Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАЁТИ ҲИЗБ:МУЛОҚОТИ СУДМАНД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ҲАЁТИ ҲИЗБ:МУЛОҚОТИ СУДМАНД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

2-11-2023, 10:24
Хабарро хонданд: 3788 нафар
Назарҳо: 14
ҲАЁТИ ҲИЗБ:МУЛОҚОТИ СУДМАНД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
БО ТАШАББУСИ ҲХДТ НАМОИШИ ФИЛМИ “РОҲ” БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар синамотолори "Наврӯз" бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт, зиёиён, собиқадорону чеҳраҳои рисолатшинохтаи кишвар намоиши филми ҳунарии "Роҳ", ки аз ҷониби коргардони машҳури тоҷик Носир Саидов рӯйи навор омадааст, баргузор гардид.
Бояд зикр дошт, ки филми “Роҳ” дар аввалин Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” соҳиби Шоҳҷоиза гардида, таваҷҷуҳи алоқамандони синамо ва аҳли ҷомеаро дучанд ба худ ҷалб кард.
Гурӯҳи эҷодии филми “Роҳ” пайвандгари занҷираи насли классикӣ бо замони соҳибистиқлолӣ мебошанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар ҷодаи худ дорои мактаби ҳирфаӣ ҳастанд. Ин филм ба тамошобинони навбатии худ таъсири зиёд бахшид ва дубора собит сохт, ки арзандаи беҳтарин ҷоизаҳои соҳавӣ мебошад.
Қаҳрамонҳои асосии филми “Роҳ” заноне ҳастанд, ки бо ҷурмҳои мухталиф паси панҷара нишастаанд ва пеши ҳамагон рӯшан аст, ки ҷомеа нисбат ба занони маҳкумшуда чӣ бархӯрд нишон медиҳад. Аниқтараш, дар ҷомеаи мо барои мардум маҳбусӣ шудани зан даҳшат аст. Барои бинанда зиндагии минбаъдаи ин гуна занон муаммост. Дар филм нақшҳои асосиро ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Нисо Муҳаммадҷонова, Зулфия Содиқова, Мавлона Наҷмиддинова, Аловуддин Абдуллоев ва Абдукарим Машрабов бозидаанд. Муаллифи филмномаи “Роҳ” Сафар Ҳақдодов, коргардон Носир Саидов, наворбардор Георгий Дзалаев буда, филм дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе наворбардорӣ шудааст. Оҳангсози филми мазкур Далер Назаров ва тадвингари он Диловар Султонӣ мебошанд.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ зимни суханронии худ ёдовар шуд, ки сиёсати фарҳангпарварона ва хирадасоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самари нек ба бор овардааст, ки имрӯз ба шукри ҳувияту Истиқлоли кишвар ба ин санаи муборак ва ҷашнвораҳои муҳташами ҳунарӣ расидем.
Бо ибтикороти Сардори давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори фарҳангдӯсти шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Синамоҷашнвораи байналмилалӣ таҳти унвони “Тоҷи Сомон” дар сатҳи баланд баргузор гардид. Аз 26 кишвари олам аҳли ҳунар ва санъатшиносони мумтоз дар ин ҳамоиши фарҳангӣ ширкат намуда, аз лутфу меҳрубонии мизбонон ва зебоии нотасвири пойтахти азизамон мутаассир гаштаанд.
Филми “Роҳ” оиннамои ҳаёти муассирони мост, ки дар тилисмоти мубрамтарини рӯзгор роҳи наҷот ҷустуҷу мекунанд. Чун дар ин филм масоили хонаводагӣ, фарҳанги оиладорӣ ва маърифати инсонӣ нақши калидӣ дорад, бояд кулли ҷомеа аз тамошои ин эъҷози ҳунарӣ баҳравар шавад, бубинад, қазоват кунад ва самар бардорад.
Хайринисо Юсуфӣ дар фарҷоми сухан синамогари навовари тоҷик, коргардон Носир Саид ва аҳли эҷодиву техникиро шодбод гуфта, ба онҳо дастагулҳоро аз номи тамошобинон тақдим намуд. Соҳиби Шоҳҷоиза гардидани филми “Роҳ” дастоварди кулли миллат аст,-афзуд муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИҲИЗБӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНДҲАЁТИ ҲИЗБ:МУЛОҚОТИ СУДМАНД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Бо дархости Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти сафири ин кишвар Син Хон Чхол бо муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода доир гардид. Дар мулоқот инчунин машваратчии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея дар Федератсияи Россия О Мен Чжин иштирок карда, оид ба доираи муҳимтарин масъалаҳои ҳизбӣ ибрози андеша намуданд.
Нахуст, Асрор Латифзода вохӯрии тарафайнро барои таҳкиму равобити минбаъда муҳим арзёбӣ намуда, аз фаъолияти густурдаи ҳизб барои меҳмонон маълумот дод. Гуфта шуд, ки фаъолияти ҳизби мо дар асоси дастур ва ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, намунаи сиёсати бунёдкорона ва созандаи роҳбарияти он маҳсуб меёбад.
Муовини Раиси ҲХДТ аз ҷумла зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз даврони аввали таъсисёбӣ баҳри амалӣ намудани манфиатҳои халқ ва пешрафти ҷомеа фаъолият менамояд. Дар ин замина ёдовар шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Ҳизби коммунистии Чин, ҳизби “Нур Отан”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, “Единаи Россия”-и Федератсияи Россия, “Белая Русь”-и Ҷумҳурии Белорус ҳамкориҳои судманд дорад.
Зимни суханронӣ сафири Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Син Хон Чхол аз пазироии самимӣ ва имкони баргузории вохӯрӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Дар навбати худ, зикр намуд, ки сиёсати башардӯстонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ қобили дастгирӣ ва пайравӣ буда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон намунаи олии мактаби давлатдории ӯ ба шумор меравад. Дар идома гуфта шуд, ки намояндагии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) ҳамеша баҳри ҳамкорӣ ва тақвияти муносибатҳои байниҳизбӣ омода буда, дар ин асос баҳри густариши фаъолияти минбаъда заминаҳои мусоид фароҳам хоҳанд овард.
Дар охир ҳамчун рамзи дӯстиву меҳмоннавозӣ туҳфаи хотиравӣ ба меҳмонон нишонае аз фарҳангу ҳунари волои тоҷикон тақдим гардид.

ФЕСТИВАЛИ ҶАВОНОНИ ПОЙТАХТ - "ОБ БАРОИ ОЯНДАИ МО"
ҲАЁТИ ҲИЗБ:МУЛОҚОТИ СУДМАНД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Умари Хайёми пойтахт бо ташаб¬буси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷавонони пойтахт таҳти унвони “Об барои ояндаи мо” доир гардид.
Дар Фестивал муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмов, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода аъзои фаъоли ҲХДТ, роҳбарон ва кормандони масъули сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб, раисони як қатори кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ибтидо меҳмонон Осорхонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ гардидааст, тамошо карда, сипас, дар конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Тоҷикистон - ташаббускори масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ” ширкат намуданд.
Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода оғоз бахшида, зикр кард, ки мақсад аз баргузории он, пеш аз ҳама, таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим мебошад.
Гуфта шуд, ки таърихи даврони навини давлатдории тоҷикон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳ аст, ки ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим равона гардида, барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор заминаи пойдор мегузоранд.
Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода дар суханронии худ зикр намуданд, ки воқеан ҳам, мушкилоти таъмини об барои аҳолӣ сол то сол зиёд мегардад. Зеро айни ҳол тибқи маълумоти оморӣ, қариб 1 миллиард аҳолии сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ ва 2,6 миллиард нафар ба шароитҳои одитарини санитарӣ дастрасӣ надоранд. Зиёда аз 80 давлат норасоии захираҳои обро эҳсос карда, ҳар ҳафта 42 ҳазор нафар аз бемориҳое, ки ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва шароитҳои ғайрисанитарӣ вобастаанд, мефавтанд, ки бештар аз 90 фисади ин кӯдакони синнашон то 5-сола мебошад. Хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба манбаи воситаҳои зиндамонии зиёда аз 1,2 миллиард нафар мардуми дунё таҳдид мекунад.
Ба ҳамин хотир, ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон низ на танҳо аҳамияти минтақавӣ, балки аҳамияти байналмилалӣ касб кардаанд ва Пешвои миллати моро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо ғамхори кишвар ва мардуми худ, балки ғамхор ва пуштибони ҷамеаи ҷаҳонӣ маънидод кардаанд, ки воқеан ҳам, барои мо боиси ифтихор аст.
Дар идома муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода ва директори Муассисаи давлатии “Маркази омӯзиши пир¬яхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмов дар мавзуъҳои “Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикис¬тон дар соҳаи обу иқлим” ва “Тоҷикистон - пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон” маърузаҳо карданд.
Нотиқон иброз доштанд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум инҷониб Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ҳалли масъалаҳои об 7 қатънома қабул намуд, ки ин иқдоми бузург ба баланд шудани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам овард.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо дар раванди баррасии муаммоҳои глобалӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст.
Пас аз анҷоми конфронс дар ҳошияи Фестивали ҷавонони пойтахт таҳти унвони “Об барои ояндаи мо” меҳмонон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Умари Хайём бо намоишгоҳи масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз наздик шинос шуда, мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, волейбол, бокс, чавгонбозӣ, гимнастикаи бадеиро тамошо карданд. Ҳамчунин, онҳо дар раванди тамринҳои варзишӣ, озмунҳои “Мусаввараи беҳтарин” ва “Иншои беҳтарин” иштирок карданд.
Дар идома маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони як қатор озмунҳои доиргардида баргузор шуд. Ҳамин тариқ, ба ғолибони бахшҳои Фестивал аз ҷониби Кумитаи тадорукот диплом, сипосномаҳо, ифтихорномаҳои ҳизбӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Дар фарҷом барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар баргузор гардид.

ИҚДОМИ ҲАМСАФОН БА ХОИРИ СОЛИМӢ
ҲАЁТИ ҲИЗБ:МУЛОҚОТИ СУДМАНД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ бо мақсади ҷамъоварии хучу ангат дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои вилоят Аксияи “Боигарии табиат - хучу ангат”-ро баргузор намуд.
Иқдоми бузург дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баҳри саломатӣ аз фоида холӣ набудани ин неъмати табиат, яъне хучу ангат мебошад. Пешвои миллат дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки мо бояд аз тамоми имконоти табиати биҳиштосои диёрамон истифода бурда, ҳаёти худро пеш барем. Аз ҷумла тандурустӣ ва саломатии мардуми мо аз табиати сарзаминамон хеле вобастагӣ дорад. Аз гиёҳҳо сар карда, то чашидани тамъи меваи дарахтони худрӯю обҳои шифобахш ва ҳавои софу беғубори диёрамон орзуву ормони чандин сайёҳони дунё мебошад. Пас, мо бояд аз ин боигарии табиат истифода бурда, қимат ва арзиши ҳар як хоку реги ватанамонро бишносему бидонем. Агар аз як тараф, хучу ангатро барои беҳбуд бахшидани саломатиамон истифода барем, аз тарафи дигар, метавонем буҷаи оилавиамонро каме ҳам бошад, ғанӣ созем. Ҳар як шахс бояд дар назди худ мақсад ва ҳадаф гузошта, барои амалӣ шуданашон саъю талош намояд.
Ҳамин тавр, Аксия бо ҷалби ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон ва аъзои фаъоли ҳизб дар деҳаҳои дурдасттарини Вер ва Ванкалъаи ноҳияи Шуғнон амалӣ шуда, зиёда аз 50 нафар дар он иштирок доштанд. Дар ҳамдастӣ ин иқдом натиҷаи хуб ба бор оварда, 500 киллограм хучу ангат ҷамъоварӣ шуд, ки ба хатири солимӣ ва ҳифзи тандурустии аҳолӣ иқдоми хеле назаррас мебошад. Аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳар сол хучу ангатро ҷамъоварӣ карда, аз он фоида ба даст меоранд.


МУЛОҚОТИ СУДМАНД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ҲАЁТИ ҲИЗБ:МУЛОҚОТИ СУДМАНД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Бо мақсади таҳлилу ҷамъбасти ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо сокинон, хонандагони синфҳои болоӣ, омӯзгорон ва волидайни хонандагон мулоқоти судманд бо иштироки прокурори шаҳр Абдуқаҳҳор Азизов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода, муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Бахтиёр Маҳмадалӣ доир гардид.
Сараввал, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода зимни суханронии ифтитоҳӣ ҳозиринро ба риояи ҳатмии қонунҳои болозикр даъват намуд.
Дар ҷараёни андешаронӣ прокурори шаҳри Бӯстон Абдуқаҳҳор Азизов, муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода ва ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Бахтиёр Маҳмадалӣ доир ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” зикр доштанд, ки маҳз Ҳукумати мамлакат барои равнақ додани унсурҳои асили ватандӯстӣ ва тарбияи дурусти насли муосир барномаҳои зиёди давлатиро мавриди таҳия қарор дода, волидонро муваззаф кардааст, ки барои саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи фарзанд муносибати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Инчунин, таъкид шуд, ки масъалаи баргузор кардани маъракаҳо имрӯз аз мубрамтарин масъала буда, ҳар яки моро водор мекунад, ки камхарҷиро пеша намоем ва дар доираи талаботи қонуни мазкур амал кунем. Ҳамзамон вобаста ба масъалаи зӯроварии хонаводагӣ якчанд маърузаҳо пешниҳод гардида, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, то барои аз байн бурдани ин гуна падидаҳои номатлуб талош намоянд ва таълиму тарбияи фарзандонро бо унсурҳои ахлоқию ҳуқуқӣ ба роҳ монанд.

“МУҲОФИЗОНИ ВАТАН” БЕҲТАРИНҲОРО МУАЙЯН КАРД

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ дар якҷоягӣ бо намояндагии ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа” мусобиқаи ноҳиявии “Муҳофизони Ватан” дар байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯйи шартҳои тирпарронӣ аз яроқи пневматикӣ, ба қисмҳо ҷудо кардан ва ҷамъоварӣ намудани автомати Калашников, пӯшидани ниқоби зиддигазӣ ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқа, ки бо мақсади ташаккули тарбияи ватандӯстӣ ва бедор намудани эҳсоси худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонон роҳандозӣ гардида буд, зиёда аз 100 нафар ғолибони даври минтақавӣ иштирок намуда, маҳорату қобилияти худро нишон доданд.
Дар ибтидо роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа” дар ноҳияи Мастчоҳ Икром Ҳомидов суханронӣ карда, талаботу шартҳои мусобиқаро ба иштирокчиён шарҳ дод. Ҳамчунин дар идомаи суханронӣ мавсуф аз саҳми ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа” дар омода намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ кард.ҲАЁТИ ҲИЗБ:МУЛОҚОТИ СУДМАНД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сангинмоҳ Мирзобекова суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиш, пеш аз ҳама, ташаккули тарбияи ватандӯстии ҷавонон, бедор намудани эҳсоси худшиносиву ватанпарастӣ буда, итминон аст озмуни мазкур барои саривақт ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сафарбар гаштани ҷавонони синни даъватӣ мусоидат менамояд.
Мувофиқи хулосаи доварон дар мусобиқа дастаи хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 сазовори ҷойи аввал, дастаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгорӣ”-и ноҳия сазовори ҷойи дуюм ва дастаи хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо медал ва ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ сарфароз гардиданд.
Таҳияи А. Ҷӯраев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (14)
Brianne 5 июня 2024 17:58
Hi, yup this post is genuinely good and I have learned lot
of things from it on the topic of blogging. thanks.

My web site ... dildos
Цитировать          1
Barb 6 июня 2024 05:59
Have you ever considered about including a little bit more than just your articles?

I mean, what you say is fundamental and all. But think of if
you added some great visuals or video clips to give your posts
more, "pop"! Your content is excellent but with images and video clips, this site could
undeniably be one of the best in its niche.
Great blog!

my webpage - Corazon
Цитировать          2
Lieselotte 6 июня 2024 14:46
I go to see day-to-day a few blogs and websites to read posts, however this webpage presents feature based articles.


Here is my webpage: replica bags
Цитировать          3
Ewan 7 июня 2024 03:18
Great post. I was checking constantly this blog and I'm impressed!
Very helpful info specially the last part :) I care for such information a lot.
I was seeking this certain info for a very long time. Thank
you and best of luck.

Here is my blog post ... fake
bags online
Цитировать          4
Victor 7 июня 2024 13:12
Hello just wanted to give you a quick heads up.
The words in your content seem to be running off the screen in Ie.
I'm not sure if this is a formatting issue or something to
do with browser compatibility but I figured I'd post to let you know.
The layout look great though! Hope you get the problem resolved soon. Thanks

Also visit my web blog: Tressa
Цитировать          5
Terese 7 июня 2024 23:19
magnificent post, very informative. I wonder why the other specialists of this sector don't
realize this. You must proceed your writing.
I am sure, you have a great readers' base already!


my homepage; replica designer
Цитировать          6
Nolan 7 июня 2024 23:50
What's up, yes this post is genuinely fastidious and I have learned lot
of things from it concerning blogging. thanks.

Stop by my page; wholesale sex toys
Цитировать          7
Bea 8 июня 2024 02:02
Keep on writing, great job!

My web site :: vibrators
Цитировать          8
Lillian 8 июня 2024 03:38
First off I want to say great blog! I had a quick question which I'd like to
ask if you don't mind. I was interested to know how you center yourself and clear your thoughts
before writing. I have had a hard time clearing my thoughts in getting my ideas out.
I do enjoy writing but it just seems like the first 10 to 15 minutes tend to be wasted
simply just trying to figure out how to begin. Any ideas or hints?
Cheers!

Also visit my web-site: dildo
Цитировать          9
Kellye 18 августа 2024 02:32
It's remarkable to visit this website and reading the
views of all colleagues about this piece of writing,
while I am also zealous of getting experience.

Here is my web-site ... Dianne
Цитировать          10
Tommy 19 августа 2024 08:56
Thank you, I've just been looking for info approximately this subject for ages and yours
is the greatest I've discovered so far. But, what about the conclusion? Are you certain in regards to the supply?



my homepage; Nicolas
Цитировать          11
Susanne 23 октября 2024 08:59
Replica Sneaker rb564
discountshoesmart,Fake Shoes sw439
Цитировать          12
Rachelle 23 октября 2024 23:47
Reps Shoes bc907
Replica Sneakers Dirty White,Replica Sneakers Dirty White wn828
Цитировать          13
Tilly 28 октября 2024 01:18
Replica Sneaker xw125
Replica Sneakers for Men,Replica Sneakers for
Men zn651
Цитировать          14
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: