Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Париж ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баррасӣ гардид

Дар Париж ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баррасӣ гардид

13-11-2023, 11:59
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
Дар Париж ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баррасӣ гардид11 ноябр дар шаҳри Париж дар ҳошияи иштирок дар иҷлосияи 42-юми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле доир гардид. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаст.

Зимни мулоқот сатҳу муҳтавои муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО матраҳ гардид. Ҷонибҳо роҷеъ ба 30-солагии шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО ва таъсиси Комиссияи миллӣ оид ба ЮНЕСКО ёдовар шуда, нисбат ба расидан ба дастовардҳои нави ҳамкории Тоҷикистон дар кулли самтҳои салоҳияти Созмон изҳори умеду боварӣ намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин мудири кулли ЮНЕСКО-ро ба Тоҷикистон барои анҷоми сафари расмӣ ва ҳамзамон иштирок дар Конфронси сеюми об, ки баргузории он моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, даъват намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: