Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон бо Федрадсияи Россия иртиботот ва ҳамкориҳои хуб дорад

Тоҷикистон бо Федрадсияи Россия иртиботот ва ҳамкориҳои хуб дорад

12-03-2024, 13:10
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон бо Федрадсияи Россия иртибототи ва ҳамкориҳои хуб дорад

Тоҷикистон бо Федрадсияи Россия иртиботот ва ҳамкориҳои хуб дорад Дар бахши тадқиқоти Россияи Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ мизи мудаввари онлайн бахшида ба масъалаҳои дӯстӣ ва низомҳои иртиботӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ барои соли 2023 баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупо, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам ва ҷонишини директори Институти миллӣ-тадкикотии рушди алоқаи Россия, доктори илмҳои фалсафа Валентина Вячеславовна Комлева, маъруза ва табодули андеша намуданд. Дар мизи гирд олимону муҳаққиқон ва кормандони инстути мазкур низ ширкат ва фикрҳояшонро атрофи масъала иброз доштанд.
Гузориши Валентина Вячеславовна натиҷаҳои мониторинги солонаи дӯстӣ ва низомҳои иртибот дар кишварҳои пасошӯравӣ барои соли 2023-ро фаро гирифт, ки аз ҷониби кормандони Институти миллӣ-тадкикотии рушди алоқаи Федератсияи Россия дар кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина гузаронида шудааст. Дар миёни ин давлатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 58,7 имтиёз дар раддабандии рейтингӣ дар ҷои панҷум қарор дорад. Тибқи гузориши соли 2023, шароиту имконот барои рушди коммуникатсияҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ба бахши иҷтимоӣ ва иртибототи ҷавонон беҳтар шудааст. Русия ҳамчунон қуллайтарин кишвар барои шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил, кор ва дарёфти шаҳрвандӣ боқӣ мемонад. Маълумоти оморӣ ва хулосаҳои аз ҷониби муаллифони гузориш бадастомада, имкон медиҳад, ки динамикаи шароиту имкониятҳои иртибототи байнидавлатӣ, муносибат ба Русия дар сатҳи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ва робита байни кишварҳоро муайян карда шавад.
Бояд зикр кард, ки мизи гирди мазкур ва конфронсу вохӯриҳои минбаъда, ки дар атрофи масоили мазкур баргузор хоҳанд шуд, барои мутахассисони соҳаи сиёсати хориҷӣ, идоракунии давлатӣ, ҷомеаи коршиносон ва таҳлилӣ, инчунин ҳар касе, ки ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳ дорад, нигаронида шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: