Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сарбозони ҳокимияти чорум

Сарбозони ҳокимияти чорум

14-03-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 363 нафар
Назарҳо: 0
Сарбозони ҳокимияти чорум
«Агар рӯзнома намебуд, ҳаёти мо инсонҳо чӣ тавр мегузашт?» Атрофи ин савол андеша карда, таъкидҳои устодон ба ёдам омад: «Ҳаёти бе фарҳанг – саросар ваҳшигист». Ин замон аз дилам гузашт: «Модоме, ки рӯзнома як шохаи асосии фарҳанг аст, пас ҳаёти инсонӣ бе рӯзнома ҳам ваҳшигӣ мебуд». Аз ин андеша чанд мазмуни мантиқӣ бардоштам: «Инсон бе ғизои рӯҳ, ки аз панҷ чор ҳиссаи мавҷудияташ аст, инсон буда наметавонад». «Инсоне, ки ҷаҳонбинӣ ва дарки сиёсии жарф надорад, инсони комил ҳисоб намешавад». Баъди ин, ба хулоса омадам: «Инсон ин чизҳоро аз рӯзномаҳо ҳам мегирад». Ин замон вуҷудамро саволҳои дигар фаро гирифтанд: «Рӯзномаҳо барои шахсан худам чӣ нақше доштанду доранд?» «Шахсан худам барои рангорангу пурмазмун шудани рӯзномаҳо чӣ саҳме гузоштаам?» «Имрӯзҳо рӯзномаҳоро чӣ тавр мефаҳмаму онҳоро чӣ тавр дидан мехоҳам?» Нигоштаҳои зер атрофи ҳамин масъалаҳоянд.

Имрӯз бо ақли қариб 70- солаи хеш дарк мекунам, ки мо бачагону ҷавонони солҳои 60 – 70-уми қарни гузашта маҳз бо рӯзномаҳо калон шудем, рӯҳу ғизои маънавиро аз онҳо гирифта, роҳу равиш ва мақсаду маромҳои асосии зиндагиро аз онҳо омӯхтем. Яъне, дар он замон рӯзномаҳо яке аз воситаҳои асоситарини тарбияи ғоявии мо буданд. Аз ин рӯ онҳоро бо шавқу рағбати зиёд мехондему бо онҳо ҳамкорӣ мекардем. Шахсан барои ман ҳамкорӣ бо рӯзномаҳо, ҳанӯз аз солҳои мактабхонию ҷавониам шуғли дӯстдоштатарин буд ва шукр, ки то кунун ин шавқу завқам пир нагаштааст.

Он замонҳо рӯзномаҳо муаллифони ғайриштатиро «чашму гӯшҳои» худ дар маҳалҳо медонистанд. Албатта, ин бе сабаб набуд. Зеро на ҳамаи рӯзномаҳо имконият доштанд, ки мухбирони штатии худро (шояд бо сабаби камӣ) ба ҳар кунҷу канори ҷумҳурӣ, алалхусус ба деҳаҳои дурдаст фиристонанду маводи ахборотӣ ҷамъ намояд. Воқеан, мо хабарнигорони бевосита дар маҳалҳо зиндагикунанда ҳамин гуна мақомро доштем ва рӯзномаҳо аз ҳамкориамон самаранок баҳра мебурданд. Ба хотири самараи боз ҳам бештар гирифтан масъулини рӯзномаҳо (масалан, «Тоҷикистони Советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Коммунисти Қӯрғонтеппа») мо «чашму гӯшҳояшон»-ро моҳе як маротиба ҷамъ намуда, маслиҳатҳо медоданд, доираи мавзӯъҳои асосиро муайян карда, ҳатто аз рӯйи мавзӯъҳои мушаххас дархостҳо мекарданд.

Камина яке аз мухбирони фаъоли деҳот будам. Дар ин бора дар чанде ҷамъомадҳо қайд карда ва ҳатто бахшида ба Рӯзи матбуот ба васфам мақолае ҳам ба табъ расонида буданд. Шояд андаке муваффақияти ман он буд, ки талаботи замонро хубтар дарк мекардам ва бештар маводҳои рӯзмарра менавиштам. Масалан, дар он замон ба тарзи зиндагии советӣ аҳамияти хеле ҷиддӣ медоданд. Бинобар ин, таҳти унвони «Оилаи хушбахт» як мавод навишта, пешкаши «Коммунисти Қӯрғонтеппа» гардонидам. Баъдтар маълум гашт, ки ҳайати таҳририяи рӯзнома онро дар «летучка»-и худ баҳои баланд додаанд. Ҳамин буд, ки 12 январи соли 1978 он маводро таҳти унвони (рубрикаи) «Тарзи зиндагии Советӣ» бо сарлавҳаи «Оилаи хушбахт» ба табъ расониданд. (№ 6 аз 12 январи соли 1978). Барои камина боиси ифтихор буд, ки тавассути ҳамин нигоштаам дар рӯзнома гӯшаи наве бо унвони «ТАРЗИ ЗИНДАГИИ СОВЕТӢ» ташкил гардид.

Ҳамин гуна маводҳоеро, ки ба беҳии зиндагии мардум, ба рушду равнақи анъанаҳои миллӣ, қоидаҳои шаҳрдорию шаҳрнишинӣ, тарзи рафтору кирдор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, посдории хотири ниёгон ва зиндагардонии номи онҳо дахл доштанд, на танҳо барои «Коммунисти Қӯрғонтеппа», балки барои рӯзномаҳои дигар ҳам менавиштам. Ёд надорам, ки ягонто аз чунин нигоштаҳоям дар ягон рӯзномае ба нашр нарасида бошанд.

Он замонҳо рӯзномаҳо дар маҷмӯъ маводҳои танқидӣ бисёр чоп мекарданд, аз ҷумла нигоштаҳои мо мухбирони ғайриштатии деҳотро ҳам. Лекин, ҳама гуна танқидҳо хайрхоҳонаю созанда буданд. Ягон танқидро танҳо ба хотири танқид нашр наменамуданд. Дар он замон сухан, махсусан сухани танқидӣ арзиши баланд дошт ва бисёр қимат арзёбӣ мешуд. Сухани танқидӣ таъсири сахту созанда дошт. Мақолаҳои танқидӣ на танҳо дар коллективҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳо, корхонаю идораҳо ва колхозу совхозҳои мавриди танқид қарор гирифта, балки дар коллективҳои меҳнатии дигар ҳам муҳокима мешуданд. Мақсад он буд, ки камбудиҳои дар мақола омада, бояд дар сохторҳои дигар набошанд ва агар бошанд, ҳатман ислоҳ шаванд. Ба ҷуз ин, маводҳои танқидиро дар Кумитаҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳо ва Кумитаи Марказии ҳизбӣ коммунист, ки зимоми давлату давлатдориро пурра ба дӯш дошт, муҳокима мекарданд. Дар муҳокимарониҳо бо маънои томи ибора «қил аз хамир ҷудо мегардид» ва гунаҳкорон сазовори муҷозот мешуданд. Роҳбарони сохторҳои зери тозиёнаи танқид қарор гирифта, оид ба чораҳои андешидаашон ва бартараф шудани камбудиҳо ҳатман ба рӯзнома, ба Кумитаҳои ҳизбии маҳаллию марказӣ ҳисоботи расмӣ пешниҳод мекарданд. Рӯзномаҳо ваколате доштанд, ки дурустӣ ва ҳаққонияти он ҳисоботҳоро аз нав бисанҷанд ва натиҷаашро такроран дарҷ намоянд. Ана, бо ҳамин сабабҳо дар он замон нуфузи рӯзномаю рӯзноманигор бисёр баланд буд. Мутаассифона, дар замони ҳозира чунин нест, ки ин боис мешавад ба зарарбинии моддию маънавии ҳам халқу ҳам давлат.

Ин гуфтаҳо аз нигоҳи имрӯза шояд барои нафаре шабеҳи афсонаи дилангез бошад. Вале, ҳақиқатанд.

Қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон матбуотро чун ҳукумати чорӯм эътироф мекунанд, аз имконияту афзалияташ чун воситаи муҳими зимомдорӣ самаранок истифода мебаранд. Мутаассифона дар мо на ҳамеша чунин аст. Зарур, ки ба ҳамаи рӯзномаҳо, махсусан рӯзномаҳои маҳаллӣ ва озод аз паси панҷа нанигаранд. Дар акси ҳол дурри мақсуд ба даст намеояд ва рӯзномаҳо рисолати азалии хешро то андозае, иҷро карда наметавонанд.

Ҳамагон медонанд, ки маънии вожаи «рӯзнома», «номаи рӯз» аст. Мутаассифона на ҳамаи «номаҳои рӯз» дар замони мо хубу ҷолибу хонданианд. Рӯзномаи хубу хонданӣ чун номаест, ки одамон онро ҳар рӯз интизор мешаванд, дастрас, ки шуд, бо иштиёқ мехонанд, дар он худро, ҳамсояву рафиқу ҳамкорашонро мешиносанд. Он чун як номаи хонданӣ аз даст ба даст мегузарад, аз варақзанию варақгардонӣ чиркину фарсуда мешавад ва ҳатто медарад. Орзу дорам, ки ҳамаи рӯзномаҳо ҳамеша бо ҳамин тарз бидаранд.
Ҳасан Юсуфӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: