Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти обу иқлим саривақтӣ ва муҳим мебошанд

Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти обу иқлим саривақтӣ ва муҳим мебошанд

18-12-2023, 11:02
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0
Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти обу иқлим саривақтӣ ва муҳим мебошандТашаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли мушкилоти обу иқлим саривақтӣ ва муҳим мебошанд, зеро ба коҳишдиҳии пайомадҳои офат ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона гардидаанд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба мушкилот ва уҳдадориҳои кишварҳои ҷаҳон, ки дар мавзуи «Ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳои оби тоза» дар Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим» доир гардид, иброз намуд.

Баҳодур Шерализода аз иштирокдорони ҳамоиш даъват ба амал овард, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ баргузор мегардад, фаъолона иштирок намоянд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки мушкилоти оби тоза, ки дар Конфронси Оби СММ моҳи марти соли 2023 бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор гашт, ташаббуси наҷибтарин ба ҳисоб рафта, давлатҳои аъзоро ҷиҳати нигоҳ доштан ва барқарорсозии экосистемаҳои оби тоза роҳнамоӣ менамояд.

Гуфта шуд, ки мушкилоти оби тоза роҳи мусоидат ба ворид намудани ҳадафҳои марбут ба об ба созишномаҳои бисёрҷонибаи экологӣ ва чаҳорчӯбаи рушд, аз қабили Рӯзномаи 2030 ва Чаҳорчӯби Сендай ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи онҳо мебошад.

Ҳамоиш бо мусоидати давлати мизбони COP-28 – Аморати Муттаҳидаи Араб, Хазинаи ҷаҳонии табиати ваҳшӣ (WWF), Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ва Барномаи муҳити зисти СММ (UNEP) гузаронида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: