Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад27-03-2024, 12:03
Хабарро хонданд: 332 нафар
Назарҳо: 0
Шаҳри Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад Охири моҳи моҳи майи имсол мизбони конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тиёншон» мегардад.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар конфронси байналмилалӣ роҳбарони мақомоти соҳаи нақлиёти давлатҳои хориҷи дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Дар ҳошияи конфронс масъалаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ, инчунин баргузор намудани мулоқот бо масъулини давлатҳои хориҷӣ, мушкилот вобаста ба таҳвили таҷҳизот ва бору коло тавассути хатсайрҳои амалкунанда ва нав баррасӣ мегарданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.