Бишкек: шумори занҳое, ки ба тундгароӣ ҷалб мешаванд, меафзояд11-03-2016, 17:13
Хабарро хонданд: 362 нафар
Назарҳо: 0
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мегӯяд, теъдоди занҳое, ки ба тундгароӣ ҷалб мешаванд, меафзояд.
Вазири ВКД Қирғизистон Мелис Турганбоев дар ҷаласае дар вилояти Ботканди он кишвар гуфтааст, теъдоди занҳои тундгаро дар 10 соли охир бештар шудааст. Синни миёнаи онҳо 22-25 сол аст. Вазир гуфтааст, аз вилояти Ботканд ба Сурия ва Ироқ бештар аз 40 нафар рафтааст, ки то кунун 10 нафари онҳо кушта ва чаҳор кас ба Қирғизистон баргаштааст. Ба иттилои мақомоти он кишвар, теъдоди шаҳрвандони Қирғизистон, ки ба сафҳои тундгароён дар Сурияву Ироқ пайвастаанд, аз 500 нафар бештар аст. Тибқи хабарҳои ғайрирасмӣ, шумори шаҳрвандони Қирғизистон дар Сурияву Ироқ ба бештар аз 1000 нафар мерасад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.