернет - банкинг, дархости саҳмияҳо аз биржаҳои фондӣ хелеҳам маъмул гаштаанд. Дар ҳолати мавҷудияти интернет дастрасӣ ба маълумот имконпазир буда, муносибатҳоро хеле осон ва сода гардонида, баъзан хароҷотҳоро кам мегардонад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи рақамикунонии иқтисод як зумра консепсия ва барномаҳои давлатӣ амал менамоянд, ки Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси татбиқи раванди мазкурро ташкил менамояд.
Бо дастуру ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд.
«Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун барномаи стратегии рушди соҳа бо ҷалби технологияҳои нав роҳандозӣ намудани муносибатҳои “Ҳукумати электронӣ”, тиҷорати электронӣ, тақвияти пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифодаи интернетбонкинг ва ҳамёнҳою кортҳои электронӣ ва ғайраро дарбар мегирад.
Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар заминаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда шуда, дар се марҳила амалӣ карда мешавад:
-марҳилаи якум то соли 2025;
- марҳилаи дуюм 2026-2030;
- марҳилаи сеюм 2031-2040.
Ҳадафҳои асосии Консепсияи иқтисоди рақамӣҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва татбиқи низоми рақамӣ дар марҳилаҳои муайян, бо мақсади татбиқи иқтисодиётирақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
“Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар заминаи омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, такмили технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии мавҷуда ва ба истифода додани зарфиятҳои наву қавии он амалӣ карда мешавад, ки албатта, барои ин интернети босуръат ва дастрасии оммавӣ ба он зарур аст.
Дар қисми муқаддимавии ин ҳуҷҷат қайд гардидааст, ки “Консепсия ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос ёфта, инъикоскунандаи дурнамои умумии истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, ҳамзамон,ҳарчӣ зудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна расидани он ва ба таври назаррас паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ноил гардидан ба ҳадафҳои асосӣ, яъне, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табодули он ба кишвари транзитӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад”
Инчунин, дар консепсияи мазкур зикр мегардад, ки “Ҷорикунии ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои пешқадам бояд асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва рушди рақобатнокии байналмилалии кишвар гардад.
Рақамикунонии иқтисодиёт барои таъсиси модели нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, такон додан ба табодули намудҳои мавҷуда ва рушди намудҳои нави истеҳсолот, таҳкими тамоюли содиротӣ ва ҳамзамон,қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ бо роҳи воридотивазкунӣ имконият фароҳам меорад.
Консепсия ба гирифтани дивидендҳои рақамӣ дар чунин масъалаҳои барои рушди миллӣ басо муҳим, ба монанди таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (минбаъдММД), табодули соҳаи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст”.
Ҳамин тавр, вусъат ёфтани иқтисодиёти миллӣ ва тараққӣ ёфтани он дар заминаи «иқтисоди рақамӣ» бо татбиқи муносибатҳои инноватсионии электронӣ дар соҳаҳои гуногун асос меёбад.
Ин таҳаввулот ба осон гардидани муносибатҳои гуногуни иқтисодӣ байни субъектҳои хоҷагидорӣ, аҳолӣ ва давлат боис гашта, василаи хуби шаффофияти муносибатҳоро таъмин намуда, ба коҳиш ёфтани иқтисоди соягӣ заминаи мусоид мегузорад.
Татбиқи иқтисоди рақамӣ имконияти онро фароҳам меорад, ки зина ба зина Даромади миллӣ ва Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бо суръати баланд афзоиш ёбанд ва ба некуаҳволии мардуми шарифи Тоҷикистон боис гарданд.
Бояд қайд намуд, ки масъалаи пешниҳоди ҳисоботи электронӣ ба мақомоти андоз яке аз чораҳои татбиқи Ҳукумати электронӣ буда, дар мамлакат бомаром амалӣ карда мешавад.
Баъзан дар минтақаҳо қафомонӣ ба назар расида, мушкилии дастрасӣ ба интернети босуръат шиддати рушди муносибатҳои мазкурро паст менамояд.
Тибқи талаботи банди 18-и моддаи 78-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон “баҳисобгирии шахсони воқеӣ дар мақомоти андоз дар давоми як рӯзи корӣ амалӣ карда мешавад”, аммо тариқи электронӣ амалӣ намудани бақайдгирии андозсупорандагон татбиқ намегардад. Бояд зикр намуд, ки дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон бақайдгирии электронии субъектҳо рушд ёфтааст.
Зарурати бақайдгирии электронии андозсупорандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, ки бояд онро роҳандозӣ намуд.
Ба андешаи мо, сабаби кам гузаштани андозсупорандагон ба намуди электронии пешниҳоди ҳисобот дар пасттар будани суръату сифати интернет дар маҳалҳо, фарҳанги нокифояи истифодабарии техникаю технологияҳои компютерӣ ва кам сарфаҳм рафтани барномаҳои электронӣба ҳисобмеравад.
Бояд қайд намуд, ки пешниҳоди ҳисоботи электронӣ ва бақайдгирии андозсупорандагони электронӣ бояд хубтар ташкил карда шуда, он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ тақвият дода шавад.
Ҳамин тариқ, истифодабарии низоми электронии амалиёти андозро дар мамлакат қонунгузорӣ муайян карда, субъектҳои хоҷагидорӣ онро дар фаъолияти худ истифода менамоянд.
Имрӯз гузаштани ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ ба шакли электронии ҳисобот ва истифодаи ҳуҷраи шахсии андозсупоранда ногузир буда, он метавонад ба кам гаштани хавфҳои коррупсионӣ боис гардад ва ба сарфа гаштани вақт ва маблағ оварда расонад.
Ҳамин тариқ, барои боз ҳам тақвият ёфтани ҷараёни рақамикунонии андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зеринро бояд роҳандозӣ намуд:
- вусъат додани иқтидори техникии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва насби барномаҳои навтарин дар мақомоти андозии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ;
- истифодаи воситаҳои истифодаи мубодилаи электронии молу маҳсулот дар нуқтаҳои савдо;
- тақвият додани муносибатҳои ғайринақдӣ дар савдо ва хизматрасонӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ;
- ташкили бақайдгирии электронии андозсупорандагон дар мақомоти андоз;
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию андозии андозсупорандагон ва пешниҳоди хизматрасониҳо ба шаҳрвандон бо истифода аз воситаҳои рақамӣ;
- пурра гузаштан ба ҳисоботи электронии андозӣ;

Амиралӣ ТАШРИФЗОДА,унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: