Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Зидди амалҳои коррупсионӣ дастаҷамъона мубориза мебарем

Зидди амалҳои коррупсионӣ дастаҷамъона мубориза мебарем

10-12-2021, 07:00
Хабарро хонданд: 139 нафар
Назарҳо: 0

Зидди амалҳои коррупсионӣ дастаҷамъона мубориза мебарем

Дар бинои Кохи фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия чорабинӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои муҳим мавриди баррасии аҳли толор қарор гирифтанд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал-майори адлия Карим Иброҳимзода ва роҳбарони якчанд ташкилоту идораҳои марбута ширкат доштанд.
Зидди амалҳои коррупсионӣ дастаҷамъона мубориза мебарем
Нахуст, рардори раёсати болозикр Карим Иброҳимзода ба сухан баромада, коррупсияро ҳамчун яке аз мушкилоти печида ва мубрами ҷомеаи имрӯза дониста, дар тамоми соҳаи давлатдорӣ монеаи рушд ва ташаккули алоқаи ҷамъиятӣ гаштааст.

Ҳамчунин, дар ин рӯза чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ба сухан баромада, коррупсия ҳамчун омили таъсиррасон ва эътибори кишвар дар назди ҷомеа шинохта шуда, ҷиҳати пешгирии он дар вилояти Хатлон чораҳои судманд амалӣ гардида истодаанд.

-Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон узви шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ қабул шуда, вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионидошта дар ин самт иқдомоти зиёдеро амалӣ намуда истодаанд. Баргузории чунин чорабиниҳо аз як тараф барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат кунад аз тарафи дигар дар самти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” нақши созгор гузошта истодааст,-зимни баромади хеш иброз дошт Фирӯза Шарифӣ.

Дар рафти ҳамоиши мазкур масъалаҳои криминализатсия ва декриминализатсияи коррупсия ҳамчун чораи муқовимат бо коррупсия, сиёсати ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ ва чораандешӣ бар зидди амалҳои коррупсиноӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: