Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Натиҷагирӣ аз курси бозомӯзӣ ва вазифагузории муовини якуми Раиси ҲХДТ

Натиҷагирӣ аз курси бозомӯзӣ ва вазифагузории муовини якуми Раиси ҲХДТ

2-03-2024, 12:19
Хабарро хонданд: 707 нафар
Назарҳо: 0
Натиҷагирӣ аз курси бозомӯзӣ ва вазифагузории муовини якуми Раиси ҲХДТДар анҷоми курсӣ бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати супоридани сертификат ба шунавандагон, муовини якуми Раиси ҲХДТ, Абдуҷаббор Азизӣ, муовинони Раиси ҲХДТ иштирок намуданд.

Нахуст, тариқи саволномаи тестӣ сатҳи дониши шунавандагон курси бозомӯзӣ санҷида шуд. Сипас, натиҷагирӣ аз курси бозомӯзӣ ва вазифагузории муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ дар доираи фаъолияти корӣ сурат гирифт.

Зимни баромад, Абдуҷаббор Азизӣ зикр дошт, ки муваффақияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба фаъолияти пурсамар ва содиқонаи ҳар як роҳбар ва корманди он вобаста мебошад. Ёдовар шуданд, ки тайи солҳои охир бо дастури Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамари кумитаҳои иҷроияи ҳизб имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст. Имруз қариб тамоми кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳои кишвар биноҳои маъмурии худро бунёд ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидаанд. Барои фаъолияти пурсамар шароити мусоиди корӣ фароҳам буда, моро зарур аст, ки ин имкониятҳоро самаранок истифода барем.

Дар ин радиф таъкид намуд, ки дар бисёр самтҳои фаъолияти ҳизбӣ ҳанӯз ҳам камбудиҳои ҷиддӣ ҷой дошта, баъзе масъалаҳо ҳалли дурусту оқилона ва ислоҳи саривақтии худро мехоҳанд. Аз ҷумла, ташкили хоҷагиҳои ёрирасон дар назди кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ, пурсамар намудани фаъолияти коргоҳҳои дузандагӣ дар назди кумитаҳои иҷроия пайваста мавриди назорат ва корбарӣ қарор гирифта шавад.

Аз ин рӯ моро зарур аст, ки фаъолияти доимиву муназзами худро идома бахшида, бо дастуру ҳидоятҳои Роҳбари маҳбуби худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша баҳри дарёфти роҳу воситаҳои муосири корбарӣ бо мардумро ҷустуҷӯ намоем.

Дар ин раванд мо бояд маърифати қавии сиёсӣ ва сатҳи зеҳнии кормандони ҳизбиро баланд бардорем, то ҳар нафари онҳо аз равандҳои инкишофи ҷомеа огоҳ бошанд. Маҳз фаъолияти огоҳонаву мақсаднок ва илмиву мантиқан асоснок самараи дилхоҳ ба бор меоварад.

Дар охир зикр намуд, ки курси омӯзишӣ барои кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дарку фаҳмиши масоили сиёсӣ, беҳтар намудани фаъолияти гуногунсамти ҳизбӣ ва дарёфти роҳу воситаҳои беҳтари он мусоидат хоҳад намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: