Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

6-09-2023, 11:30
Хабарро хонданд: 96 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳадШаби 29 ба 30 августи соли ҷорӣ се нафар аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, хати сарҳади Афғонистону Тоҷикистонро дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ба таври ғайриқонунӣ вайрон намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Далели мазкур саривақт аз тарафи сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ошкор гардида, гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид.

Қаламрави масири ҳаракати террористон дар минтақаи наздисарҳадӣ иҳота ва зери назорат гирифта шуд.

Субҳи 5 сентябри соли ҷорӣ, дар лаҳзаи мувофиқ, дастаи зиддитеррористии амниятӣ ҳалқаи иҳотавиро дар макони будубоши террористон маҳдуд сохта, аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ талаб намуд, ки таслим шаванд.

Террористон ба амри кормандони мақомоти амният итоат накарда, аз тамоми намуди силоҳи дар ихтиёрдоштаашон оташ кушоданд.

Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ се нафар аъзои гурӯҳи террористии саропо мусаллаҳ безарар гардонида шуданд.

Маълум карда шуд, ки дар баробари силоҳҳои дар ихтиёри террористон қарордошта, қаблан, аз ҳудуди кишвари ҳамсоя миқдори ҳаҷман калони аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, воситаҳои алоқа барои таъмини террористон интиқол ва дар пинҳонгоҳ ҷой карда шудаанд.

Дар ҷойи ҳодиса ва пинҳонгоҳи махфӣ силоҳ ва муҳиммоти ҷангии зерин дарёфт ва мусодира карда шуданд:

— 5 адад автомати Калашников;

— 2 силоҳи снайперии М-16 (истеҳсоли ИМА);

— 1 карабини М-4 (истеҳсоли ИМА);

— 1 таппончаи тамғаи «JF (ИМА);

— 1 таппончаи «Беретта» (Италия);

— 2 таппончаи СZ Р07 (Чехия);

— 9 норинҷаки дастии Ф-1;

— 4 норинҷаки дастии GP М-67 (бо ҳалқача);

— 22 тирдони автомат Калашников ва АК-7,62;

— 31 тирдони М-16;

— 10 адад тирдони таппонча;

— 448 дона тири 7,62 мм;

— 2 632 дона тири 5.56 миллиметра;

— 477 дона тири таппончаи 9 миллиметра;

— 50 дона тири таппончаи «Глок»;

— 2 адад дурбини автомати М-4;

— 1 адад дурбини шаббини автомати М-16;

— 1 адад асбоби лазерии нишонгири автомати М-4;

— 4 адад садохомӯшкунаки (глушители) автомати М-4;

— 30 адад пластид (маводи таркандаи S-4 (истеҳсоли ИМА)), бо имконоти тахрибии махсусан калон;

— 162 капсул-детонатори тамғаи «Shan»;

— 5 адад воситаи тарконандаи махсус;

— 2 адад таҷҳизоти идоракунандаи фосилавии маводи тарканда;

— 1 рулон таноби оташбар;

— 1 асбоби ченкунии электронии моҳворавии мавқеъ ва масофаи ҷойгиршавии ҳадафи мавриди назар;

— 105 адад батареяҳои электронии қувватдиҳанда;

— 2 соати электронии идоракунии маводи тарканда;

— 1 соати механикии танзимкунандаи маводи тарканда;

— 3 бастаи сими махсус барои пайвастсозӣ ба маводи тарканда (дарозии ҳар кадом ба андозаи 150 метр);

-1 дурбини шаббин;

— 1 дурбини одӣ;

— 4 ратсияи «ICOM» ;

— 2 ратсияи «Кобра»;

— 4 антенаи захиравии ратсия;

— 1 қувватдиҳандаи батарея;

— 5 ноқили USB;

— 1 ноқили AUX;

— 2 микросхема барои идоракунии маводи тарканда;

— 5 флешкорт;

— 10 ҳазор доллари ИМА;

— дору ва воситаҳои тиббӣ;

— адабиёти динӣ-ифротӣ;

— дафтарҳои аъзоёни гурӯҳи террористӣ бо харита, нишонаҳо, рӯйнависҳои тарзи омода кардани маводи тарканда, шаклҳои ҷойгир кардани онҳо дар шароити хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои давлатӣ, макони серодам ва дигар санадҳо.

Дар натиҷаи таҳқиқ, озмоиши маводу ҳуҷҷатҳои мусодирашуда ва ҷасади террористон муайян гардид, ки онҳо аъзои зерини ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мебошанд:

1. Бобоҷонов Зариф Маҳмудҷонович (бо лақаби «Усмон»), зодаи ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара, яке аз саркардагони ташкилоти террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ»;

2. Баҳодуров Фарҳод Башарович (лақабаш «Абу Мусъаб»), зодаи деҳаи Шербегиёни Ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод;

3. Қосимов Аҳтам Султонович (лақабаш «Убайда»), зодаи шаҳри Кӯлоб.

Бояд таъкид намуд, ки нисбат ба аъзоёни гурӯҳи террористии мазкур қаблан бо моддаи 401 эзоҳи 1 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо”) парванда оғоз гардида, номбурдагон дар ҷустуҷӯ қарор доштанд.

Талоши аъзои ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҷиҳати ноором сохтани вазъият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал нест. Қаблан 26 апрели соли ҷорӣ 2 нафар аъзои ин ташкилот бо мақсади анҷом додани актҳои террористӣ хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ба таври ғайриқонунӣ рахна карда, ба хоки Тоҷикистон ворид гардида буданд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ҳарду террорист безарар карда шуданд.

Таҳлил ва арзёбии далелҳои муътамад нишон медиҳад, ки ин амалиётҳои террористӣ аз ҷониби хадамоти махсус мақсаднок тарҳрезӣ шудаанд.

Гурӯҳҳои террористии мазкур таҳти роҳнамоии чунин сохтор омодагии ҷангӣ дидаанд.

Бо силоҳу муҳиммот, маводи тарканда таъмин ва ҳамчунон маблағгузорӣ гардидаанд.

Аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: