Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба интиқоли маводи мухаддир

Дар Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба интиқоли маводи мухаддир

15-05-2019, 13:41
Хабарро хонданд: 10 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба интиқоли маводи мухаддир 16-17 майи соли 2019 дар Душанбе таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ» конфронси сатҳи баланд баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ доир мегардад.

Интизор меравад, ки дар конфронс вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатӣ иштирок кунанд.

Дар маҷмӯъ, намояндагони 50 кишвар ва беш аз 27 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин ҳамоиш ширкат хоҳанд намуд.

Ҳадафи конфронс таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, муайян кардани усулҳои самараноки мубориза бо маблағгузории терроризм, табодули донишу таҷриба дар ин самт, ҳамчунин мусоидат ба муҳокимаи коршиносон дар мавриди вокуниш ба шаклҳои тағйирёбандаи маблағгузории созмонҳои террористӣ мебошад.

Конфронси мазкурро беш аз 200 рӯзноманигори хориҷӣ бозтоб хоҳанд кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: