Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шаҳомати хосса таҷлил гардид

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шаҳомати хосса таҷлил гардид

19-03-2024, 12:04
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шаҳомати хосса таҷлил гардидДар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шаҳомати хосса таҷлил гардидДар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия..

Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ дар маҷлисгоҳи академия дар мавзуи «Таърих ва фалсафаи Наврӯз» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «Наврӯз ба унвони мардумитарин ва қадимтарин ҷашн давоми солҳо шаҳомати таърихии моро таъмин намуда, барои шинохт ва салобати миллии мо бисёр пояи устувор гузошт».

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар сарзамини биҳиштосои мо таҷлил мегардад, васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад».



Дар конференсия олимон дар мавзуъҳои «Ҷойгоҳи Наврӯз дар «Шоҳнома»- и Абулқосим Фирдавсӣ, «Наврӯз дар устураи офариниш» таҳлилҳояшонро пешкаши ҳозирин намуданд.

Ҳамзамон дар арафаи ин ҷашни миллӣ як зумра олимону кормандони академия бо ифтихорнома ва дигар мукофот қадрдонӣ гардиданд.

Сипас аҳли Раёсати Академияи миллии илмҳо хони наврӯзии оростанамудаи тамоми ниҳодҳои академияро тамошо намуданд.

Дар барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ бо сурудҳои рангинашон хотири иштирокдоронро шод гардониданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: