Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои зидди Русияро давом медиҳад

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои зидди Русияро давом медиҳад

11-03-2016, 15:33
Хабарро хонданд: 318 нафар
Назарҳо: 0
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои зидди Русияро давом медиҳад
Сафирони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муқаррароти қатъи дастрасӣ ба дороиҳо ва гирифтани виза барои 146 шаҳрванди Русия ва 37 ширкати ин кишварро тамдид карданд.

Бино бар қарори ИА инҳо афрод ва муассисаҳое ҳастанд, ки аз пайваст кардани Қрим ба Русия соҳиби имтиёз шудаанд ва ё ҷавобгари амалҳои зидди ягонагии қаламрави Украинаанд.

Ба ин рӯйхат муовини нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин, мушовири президенти Русия Сергей Глазев ва таблиғгари асосии Кремл Дмитрий Киселев шомиланд ва акнун таҳримҳо дар нисбати онҳо боз барои шаш моҳи дигар идома хоҳанд ёфт.

Ба рӯйхати муассисоти мавриди таҳримҳ чанд корхона дар Қрим ва ҳамчунин баталонҳои мухталифе шомил шудаанд, ки аз тарафи ҷудоихоҳони русгаро дар шарқи Украина тасъсис ёфтаанд.

Се нафаре, ки ахиран фавтидаанд, аз ин рӯйхат берун карда шуданд. Аз ҷумла, генерал-полковник Игор Сергун, мудири собиқи Сарраёсати кашфи Ситоди кулли ФР, ки ногаҳон дар аввали соли ҷорӣ фавтид, аз ин феҳраст бароварда шуд.

Ин тасмими нав дар охири ҳафтаи ҷорӣ ҳукми қонунро мегирад. Пештар Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки ин кишвар низ таҳримҳои ҳамсони худро идома медиҳад. Таҳримҳои асосии иқтисодӣ нисбати бахши энержӣ ва бонкдории Русия роҳандозӣ шуда, бояд дар охири моҳи июл тамдид шаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: