МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА6-12-2023, 11:58
Хабарро хонданд: 770 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз мушкилиҳои ҷаҳони муосир зуҳуроти коррупсия ба ҳисоб рафта, ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфтаанд. Зеро, кишваре аз ин зуҳурот эмин нест ва коррупсия дар ҳар гуна сохти давлатдорӣ метавонад барои амалишавии барномаҳои муҳимми давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт монеаҳо ба вуҷуд оварда, рушди давлат ва ҷомеаро боздорад. Аз ин ҷост, ки ҳанӯз 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул гардида, 25-уми сентябри соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба он имзо гузошт ва ба узвияти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Яъне, метавон ифтихор намуд, ки кишвари мо дар ин самт нисбат ба кишварҳои ҳамсоя хеле пешсаф аст. Бо ташаббус ва дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти тадбирҳои зиддикоррупсионӣ ва густариши онҳо пас аз имзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия дар мамлакат чанд қонун ва беш аз 20 санади меъёриву ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардид, ки асос¬ҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои гуногуни муқовимат бо коррупсияро муқаррар ва танзим менамоянд. Муҳимтарини онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” (соли 2005), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва се санади барномавӣ – “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012”, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон барои солҳои 2013-2020” ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошанд. Соли 2008 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоде таъсис дода шуд, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини он рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионист. Ҳанӯз 26-уми апрели соли 2013 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намуда буданд: “Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мерасонад”. Доктори илмҳои таърих Сайфулло Муллоҷон маҳз фасод, яъне коррупсияро яке аз сабабҳои асосии суқути давлати бузурги Сомониён номидааст. 24-уми апрели соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: “Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад”. Тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар муқовимат бо коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ натиҷаҳои хуб ба бор оварданд. Масалан, танҳо дар 6 моҳи аввали соли 2023 воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ 1329 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро ошкор карданд, ки 516 адади онҳо ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Дар ҳамин давра 44 ҳолати фаъолияти якҷояи хешовандон дар мансаби давлатӣ ва 68 ҳолати вайрон кардани моддаи 22-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ошкор гардидааст. Илова бар ин, масъулини агентӣ дар 6 моҳ барои ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо 822 вохӯрӣ гузаронда, 69 маротиба тавассути васоити ахбор баромадҳо карда, конфронсҳо, машғулиятҳои амалӣ ва нишастҳои матбуотӣ доир намудаанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз дар ин самт мушкилиҳо ҷой доранд. Гӯё ин зуҳурот дар мағз андар мағзи мо асар кардааст. Кофист бигӯем, ки бархе аз волидайн пеш аз супоридани тифлашон ба кӯдакистон ҳатман аз атрофиён пурсон мешаванд, ки дар куҷо аз эшон музди иловагӣ талаб намекунанд. Ҳангоми ба синфи якуми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ супоридани фарзандон низ чунин ҳолатҳо ба назар мерасад. Донишҷӯ ҳам барои супоридани имтиҳон чунин ташвише дораду корҷӯ ҳам ҳангоми ба кор даромадан. Бархе аз беморон ҳатто пас аз ташхиси бемориашон аз тарси талаби музди иловагӣ аз ҷониби баъзеи духтурон аз табобат даст мекашанд. Падарони ҷавон пеш аз гирифтани тифли навзод аз таваллудгоҳ ҳатман барои эҳтиёт маблағе ба ҷайб меандозанд. Ҳамчунин, аксар муроҷиаткунандагон ба идораҳои гуногун, ба ҳар эҳтимол, музде ҳамроҳ хоҳанд дошт... Тавре дар ибтидо зикр гардид, ягон давлат аз зуҳуроти коррупсия эмин нест ва илова бар ин, онро пурра барҳам задан имконнопазир аст. Пас чӣ бояд кард, то падару модарон ҳангоми ба кӯдакистон ё мактаб супоридани фарзандашон, донишҷӯ пеш аз имтиҳону корҷӯ пеш аз даромадан ба кор ва дигарон низ тарсу ҳаросе надошта бошанд? Чӣ бояд кард, то ин ки кишвари мо рушду равнақи бештар дошта бошад? Дар қисмати ҷанубу шарқи Осиё Сингапур - кишвари хурде вуҷуд дорад, ки рушду тараққиёти он дар як давраи хурди таърих ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардааст. Омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи ин давлат дар самти мубориза бо амалҳои коррупсионӣ метавонад барои аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон манфиатовар бошад. Таҷрибаи Сингапур дар самти мубориза бо коррупсия чӣ гуна аст? Дар ин мамлакат пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар соли 1965 таҳти сарварии собиқ сарвазири он Ли Куан Ю, ки ташаббускор, амаликунандаи ислоҳот ва муборизи асосии зидди коррупсия буд, дар шароити басо махфӣ барномаи махсуси зиддикоррупсионӣ амалӣ гардид. Дар чаҳорчӯби барнома Бюрои тафтишоти амалҳои коррупсионӣ таъсис ва тӯли қариб дуввуним сол дар бораи мансабдорони баландпояи давлатӣ маълумотҳо ҷамъ оварда, мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода шуданд. Пас аз анҷоми омӯзиш афродеро, ки дар ҷиноятҳои коррупсионӣ даст доштанашон ошкор гардид, новобаста аз мансабу мақом, мукофоту хизматҳо, донишу малака ва хешовандонаш аз кор озод намуданд. Аз паси ҳар як хизматчии давлатӣ тавассути агентиҳои мустақил назорати доимии аудиовизуалӣ ҷорӣ гардид. Гарчанде ки ин ҳолат нақзи ҳуқуқи инсон ва дахолат ба ҳаёти шахсии ӯст. Ба чунин эрод сингапуриҳо чунин ҷавоб медоданд: “Агар хоҳӣ, ки ҳаёти шахсиат аз дигарон пинҳон монад, ба хизмати давлатӣ нарав!”. Имрӯз низ чунин руҳия боқист. Ҳама гуна маълумот дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ (ба ҷуз хадамоти махсус ва иктишоф) барои тамоми ҷомеа дастрас гардид. Музди маоши хизматчиёни давлатӣ хеле баланд бардошта шуд. Тафтиши амалҳои коррупсионӣ ба таври авторитарӣ сурат мегирифт. Бюрои тафтиш ҳуқуқ дошт, новобаста аз мақому мансаб ва унвонҳои шахс ӯро боздошт ва кофтуков кунад, ҳисобҳои бонкиашро мавриди санҷиш қарор диҳад ва ҳатто бидуни қарори суд хешовандони наздикашро барои пурсиш даъват намояд. Баробарии ҳама дар назди қонун таъмин карда мешуд. Барои гирифтани ҳатто як доллар ришва хизматчии давлатӣ ба таври хеле сахт муҷозот мешуд. Дар натиҷа даҳҳо вазирону сарварони ширкатҳои бузурги давлатӣ, ки дар амалҳои коррупсионӣ гунаҳкор шудаанд, аз озодӣ маҳрум гардиданд. Имрӯз ҳам ин усули корбарӣ идома дорад ва самаранок аст. Бесабаб нест, ки роҳбарияти кунунии Ҷумҳурии Узбекистон мақсад гузоштааст ин таҷрибаро дар мамлакати худ ҷорӣ намояд. Гарчанде ки солҳост, масъалаи мубориза бар зидди коррупсия ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат табдил ёфтааст. Қабули чандин санадҳои меъёрию ҳуқуқии аҳамияти консептуалидошта ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дар солҳои охир далели он аст. Хусусан, бо ташаббуси Президенти мамлакат қабул гардидани “Стратегияи амалҳо оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурияти Узбекистон барои солҳои 2017-2021”, ки санади муҳимтарини ислоҳоти навини кишвар мебошад. Санади мазкур, пеш аз ҳама, такмили механизмҳои ташкилӣ-ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои зиддикоррупсиониро тақозо дорад. Дар Паёми хеш ба Олий Мажлиси ҷумҳурӣ аз 24-уми январи соли 2020 Президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев чунин изҳор намудааст: “Коррупсия дар ҳар гуна шакл ба рушди мамлакат монеа эҷод менамояд. Агар мо ин зуҳуроти зарароварро решакан насозем, барои мо ба вуҷуд овардани муҳити мусоиди корӣ ва инвеститсионӣ имконнопазир мегардад, ягон соҳаи зиндагии мо рушд нахоҳад кард”. Талаби дигари стратегия такмили базаи меъёриву ҳуқуқӣ дар ин соҳа буд. Дар ин самт истифода аз таҷрибаи кишвари Сингапур низ зарур дониста шудааст. Иҷрои талаботҳои стратегия ба он мусоидат кард, ки Ҷумҳурии Узбекистон дар раддабандии ташкилоти ғайридавлатии Transparency International дар масъалаи амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати самаранокии мубориза бар зидди коррупсия дар байни се сол (2018-2020) 12 зина боло рафтааст. Соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон муборизаро бар зидди коррупсия тақвият бахшиданист. Директори Агентии мубориза бар зидди коррупсияи ин кишвар Акмал Бурҳонов чанде қабл изҳор намуд, ки дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зиддикоррупсионии Сингапурро ҷорӣ хоҳад намуд. Ба ин хотир, моҳи июл номбурда дар ҳайати мансабдорони давлатии Узбекистон бо сафари корӣ муддате дар Сингапур қарор дошт. Ба ҳайат намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Шурои вазирон, Агентии рушди хизмати давлатӣ, Прокуратураи генералӣ ва ниҳодҳои дигар шомил буданд. Сафар аз ҷониби Агентии мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон ва Бюрои тафтишоти амалҳои коррупсионии Сингапур дар доираи лоиҳаи “Идоракунии самараноки давлатӣ”-и Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ташкил гардида буд. Дар ҷараёни сафар ҳайати Узбекистон меҳмони Бюрои номбурда, Прокуратураи генералии Сингапур, Мактаби сиёсати давлатии ба номи Ли Куан Ю гардид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар заминаи таҷрибаи Сингапур дар Узбекистон барномаҳои махсуси маърифатӣ ва асбобҳои аёнӣ барои тарбияи ростқавлӣ дар донишҷӯёну мактабиён таҳия гардида, барои омода намудани механизмҳои муосири зиддикоррупсионӣ дар Узбекистон мутахассисони Бюрои тафтишоти амалҳои коррупсионии Сингапур ҷалб карда шаванд. Усулҳои сингапурии рафъи ҳодисаҳои қонунвайронкунӣ дар асоси амалҳои воқеии сектори шахсӣ ва мақомоти давлатӣ дар соҳаҳои молия ва иқтисодиёт, ҷорӣ намудани стандартҳо дар самтҳои мазкур баррасӣ гардад. Бо истифода аз таҷрибаи Сингапур дар Мактаби сиёсати давлатии ба номи Ли Куан Ю курсҳои омодагии махсус барои роҳбарони мақомоти давлатии Узбекистон ва курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат барои хизматчиёни давлатӣ ташкил карда шаванд. Барои такмили ихтисоси муфаттишоне, ки бо тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ машғуланд, лоиҳаи муштараки Сингапур ва Узбекистон амалӣ гардад ва дар Узбекистон таҷрибаи Сингапур оид ба интихоби кадрҳои прокуратура, ҷараёни мурофиаҳои судӣ оид ба амалҳои коррупсионӣ ва иштироки прокурорҳо дар ин мурофиаҳо мавриди таҳлил ва омӯзиши ҷиддӣ қарор гирад. Ҷойи баҳс нест, ки оғози амалӣ намудани нақшаҳои мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон гоми бузурге хоҳад буд дар самти муборизаи самаранок бар зидди коррупсия. Меандешем, ки омӯзиши таҷрибаи Сингапур дар ин самт барои кишвари мо низ аз манфиат холӣ хоҳад буд. Н. НИЗОМӢ, рӯзноманигор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.