Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Натиҷагирӣ ва ҷамъбасти курси бозомӯзӣ барои раисони КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Натиҷагирӣ ва ҷамъбасти курси бозомӯзӣ барои раисони КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

24-02-2023, 12:07
Хабарро хонданд: 675 нафар
Назарҳо: 0
Натиҷагирӣ ва ҷамъбасти курси бозомӯзӣ барои раисони КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣДар рӯзи хотимавии баргузории курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷониби Муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор вобаста ба муҳимтарин самтҳои фаъолияти ҳизбӣ натиҷагирӣ сурат гирифта, вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Гуфта шуд, ки кумитаҳои иҷроия донишҳои нави азхудшударо бояд дар амал татбиқ намуда, ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкили мардум расидагӣ кунанд ва барои татбиқи амалии нишондодҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб талоши бештар дошта бошанд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами ҳизб баргузор гашта, дар ташкили он олимону коршиносони варзидаи самту соҳаҳои гуногун ҷалб гардиданд. Маърузаву андешаронии олимону коршиносон, машғулиятҳои назариявию амалӣ барои иштирокчиёни курс имкон фароҳам оварданд, ки донишҳои муҳимми замонро аз худ намоянд.

Дар идома, баҳри беҳбуд бахшидани фаъолияти корӣ, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ба иштирокчиёни курси бозомўзӣ ва тамоми сохторҳои ҳизбӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон, раисони кумитаҳои иҷроия ҳизбиро зарур аст, масъалаҳои қабули сифатноки аъзои ҳизб, татбиқи низомномаҳои ҳизбӣ, талаботи оинномавӣ ва барномавии ҳизб, сари вақт баргузор намудани маҷлисҳои кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ, ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб, иштироки фаъолона дар маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, дуруст таҳия намудани ҳуҷҷатнигорӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҳизбӣ, риояи Одобномаи корманди ҳизбро баҳри беҳбуд бахшидани шароити корӣ пайваста зери назорат гиранд.

Дар ин радиф супориш доданд, ки бо мақсади фаҳмондани ғояҳои созандаи ҳизб ва таблиғи дастовардҳои даврони истиқлол дар расонаҳои иттилоотӣ бо матолиби таъсирбахш баромад намуда, нисбат ба хабару мақолаҳои муғризонаи дар шабакаҳои интернетӣ интишорёфта, ҷавобҳои муносибу саривақтӣ диҳанд.

Фаъолияти комиссияҳои доимоамалкунанда, ки аз ҳисоби аъзои кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ таъсис ёфтаанд, зери назорати доимӣ қарор дода, дар маҷлисҳои кумитаи ичроия ва раёсати он ҳисоботи онҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳанд ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандони ҳизбӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ курсҳои бозомўзӣ ташкил ва баргузор намоянд.

Бо дарки масъулияти баланд изҳор карда шуд, ки кумитаҳои иҷроия кори худро баҳри татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда самимонаву содиқона чун имрӯз анҷом диҳанд.

Инчунин дастур доданд, ки фаъолияти намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”- ро зери назорати қатъӣ қарор дода, дар амалӣ гардидани ҳадафҳои оинномавии ташкилот мусоидат намоянд ва барои фаъолияти густурдаи он шароити хуби корӣ фароҳам оваранд. Ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва муборизаи беамон ба зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар падидаҳои манфӣ эътибори ҳамешагӣ диҳанд. Корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ вусъат бахшида, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи нақшаҳо вобаста ба солҳои рушди саноат, ободиву созандагии Ватан ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон даъват намоянд. Ба ҳамаи шунавандагони курс сертификат ва китоби “Маҷмӯъи санадҳо барои истифода дар фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” тақдим гардид.

Таъкид карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон садоқаташро ба принсипҳои соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ дар фаъолияти сиёсӣ дар амал татбиқ намуда, Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили ин иқдом тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.

Бо ҳамин, курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: