Саҳми Пешвои миллат дар ғанигардонии хазинаи Осорхонаи миллӣ2-11-2023, 10:08
Хабарро хонданд: 4386 нафар
Назарҳо: 39
Дар замони муосир саҳми осорхонаҳо дар рушду нумуи сиёсати фарҳангӣ ва ривоҷу инкишофи муносибатҳои хориҷии ҳар як давлат омили муҳими таъсирасонанда аст. Фаъолияти пурмаҳсули ин махзани ёдгориҳои нодир на танҳо барои пешравӣ ва эътирофи фарҳанги қадиму волои кишвару миллат барои оламиён хизмат мекунад, балки дар ташаккул ва инкишофи худшиносии миллии тамошобинони дохилӣ низ саҳмгузорӣ менамояд. Аз омӯзиши саҳифаҳои таърихи ҷаҳонӣ маълум мегардад, ки дар ташкилёбӣ ва рушди фаъолияти осорхонавӣ нақши сарварони сиёсӣ бориз аст. Бунёдгузори нахустин осорхонаи Россия- Кунсткамера Пётри Кабир аст. Малика Екатеринаи II бо харидории 225 адад мусаввараҳо Эрмитажи давлатиро асос гузошт. Искандари Макдунӣ аз тамоми ҷаҳон намунаҳои рустаниҳоро гирдоварӣ менамуд, ки мушовири ӯ дар ин самт Арасту буд. Дар таърихи осорхонавии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва ҷаҳду талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои фаъолият ва рушди осорхонаҳо дар меҳвари сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Маҳз солҳои истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гашт, ки ба ташкили осорхонаҳо ҳамчун махзани ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон ва ба намоиш гузоштани онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Соли 1999 ба Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод мақоми миллӣ дода шуд. Ҳамзамон, дар ин раванд бунёди Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи Авасто, муассисаҳои давлатии “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара”, Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии “Ҳулбук”, “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб”, Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, таъмири Осорхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Панҷакент, бунёди Осорхонаи нави миллӣ дар шаҳри Душанбе гувоҳи ин гуфтаҳост. Таъкидан қобили ёдоварист, ки дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии фаъолияти осорхонаҳо муайян шуда, нақш ва мақоми онҳо ҳамчун марказҳои иҷтимоии нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва таблиғи арзишҳои фарҳангӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо” (соли 2004, бо таҳрири нав соли 2012) мушаххас гардиданд. Мақсад аз ин ёддошт намудани ин таърих ва санадҳо он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ баҳри ғанигардонии фаъолияти осорхонавии давлат хизматҳои беназире кардаанд. Маҳз тавассути ашёи осорхонавӣ мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ аз мисоли зерин равшан мегардад. Бо мақсади пойдор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат дар кишвар 18-уми июли соли 1997 Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон созмон дода шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси он интихоб гардиданд. Моҳи июли соли 1999 корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи ваҳдат ташкил шуд. Ин корвон аз 240 нафар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат буда, сафари худро аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз намуда, то шаҳри Исфараи вилояти Суғд рафта, ба мардум ғояҳои дӯстию хештаншиносиро талқин намуд. Ҳангоми сафар аҳли корвон аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон як кафӣ хок ҷамъ намуданд ва аз он ҳунармандони шаҳри Исфара кӯзаи мунаққаше сохтанд. Кӯза ба таври рамзӣ “Кӯзаи ваҳдат” номгузорӣ шуд. Он дар ҳузури иштирокдорони Анҷумани чоруми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Сарвари давлат бо самимият кӯзаи ваҳдатро қабул намуда, онро бӯсиданд. Ашки шодӣ беихтиёр дар чашмонашон ҳалқа зад ва изҳор намуданд, ки: “Ин кӯза аз хок нест, аз зар аст. Зеро ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!” Хушбахтона, ҳоло ин нигораи нодири таърихӣ низ дар гӯшаи ваҳдати миллӣ дар Осорхонаи миллӣ дар қатори дигар кӯзаю армуғонҳо бо рамзи Эҳёи ваҳдат ба намоиш гузошта шудааст. Соли 2004 нахустин маротиба дар собиқ бинои Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод “Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” созмон дода шуд, ки дар он ба миқдори 31 адад ҳадяҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар кишварҳо эҳдошуда ба маъраз гузошта шуданд. Соли 2006 толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 2 адад туҳфаҳои нодири марбут ба таъриху сарнавишти мардуми тоҷик пурра гардонида шудаанд, ки ин осори нодир аз ҷониби Пешвои миллат ба муассиса эҳдо гардид. Яке Хома (қалам)-и Сулҳ, ки тавассути он 11-уми декабри соли 1996 дар деҳаи Хусдеҳи музофоти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Г.Д. Меррем санад оид ба таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва оташбас дар минтақаи даргириҳо имзо шуда буд. Дигар нигораи нодир, ки дар ин сол ба хазинаи осорхона супорида шуд, ин нусхаи аввалин Парчами Тоҷикистон мебошад, ки дар иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тасдиқ шуда буд. Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ масъалаҳои об дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол намуда, аксари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ гардиданд. Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Барои амалисозии Даҳсолаи байналмилалии об барои ҳаёт” сарфароз гардонида шуд, ки ин ин туҳфаи нодир тибқи дастури Пешвои миллат ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супурда шуд. Бояд ёдовар гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар ин сол Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуҳлати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (моҳи июни соли 2010)-ро баргузор намуд. Соли 2012 Курсӣ (тахт) бо нақшҳои барҷаста бо тасвири шер - намунаи олии кандакорӣ дар болои чӯб-маҳсули кори ҳунармандон ва шогирдони Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ки ба Сарвари давлат туҳфа шуда буд, ба Осорхонаи миллӣ интиқол дода шуд. Соли 2013 Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар бинои нав ба фаъолият шуруъ намуд, ки он дар заминаи Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод таъсис ёфта, бунёдгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба таври махсус маҳз барои фаъолияти осорхонавӣ бунёд ёфта, хусусиятҳои ҳирфавии ин муассиса ба ҳисоб гирифта шудаанд. Аз ин рӯ, бузургтарин дастоварди соҳаи осорхонавӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз худи бунёди бинои осорхона мебошад. Ба ифтихори ифтитоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 аз ҷониби бунёдгузори он - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муассиса ба миқдори 1173 адад ёдгориҳои таърихӣ туҳфа карда шуданд, ки ин амалро метавон “эҳдои аср” номид. Ҳадя шудани дафинаи ашёи қадимаи тиллоӣ (ёдгориҳои мансуб ба асри II то мелод), дафинаи сиккаҳои кушонӣ ва сиккаҳои асримиёнагӣ, сиккаҳои алоҳидаи тиллоӣ (юнонӣ-мақдунӣ, кушонӣ, сомонӣ, ғазнавӣ) дигар ёдгориҳо ва ашёи пурқиммат аз ҷониби Президенти мамлакат ба хазинаи осорхона арзишмандтарин дастоварди фондии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар нахустин соли фаъолияти он мебошад. Таркиби ин коллексияи нодир, аз қабили тоҷи кунгурадори тиллоӣ, нимкосаи тиллоӣ, ҷузъҳои ороишии либос бо тасвирҳои аждар, хурӯс ва симурғ, бозёфтҳои тиллоӣ бо тасвири гуроз, бабр, асп, миёнбанди тиллоии шоҳӣ, муҳраҳои тиллоӣ бо нақшҳои барҷаста, ҷузъҳои ороишии либос (42 адад) муттааллиқ ба асрҳои II-и то мелод- II милодӣ буда, аз ҳунари заргарӣ ва саҳифаҳои таърихи бостонии ниёгони мо дар замони давлатдории Кушониён ва баъд аз он маълумот медиҳанд. Соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хазинаи осорхона 5 адад тӯҳфаҳо ворид шуданд, ки номгӯи онҳо чунин аст: 2 адад минбар аз маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18-уми ноябри соли 2006 ва 16-уми ноябри соли 2013, нусхаи нишони Президентӣ, санги Хиросима, гулдӯзии “Гулчини истиқлол” бо 24 косагули хурди мошинадузӣ, 6 косагули хурди дастидӯз, 6 косагули калони мошинадузӣ, муҷассамаи фил аз Ҳиндустон. Миёни осори тақдимшуда, хусусан санги сулҳи Хиросима бо тасвири олиҳа Канон (олиҳаи шафқат, раҳмдилӣ) мақоми хос дорад, зеро дар дунё он ҳамагӣ 188 адад мавҷуд аст. Санги мазкур ба шахсиятҳое туҳфа карда мешаванд, ки дар пойдории сулҳи сайёра саҳмгузорӣ менамоянд. Соли 2015 бо ташабуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осорхона намунаи олии ҳунари мардумӣ - табақи бузургҳаҷми чӯбин, ки маҳсули дасти ҳунармандони ноҳияи Нуробод аст, ворид шуд. Табақи мазкур соли 2015 аз ҷониби усто Тақдири нурободӣ ба Пешвои миллат туҳфа шудаст. Соли 2015 Сардори давлат зимни сафари кориашон ба водии Рашт бо маҳсули дастони ҳунармандони ноҳияи Нуробод шинос шуданд. Аз байни миқдори зиёди маҳсулоти ҳунарӣ табақи калони чӯбини усто Тақдир диққати Президенти малакатро ба худ ҷалб кард. Усто Тақдир бо саховати беш табақи чӯбинро ба Пешвои миллат туҳфа кард. Калонҳаҷмии табақ Сардори давлатро ба хулосае овард, ки ин ҳадяи нодирро ба Осорхонаи миллӣ тақдим намоянд. Табақ аз чӯби чормағзи зиёда аз 200- сола сохта шудааст. Инчунин, дар ин сол амсилаи киштӣ, ки ба Президенти кишвар аз Туркия туҳфа шуда буд, ба Осорхонаи миллӣ супурда шуд. Соли 2016 ба хазинаи Осорхонаи миллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат ба миқдори 15 адад ёдгориҳо эҳдо шудаанд. Миёни ин осор хусусан як адад сӯзанӣ бо рамзи 25-солагии Истиқлоли давлатӣ - маҳсули ҳунармандони вилояти Суғд ва 8 адад сози мусиқии миллӣ: ғижжак, соз, дутор, думбра, сетор, дилрабо (сози мусиқии шашқисма), сомон (сози мусиқии чорқисма), сеҷур (сози мусиқии сеқисма) аз санъати баланди муаллифон гувоҳӣ медиҳанд. Соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як адад мусаввараро бо номи “Савганди ҷовидонӣ” (амали рассом Ғ.Х. Ҷӯраев) ва дар арафаи сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухаммедов ба Тоҷикистон боз 3 адад қолинҳои дастбофти туркманӣ, 1 глобус бо тасвири харита ва парчамҳои Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, амсилаи тиллоии сари гург (нусхаи бозёфти таърихӣ), муҷассамаи нуқрагини аспи ахалтекинӣ, сиккаи тилло баробар бо 100 манати туркманӣ, нусхаи ритони портӣ аз шаҳри Нисои қадим, китоби “Наврӯзнома”-ро ба хазинаи Осорхонаи миллӣ эҳдо карданд. Соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат маҳсулоти аввалини корхонаи металлургии шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд - Ҷаъбаи сангӣ ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардидааст. 16-уми ноябри соли 2018 аз ҷониби Президенти мамлакат чархаи аввалини НОБ-и “Роғун” ба истифода дода шуд, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳониро дорост. Вобаста ба ин рӯйдоди муҳими таърихӣ соли 2019 аз ҷониби Пешвои миллат ду адад сиккаи 100- сомонаи нуқрагӣ бо навиштаҷоти “Оғози кори НОБ-и Роғун” ба хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ворид гардид. Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон Эмомалӣ барои инъикоси ин воқеаи таърихӣ дар толори “Истиқлолият”-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон лоиҳаи гӯшаи экспозитсионӣ омода карда шуд. Нигораи марказии гӯшаи мазкур сиккае мебошад, ки тавассути он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътимодии кори чархаи аввалини НОБ-и “Роғун” санҷида шуда буд. Сиккаи мазкур 100 сомонӣ буда, аз нуқраи иёраш 925 зарб зада шудааст. Дар маркази як тарафи сикка Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зери нишон навиштаҷоти “100 сомонӣ”, “Ag 925 31,1g” ва дар атрофи марказ навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Republic of Tajikistan” тасвир ёфтааст. Дар маркази тарафи дигари сикка сарбанди НОБ-и “Роғун” тасвир шуда, дар атрофи ин тасвир навиштаҷоти “Оғози кори НОБ-и “Роғун”, “Launch of Rogun HPP” ва санаи “16.11.2018” ҳаккокӣ шудааст. Соли 2020 аксари давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ 75-солагии Ғалаба бар фашизмро таҷлил намуданд. Пас аз иштирок дар чорабинии бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, аз ҷониби Пешвои миллат ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон 1 адад пистолет-пулемёти Шпагин, 3 адад амсилаи муҷассамаҳои ёдбудии даври Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 3 адад нусхаи санади мағлубияти низомии Германияи фашистӣ ва 1 адад албоми суратҳо бо аксҳои таърихии замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (Берлин. Карлсхорст) туҳфа карда шуданд. Соли 2021. Пешвои миллат ба фонди Осорхонаи миллӣ дойраи калонҳаҷм (қутраш 180 см), маҳсули ҳунари Ҳайдаров Саиднодир, созтарош аз шаҳри бостони Кулобро ба ин даргоҳ ҳадя намуд, ки ҳамаруза аз он тамошобинони зиёд дидан менамоянд. 25-уми октябри соли 2022 аз ҷониби Пешвои миллат ба хазинаи Осорхонаи миллӣ як туҳфа - амали Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров бо номи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пасманзари НБО-и “Норак” ворид гардид. Мусаввараи мазкур дар Рӯзи Президент- 16-уми ноябри соли 2022 ба тамошобинони Осорхона рӯнамоӣ гардид. Ҳамзамон, дар ин сол 3 адад сиккаҳо: сиккаи тиллоии намояндаи сулолаи Ғуриҳо - Сом ибни Муҳаммад (асри XI), сиккаи тиллоии амири Бухоро Абдулаҳадхон (асри XIX), сиккаи тиллои Муҳаммад Хоразмшоҳ (асри XIII), сози мусиқии шашқисма эҳдо гардиданд. Дар соли 2023 то санаи 1-уми ноябр ба хазинаи Осорхонаи миллӣ ба миқдори 2 адад ёдгорӣ: мусаввараи офаридаи рассоми чинӣ Сан Чао Тен - “Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” (андоза 220х184см) ва харитаи Давлати Сомониён (андоза:160х108) ворид шудаанд. Имрӯзҳо дар толори “Ту ҳфаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” аз чунин кишварҳо: Федератсияи Россия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озорбойҷон, Латвия, Афғонистон, Покистон, Эрон, Туркия, Исроил, Чин, Япония, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Индонезия, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Чехия, Словакия, Португалия, Булғористон, Полша ва Фаронса ҳадяҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Дар маҷмуъ, аз соли 1999 то соли 2023 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ ба миқдори 2658 адад ёдгориҳои таърихӣ эҳдо шудаанд. Зафаршо ИБРОҲИМЗОДА,
директори Муассисаи давлатии “ Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.