Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» доир мегардад22-10-2023, 15:55
Хабарро хонданд: 111 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26-29 октябр дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад. Дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Покистон ва Туркия маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд. Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасониҳои беҳтарин ширкатҳои ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи мамлакат маъруф мебошанд, муаррифӣ мегардад. Намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст. Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо созанд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.