Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Нақши зан- модар дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ»

Нақши зан- модар дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ»

12-03-2016, 07:50
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
Нақши зан- модар дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ»
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ҳизбӣ шуруъ аз моҳи марти соли ҷорӣ чорабиниҳо зери унвони «Зан – модар олиҳаи дунё» оғоз гардид.

Аз ҷумла дар доираи ин чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молиячӣ»-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон санаи 02- марти соли 2016 зери мавзӯи «Нақши зан- модар дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ» чорабинии васеи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки аҳли илм, омӯзгорон ва ҷавондухтарони фаъоли ҲХДТ доир гардид.

Чорабиниро бо суханони табрикотӣ А.Солеҳзода–ректори Донишкада, раиси КИИ «Молиячӣ» ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, олими нуктасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, деҳқони асил, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.

Ҳамчунин зимни чорабинӣ М.Мадаминова – мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок карда, перомуни қадр ва манзалати зан дар ҷомеаи муосир ибрози андеша намуд.

Дар идомаи чорабинӣ Муборизи Назармад- мутахассиси шуъбаи тарбияи Донишкада, аъзои фаъоли ҲХДТ маърӯза намуда, иброз дошт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд бардошта шуда, занон дар қатори дигар мардони баруманди кишвар дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ба ҳайси роҳбар фаъолият намуда истодаанд. Дар идомаи суҳбаташ қайд намуд, ки барои зан дар ҷомеа пеш аз ҳама соҳиби фарҳангӣ баланди оиладорӣ, хислатҳои шарму ҳаё ва иффати занона будан ҳатмист. Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Модарон ҳамчун чароғи хонавода барои тарбияи фарзанд масъул мебошанд ва танҳо бо меҳру муҳаббат, сухани нарму беолоиш ва пиндори шоистаи модарон фарзандон дуруст ба камол расида, обрӯи оиларо дар миёни хешу табор, аҳли ҷомеа ва берун аз он баланд мебардоранд. Яъне ин гуфтаҳои Пешвои миллат аз он далолат менамояд, ки агар зан-модари тоҷик соҳиби илму маърифат ва фарҳанги баланд бошад, фарзанди ӯ низ бомаърифат ва соҳиби илму маърифат ба воя расида, ба ҷомеаи шаҳрвандии имрӯзаи мо манфиати калон мерасонад.

Зиндагӣ собит намуд, ки зан қудрат дорад сиёсатмадори хуб, табиби ҳозиқ, муҳандиси ботаҷриба ва рӯзноманигори хушсалиқа ва модари ғамхор мебошад. Ба ҳамин маънӣ, Пешвои барҳақамон дар вохӯриҳояшон бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан – модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Пас месазад, ки сазовори ин боварӣ ва дастгирӣ бошад.

Дар охири чорабинӣ барномаи фарҳангию фароғатӣ ва намоиши санъати либосҳои миллӣ ба маърази тамошобинон гузошта шуд, ки ҳама ифодагари арзишҳои миллӣ буда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ҳидоят менамуданд.
Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино А.Муминов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: